Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон на заседании правительсва

Аз коронавирус то кишоварзӣ: Маҷлиси Ҳукумати Тоҷикистон баргузор гардид

3628
(Таҷдидшуда 19:06 30.04.2020)
Эмомалӣ Раҳмон барои пешгирии коронавирус, иҷрои тадбирҳои санитарию гигиенӣ, тамизкунии кӯчаю хиёбон, иншоотҳо, манзилҳои зист, баргузор кардани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни мардум ба масъулин дастуру супоришҳои қатъӣ додааст

ДУШАНБЕ, 30 апр – Sputnik. Имрӯз, 30 апрел таҳти раёсати Раиси Ҳукумат Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.

Бино ба гузориши котиботи раисиҷумҳур, дар кори маҷлис нахуст оид ба ҷараёни иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Барномаи ислоҳоти кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020” ҳисоботи вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Амонулло Салимзода шунида шудааст.

Таъкид гардид, ки дар давоми солҳои 2012-2019 аз буҷети давлатӣ дар доираи барномаҳои соҳавӣ ҳамагӣ 207 миллион сомонӣ ва бо ҷалби сармоягузории давлатии хориҷӣ 840 миллион сомонӣ равона гардид.

Дар натиҷаи ҳамкорӣ бо мақомоти марбута оид ба татбиқи тадбирҳои мақсадноки Барнома дар соли 2019 ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ ба 27, 7 миллиард сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба соли 2012 9,1 миллиард сомонӣ зиёд мебошад.

Аз рӯи нишондодҳо бармеояд, ки ҳоло ҳам иқтидорҳои агросаноатии кишвар баҳри таъмини амнияти озуқавории ҷумҳурӣ пурра истифода нагардида истодааст.

Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати ҷумҳурӣ, вазорати кишоварзӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дастур дод, ки ҷиҳати татбиқи босамари Барномаи ислоҳоти  кишоварзии  Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020 ва дигар супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои мушаххас андешида, аз ҳамаи имкониятҳо пурсамар истифода баранд.

Дар бораи Барномаи кафолатҳои давлатӣ оид ба таъмини аҳолӣ бо кумаки тиббию санитарӣ дар шаҳру ноҳияҳои таҷрибавии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2022, Дар бораи Барномаи давлатии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ барои солҳои 2021-2025, Дар бораи Қоидаҳои қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дар бораи Нақшаи генералии шаҳри Гулистони вилояти Суғд шахсони масъул гузориш додаанд.

Аъзои Ҳукумати млоиҳаҳои Қонун “Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон”,  “Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи суғуртаи ҳатмии масъулияти гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёт”, “Дар бораи муқовимат ба коррупсия” ва пешниҳоди хулосаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва ба лоиҳаи Қонун  “Дар бораи сиёсати давлатии гендерӣ”-ро баъди муҳокима барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод кардаанд.

Дар охири кори маҷлис раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати кишвар ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ оид ба вусъати корҳои ободониву бунёдкорӣ бахшида ба ҷашни 30 — солагии истиқлолияти давлатӣ, кишту кори баҳорӣ, кишти такрорӣ, барои рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ, аз ҷумла пешгирии хавфи омадани сел ва обхезиҳо доир ба тезонидани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ, тозаю озода кардани муҳити зист ва дар сатҳи зарурӣ доир кардани маъракаи зимистонгузаронӣ супоришҳои мушаххас додааст.

Барои пешгирии бемориҳои сироятӣ, бахусус коронавирус, иҷрои тадбирҳои санитарию гигиенӣ, тамизкунии кӯчаю хиёбон, иншоотҳо, манзилҳои зист, баргузор кардани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни мардум барои риояи қоидаҳои гигиенаи шахсӣ ва иҷрои маслиҳатҳои мутахассисони соҳаи тиб, дастуру супоришҳои қатъӣ дода шуд.

