Рақобати донишгоҳҳои Тоҷикистон барои дӯхтани ниқобҳои тиббӣ

© Sputnik / Варвара Гертье / Гузариш ба медиабонкИзготовление медицинских защитных масок в цехе
Изготовление медицинских защитных масок в цехе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мақомоти Тоҷикистон хабар дод, ки филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара низ дӯхтани ниқобҳои тиббиро ба роҳ монд

ДУШАНБЕ, 28 апрел – Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Вазорати саноати Тоҷикистон, дар заминаи озмоишгоҳи дӯзандагии кафедраи технологияи саноатӣ ва фанҳои табиии Филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара аз 1-уми апрели соли равон дӯхтани ниқобҳо аз матои пахтагини истеҳсоли ватанӣ бо ҷалби донишҷӯёни ихтисоси тарҳрезӣ ва технологияи маҳсулоти дӯзандагӣ ба роҳ монда шудааст.

Самолет компании Сомон Эйр, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Оғози кумак ба Итолиё: ҳавопаймои “Сомон эйр” бо парвози махсус ниқобҳои тиббӣ бурд

Тибқи иттилои манбаъ, бо ниқобҳои тиббии аз тарафи донишҷӯён дӯхташуда то имрӯз кулли устодону донишҷӯён таъмин гардиданд.

 Манбаъ қайд кардааст, ки дар сурати зарурӣ имконияти зиёд намудани ҳаҷми истеҳсол ва таъмини дигар муассисаю корхонаҳо бо ниқобҳои тиббӣ мавҷуд аст.

Манбаъ зикр кардааст, ки дар ҳоли ҳозир зиёда аз ду ҳазор ниқобҳои тиббӣ дӯхта ва захира карда шудааст.

Ёдрас мешавем, ки чанде пеш донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии шаҳри Бохтар ва Озмойишгоҳи дӯзандагии риштаи фанноварӣ ва тарроҳии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон тавлиди ниқобҳои тиббиро ба роҳ монда буданд.

Лентаи хабарҳо
0