Лампы, архивное фото

Барқкушӣ: сокинони кадом навоҳии Душанбе имрӯз бебарқ мемонанд

322
(Таҷдидшуда 12:42 29.04.2020)
Вобаста ба ҳаҷми корҳои таъмирию профилактикӣ дар баъзе мавридҳо қувваи барқ пеш аз муҳлати нишондодашуда пайваст карда мешавад

ДУШАНБЕ, 29 апр — Sputnik. Шабакаи барқтаъминкунии Душанбе бори дигар сокинонро ҳушдор додааст, ки имрӯз низ чанд кӯчаи пойтахт бебарқ мемонанд.

Ҳамин тавр,  бинобар сабаби гузаронидани корҳои таъмирӣ рӯзи 29 апрел, як қисми  кучаҳои ноҳияҳои Сомонӣ ва Фирдавсӣ бебарқ мемонанд.

"Аз соати 09:00 то 16:00 дар кӯчаҳои  Амиршоев, Фирдавсӣ - 95 ва маҳаллаи Гулбутта бебарқ мемонанд", - омадааст дар иттилои манбаъ.

Тавре Шабакаи барқии Душанбе меафзояд, вобаста ба ҳаҷми корҳои таъмирию профилактикӣ дар баъзе мавридҳо қувваи барқ пеш аз муҳлати нишондодашуда пайваст  карда мешавад.

Чаро барқро мекушанд? Шикоятҳои мардум ва шарҳи “Барқи тоҷик”

Пештар Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯи "Барқи тоҷик" ба Sputnik Тоҷикистон гуфта буд, далели ирсоли ҳамчунин барқия ба шабакаҳои ширкат дар саросари кишвар афзудани шикоёти мардум аз қатъ шудани барқ аст.

Вай афзуд, шабакаҳо ба мардум бояд фаҳмонанд, ки ягон маҳдудият ё камбуди барқ дар кишвар набуда, он чӣ анҷом мешавад, тибқи нақша ва амри зарурӣ аст.

322
Барчаспҳо:
ноҳия, барқ, Душанбе

Аз се беморхона дутоаш холӣ мешаванд: коҳиши шумораи гирифторони коронавирус дар Ваҳдат

11
Дар як беморхонаи шаҳри Ваҳдат шумораи ками беморони сироятёфта аз ин вируси навъи нав боқӣ мемонанд

ДУШАНБЕ, 30 май – Sputnik. Шумораи сироятёфтагони ин вирус дар Ваҳдат ба маротиб коҳиш ёфта, беморхонаҳо ба ҳолати муқаррарӣ бармегарданд, гузориш медиҳад "Ховар".

Гуфта мешавад, гуруҳи корӣ таҳти роҳбарии муовини нахуствазир Ширин Исматуллозода бо мақсади таҳлили  ҳолати воқеии  пешгирӣ ва табобати бемории коронавируси навъи COVID-19 ба шаҳру навоҳӣ ба сафар баромада, нахуст ба Ваҳдат рафтаанд.

Дар доираи ин сафар имрӯз дар шаҳри Ваҳдат таҳти роҳбарии  Ширин Исматуллозода ҷаласаи корӣ доир гардид, ки дар он раиси шаҳр, сардухтур, роҳбарони марказҳои саломатӣ, маркази санитарӣ- эпидимиологӣ ва дигар масъулин иштирок намуданд.

"То рӯзи душанбеи ҳафтаи оянда аз се беморхонаи шаҳри Вахдат, ки барои қабули беморони COVID-19 пешбинӣ шуда буданд, дутоаш пурра холӣ шуда, ба ҳолати муқаррарӣ бармегарданд", - зикр гардидааст дар ин ҷаласа.

Гуфта мешавад, дар як беморхонаи ин шаҳр шумораи ками беморони сироятёфта аз ин вируси нав боқӣ мемонанд.

Дар Тоҷикистон то соати 17:20 дақиқаи 29 май 3686 нафар бо ташхиси сирояти коронавируси нави COVID-19 ошкор гардида, аз ин беморӣ то кунун дар мамлакат 1769 нафар шифо ёфтаанд.

Даргузашти Каромат Шарипов аз сактаи қалб дар Ваҳдат

Шумораи фавтидагонро аз ин вирус Вазорат 47 нафар мегӯяд. Тоҷикистон аз бурузи коронавирус дар ҷумҳурӣ 30 апрел хабар дод.

11
Учения спасательного отряда в водоеме, архивное фото

Боди шадид духтари 11-соларо дар дарёи Сурхоб ғарқ кард

19
(Таҷдидшуда 16:49 30.05.2020)
Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон аз ғарқ шавии ноболиғи 11-сола дар дарёи Сурхоб хабар медиҳад

ДУШАНБЕ, 30 мая — Sputnik. Ҷасади Зулайхои 11-сола, ки шаби 27-уми май аз хона баромада бедарак шуда буд, нисфирўзии дирўз дар соҳили дарёи Сурхоб, дар деҳаи Навободи поёни ҷамоати деҳоти Зафари ноҳияи Фархор пайдо шуд.

Баъди муайян кардани шахсияти ҷасад ўро ба волидонаш супурданд.

Маврид ба ёдоварист, ки шаби 27-уми май, тахминан соати 22:00, ки дар ноҳияи Восеъ боди шадид мевазид ва раъду барқ осмонро гоҳ рушану гоҳ торик мекард,  сокини 11-солаи ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳия  аз хона баромад ва дигар касе намедонист ӯ куҷо рафтааст. Волидонаш ҳадс мезаданд, ки ӯ дар дарёи Сурхоб ғарқ шудааст. 

Ба ҷои ҳодиса гурӯҳи наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар минтақаи Кулоб дар ҳайати 12 нафар ҳамроҳ бо кормандони ШВКД-и ноҳия ва сокинони деҳа сафарбар шуда буданд ва ҷустуҷӯи ӯро оғоз карданд. Вале ин кофтуков он рўз натиҷа надо два дирўз аз сари субҳ кофтуков оғоз гардид ва ҳоло ҷасад ба волидонаш супурда шудааст.

19
Барчаспҳо:
ҷасад, пайдо, ғарқшавӣ, Тоҷикистон