Премьер-министр Кохир Расулзода посетил районы Фархор и Мир Саид Али Хамадони Хатлонской области

Боздиди Қоҳир Расулзода ва Қурбон Ҳакимзода аз заминҳои наздиҳавлигии Амиралӣ Исломов

393
(Таҷдидшуда 19:31 28.04.2020)
Қоҳир Расулзода доир ба истифодаи оқилонаи ҳар ваҷаб замин, афзалият додан ба кишти картошка, зарурати захираи маводи озуқа ва саҳмгузорӣ дар таъмини бозори истеъмолӣ ба масъулин дастур дод

ДУШАНБЕ, 28 апр — Sputnik. Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода бо мақсади ошноӣ бо вазъи корҳои саҳроӣ, истифодаи самараноки заминҳои кишт, раванди корҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ба ноҳияҳои Фархору Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ сафар карданд.

Дар ин бора аз шуъбаи таҳлилию иттилооти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба АМИТ "Ховар" хабар доданд.

Дар хоҷагии деҳқонии «Бахтиёр-01»-и ноҳияи Фархор, ки  дорои 8 гектар замин мебошад, ба сарвазири иттилоъ доданд, ки дар замини мавҷуда кишти зироати кишоварзӣ ва парвариши сабзавоти барвақтӣ дар гармхона ташкил карда шудааст. Ҳамчунин хоҷагии мазкур ба парвариши пахта, картошка ва сабзавот машғул мебошад.

Зимни боздид маълум гардид, ки дар 0,09 гектар гармхонаи доимамалкунанда фаъол мебошад. Дар гармхона кишти бодиринг, помидор ва дигар зироат анҷом дода шудааст.

Кишти пахта дар майдони 6 га ба роҳ монда шуда, дар 1,5 га гандум, 0,4 га юнучқа, 0,2 га картошка кишт шудааст.

Қоҳир Расулзода ва Қурбон Ҳакимзода ҳамчунин аз заминҳои наздиҳавлигии Амиралӣ Исломов, Шарофиддин Бобоев ва хоҷагии деқонии «Навкорам» дар ноҳияи Фархор дидан намуданд.

Дар ҷараёни сафар сарвазир бо хоҷагии деҳқонии "Мақсудҷон"-и Ҷамоати деҳоти "Чӯбек"-и ноҳияи Ҳамадонӣ шинос гардид.

Хоҷагии мазкур дорои 5 гектар замин буда, дар 2 гектари он боғи мевадиҳанда бунёд гардидааст. Кишти пахта дар 2 гектар ба роҳ монда шуда, айни ҳол коркарди агротехникӣ ва нармкунии байни қаторҳо ҷараён дорад. Дар 1 гектар гандум, 0,20 гектар пиёз ва дар қитъаи боқимонда зироати лубиёгӣ, помидор, бодиринг ва дигар сабзавот парвариш ёфта истодаанд.

Дар хоҷагии мазкур 10 нафар саҳмдор фаъолият намуда, дар як мавсим аз замини хоҷагӣ 2-3 ҳосил мерӯёнанд. Ба қавли роҳбари хоҷагӣ Рустам Қосимов, даромади хоҷагӣ дар як сол 40-50 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Қоҳир Расулзода доир ба истифодаи оқилонаи ҳар ваҷаб замин, афзалият додан ба кишти картошка, зарурати захираи маводи озуқа ва саҳмгузорӣ дар таъмини бозори истеъмолӣ ба масъулин дастур дод.

393
Барчаспҳо:
замин, Хатлон, Қоҳир Расулзода
Военный билет. Архивное фото

Боздошти ронандаи Комиссариати ҳарбӣ барои фурӯши билети ҳарбӣ

39
(Таҷдидшуда 12:09 02.06.2020)
Ожонси мубориза бо фасод дар Тоҷикистон аз боздошти Зубайдулло Ҳабибуллоев хабар медиҳад, ки дар фурӯши билети ҳарбӣ муттаҳам мешавад

ДУШАНБЕ, 2 июн – Sputnik. Бино ба иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, Зубайдулло Ҳабибуллоев ронандаи Комиссариати ҳарбии ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд дар фурӯши билети ҳарбӣ муттаҳам мешавад.