3628
Барчаспҳо:
Ҳукумат, Маҷлис, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (489)
Женщина в защитной маске на улице города Душанбе

Афзоиши гирифторони COVID - 19 дар Тоҷикистон: ба 4,3 ҳазор наздик шуд

221
(Таҷдидшуда 19:31 04.06.2020)
Вазорати тандурустии Тоҷикистон омори нави мубталоёни коронавирус дар кишварро барои имрӯз  4 июн нашр кард

ДУШАНБЕ, 4  июн — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии Вазорати тандурустии кишвар давоми шабонарӯзи ахир 98 ҳолати нави гирифторони коронавирус ба қайд гирифта шудааст.

Тибқи маълумот  то имрӯз 4 июн, шумораи умумии беморони коронавирус дар ҷумҳурӣ ба 4289 нафар расид.

Ҳамзамон, дар давоми як рӯзи охир, табибон тавонистанд 54 беморро табобат кунанд.

Сар аз оғози эълони ин бемори дар кишвар то кунун  2 401 нафар шаҳрвандон шифо ёфтанд.

Инчунин то имрӯз, 1418 сокин дар беморхона таҳти назорати кормандони тиббӣ қарор доранд.

Вазорати тандурустӣ гуфтааст,  давоми шабонарӯзи охир аз коронавирус ҳеҷ кас нафавтидааст. Теъдоди қурбониён то имрӯз аз  ин беморӣ дар кишвар ба  48 нафар мерасад.

Ин ниҳод афзудааст, ки ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ мешаванд ва дар ин лаҳзаҳои ҳассос аз тамоми сокинони кишвар даъват ба амал оварда мешавад, ки ҷиҳати пешгирии сирояти мазкур пеш аз ҳама, қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя намоянд, зеро, дар урфият беҳуда нагуфтаанд, ки табиби ҳар шахс худи ӯст.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, рӯзи 30-уми апрел нахустин бор аз гирифтории 15 сокини кишвар ба бемории коронавирус хабар дода буд.

221
Открытие нового здания хирургии в районе Шахристан, архивное фото

Хушхабар: Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерология дар Душанбе аз маризони COVID - 19 орӣ шуд

472
Тамоми маризони COVID -19, ки дар Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерология дар шаҳри Душанбе бистарӣ буданд, шифо ёфта мураххас шуданд

ДУШАНБЕ, 4 июн — Sputnik. Вазорати тандурустии Тоҷикистон аз орӣ шудани Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерология дар шаҳри Душанбе аз маризони коронавирус хабар дод.

Ба иттилои манбаъ, ҳамаи маризони коронавирус, ки дар ин беморхона бистарӣ буданд, шифо ёфта ба хонаҳои худ баргаштанд.  

Ду донишҷӯи тоҷик мубталои коронавирус шуда, ба бемористон бистарӣ шуданд

Зимнан, вазорат таъйид намудаст, ки дар чанд рӯзи ахир қисме аз муассисаҳои тандурустӣ, ки  муддати муайян дар онҳо беморони гирифтори коронавирус табобат мегирифтанд, ба фаъолияти муқаррарӣ баргаштанд.

"Муассисаи давлатии "Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои дил" ва Маркази бемориҳои урологӣ, воқеъ дар Муассисаи давлатии Маркази миллии тиббии Тоҷикистон "Шифобахш" ва бахши таваллудхонаи Муассисаи давлатии Маҷмааи тандурустии "Истиқлол", ки ба муоинаву муолиҷаи гирифторони бемории коронавирус машғул буданд,  ба фаъолияти муқаррарии корӣ баргардонида шуданд", - таъкид мешавад дар хабар.

Манбаъ меафзояд, ҳоло  дар аксар минтақаҳои мамлакат, бахусус дар шаҳри Душанбе ҳолатҳои сироятёбии сокинон аз бемории  COVID-19 то андозае поён рафта, ҳамзамон муроҷиати шаҳрвандони мамлакат низ ба муассисаҳои тиббӣ бо нишонаҳои сироятёбӣ аз коронавирус кам шудааст.

Мутахассисони соҳаи тандурустӣ бар он назаранд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон давраи авҷи сироятёбии сокинон ба бемории COVID-19 паси сар шудааст.

472
Барчаспҳо:
маризон, бемористон, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (489)
Ҳавопаймои Ютайр, акс аз бойгонӣ

Оғози фурӯши чиптаҳо: аз шарҳи мақомоти Тоҷикистон то Росавиатсия

277
(Таҷдидшуда 20:06 04.06.2020)
Ширкатҳои ҳавопаймоии Русия - Utair ва "Уралские авиалинии" дар сомонаҳояшон ба фуӯши чиптаҳо дар масири Маскав – Душанбе ва баръакс оғоз карданд

ДУШАНБЕ, 4 июн — Sputnik. Санаи чиптаи парвозҳо миёни Русия ва Тоҷикистон баъди 30 июн нишон дода шудааст. Аммо расман мақомоти умури хориҷии Русия ва Тоҷикистон дар бораи аз сар гирифтани парвозҳо миёни ду кишвар ҳеч иттилое ироа надодаанд.

Sputnik Тоҷикистон талош кард ба масъалаи оғози парвозҳо миёни Тоҷикистону Русия рӯшанӣ андозад

Ожонси ҳавонавардии мулкии Тоҷикистон сарусадо дар бораи оғози парвозҳои мунтазамро бепоя хонда, таъкид намудаст, ки парвозҳои мунтазам миёни ду кишвар баъди ба эътидол омадани вазъи марбути COVID-19 ва эълони расмии мақомоти ду кишвар аз сар гирифта мешаванд.

Ожонси ҳавонавардии Тоҷикистон аз шаҳрвандон хост, аз хариди чиптаҳо худдорӣ кунанд ва эълон дар бораи оғози парвозҳо расман ироа хоҳад шуд.

Мақомоти Росавиатсия низ масъалаи фурӯши чиптаҳо дар масири Тоҷикистону Русияро шарҳ доданд.

“Ҳеч иттилое дар бораи оғози парвозҳо мутаассифона рӯи даст надорем, мутаносибан чизе барои шарҳ нест. Ширкатҳои ҳавопаймоӣ – субъектҳои хоҷагидори алоҳидаанд, ки фаъолияташонро мустақилона пеш мебаранд”,  - изҳор дошт манбаи наздик ба Росавиатсия.

Сафорати Русия дар Тоҷикистон низ таъкид кард, ки феълан танҳо парвозҳои махсус барои берун овардани шаҳрвандон роҳандозӣ мешаванд, ки аризаашон тариқи Пойгоҳи ягонаи хизматрасонии давлатӣ ворид мешаванд.

“Фурӯши озоди чиптаҳои ҳавопаймоӣ аз ҷониби ширкатҳо барои парвозҳои махсус аз Тоҷикистон истисност. Таъкид мекунем, ки феҳрасти парвозҳои махсус барои берун овардани шаҳрвандони Русия аз Тоҷикистон аз ҷониби мақомоти дахлдор то санаи 12 июн мувофиқа шудааст”,- хабар доданд дар сафорати Русия дар Тоҷикистон.

Сафорат қотеона аз шаҳрвандон хоҳиш кардааст, барои хатсайрҳо аз Тоҷикистон ба Русия, ки шомили парвозҳои махсус нестанд, чипта нахаранд.

Ин ниҳод таъкид кардааст, ки шаҳрвандон дар масъалаи парвозҳо танҳо ба маълумоти расмӣ, ки тариқи Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон ва сафорат дар Маскав ироа мешавад, такя намоянд.

Sputnik Тоҷикистон барои шарҳи фурӯши чиптаҳо ба хадамоти матбуоти  ширкатҳои ҳавопаймоии Utair  ва "Уралские авиалинии" дархост ирсол кард.

277
Барчаспҳо:
ҳавопаймо, парвоз, Тоҷикистон