Солдат пограничник ГКНБ погранслужба
© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook.

Ба иттилои манбаъ, номбурда санаи 14 апрели соли 2020 бо роҳи фиреб ва суиистифодаи боварӣ аз шаҳрванд Матазимов А.С. барои ба номи писараш-Матазимов Р.А. омода карда додани билети ҳарбии номуносиб ба хизмати ҳарбӣ, маблағи 10000 сомонӣ талаб кардааст.

Манбаъ мегӯяд, Ҳабибуллоев ин маблағро дар ду маврид гирифта тасарруф намудааст.

Гуфта мешавад, дар ин асос нисбати Ҳабибуллоев З.С. бо моддаи 247 қисми 3 банди “а”  Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтиши пешакӣ он идома дорад.

Қаблан ҳолатҳои фурӯши билети ҳарбӣ аз сӯи кормандони комиссариятҳои ҳарбӣ ошкор шуда буд, аммо ин нахустин ҳолат аст, ки аз ҷониби ронандаи комсарият сурат мегирад. 

 

39
Барчаспҳо:
боздошт, Оҷонсии мубориза зидди коррупсия, билети ҳарбӣ, Комиссариати ҳарбӣ, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Тоҷикистон
Охотничье ружье, архивное фото

Тирпарронӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ва маҷрӯҳ шудани як нафар

254
Ҷабридида фавран ба бемористон мунтақил шуд ва феълан дар ҷойи ҳодиса мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз ҳар ду ҷониб тафтишот мебаранд

ДУШАНБЕ, 2 июн – Sputnik. Дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон шаби гузашта тирпарронӣ сурат гирифт. Ба гуфтаи мақомоти қирғиз, афроди номаълум аз сӯи Тоҷикистон ба ҷониби як шаҳрванди Қирғизистон оташ кушодаанд. Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон то ба ҳол қазияро шарҳ надодаанд.

Гуфта мешавад, тирпарронӣ соати 01:30 дақиқа дар деҳаи Эки - Таши вилояти Бодканд рух додааст. 

Афроди номаълум аз ҷониби Тоҷикистон ба сӯйи шаҳрванди 38 - солаи Қирғизистон оташ кушоданд ва ӯро маҷрӯҳ намуданд.

Тирпаронӣ дар марз: КДАМ гуфт, марди қирғиз ҷавонзани тоҷикро паронд

Хадамоти марзбонии Қирғизистон мегӯяд, ронандае,ки самти Ош - Исфана ҳаракат дошт аз тири милтиқи шикорӣ ҷароҳати сабук бардошт ва дар беморхонаи Самарқандак бистарӣ карда шуд.

Дар ҳамин ҳол, шаби гузашта мулоқоти намояндагони пулиси ду кишвар баргузор шуд ва феълан низ гуфтушуниди ҳар ду ҷониб идома дорад. 

Манбаъ меафзояд, айни замон вазъият дар марз мӯътадил аст.

Қаблан, маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон хабар дод, ки соати 11:55-и  27 майи соли 2020 бархилофи созишномаҳои қаблан баимзорасида, шаҳрванди Қирғизистон Бахтибеков Соат, сокини деҳаи Куктоши ҷамоати деҳоти Оқсой ба сӯйи ҷавонзани 25-сола, шаҳрванди Тоҷикистон тир холӣ кард.

Манбаъ аз шаҳрванди тирхӯрдаи Тоҷикистон, Шаропова Шукрона Зуҳурбоевна (Муътабархонуми Зухриддин), соли таваллудаш 1995, истиқоматкунандаи маҳаллаи Қақири Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ ва коргари бригадаи №14-уми тухмипарварии ҳамин маҳалла ном бурд. Шаропова аз қисмати рости баданаш захмӣ шуда буд.

254
Барчаспҳо:
тирпарронӣ, марз, Қирғизистон, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
То кай?: танишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон