Сарбозони 100 – солаи ҶБВ аз Тоҷикистон: кӣ 75 – умин солгарди Ғалабаро ҷашн мегирад?

© Sputnik / Евгения Новоженина / Гузариш ба медиабонкГеоргиевская ленточка, архивное фото
Георгиевская ленточка, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳоло 176 сарбози Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон ба марраи 75 – солагии Ғалаба бар фашизми олмонӣ расиданд

ДУШАНБЕ, 2 май — Sputnik. Тибқи феҳристе, ки Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати Тоҷикистон дар ихтиёри Sputnik Тоҷикистон қарор дод, дар вилояти Суғд – 48, Хатлон – 63, Душанбе – 29, навоҳии тобеъи марказ – 34 ва Вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон – 2 ширкаткунандаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар ҳоли ҳозир зиндагӣ мекунанд.

Парад Победы 9 мая в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Шубҳа дар омори Ҷанги Бузурги Ватанӣ: теъдоди тоҷикҳо бештар буд

Бузургсолтарини онҳо Отақул Бӯстонқулов аст, ки 12 январи соли 1912 дар ноҳияи Данғара таваллуд шуда, ҳоло дар шаҳри Душанбе зиндагӣ дорад. Ҳамсоли ӯ Рашид Каримов, сокини деҳаи Шоҳамбарии ноҳияи Ҳисор 9 майи соли 1912 таваллуд шудааст.

Отақул Бӯстонқулов дар як сӯҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, дар асл ӯ мутаваллиди соли 1908 буда, ҳоло 112 сол дорад.

Ҷавонтарини собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон Абдулло Сулаймонов,  мутавваллиди 1 июли соли 1927 ва сокини деҳаи Тошохӯри ноҳияи Ёвон аст. Бино ба ин феҳрист, 9 нафари дигари онҳо миёни солҳои 1916 то 1919 таваллуд шуда, синнашон аз 100 гузаштааст.

  • Холбобо Ҳусанов,  сокини деҳаи Қурбонкӯсаи шаҳри Турсунзода, 17 марти 1916
  • Раҳмат Қаландаров, сокини деҳаи Навободи ноҳияи Ёвон, 10 июни 1917
  • Махсум Наботов, сокини кӯчаи Маяковскийи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, 23 феврали 1918
  • Шариф Ғафуров, сокини ҷамоати деҳоти Ҳайдар Усмонови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, 7 январи 1919
  • Дӯст Умаров, сокини деҳаи Қандаки шаҳри Роғун, 7 майи 1919
  • Қумриддин Таваров, сокини кӯчаи Шодии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, 15 июни 1919
  • Одина Каримова, сокини кӯчаи Испечаки ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, 1 июли 1919
  • Раҳмонқул Иброҳимов, сокини деҳаи Пахтачини ноҳияи Фархор, 1 июли 1919
  • Охон Самадов, сокини деҳаи Нефтободи ноҳияи Исфара, 22 сентябри 1919

Инчунин 11 нафари дигар мутаввалиди соли 1920 буда, имсол синни мубораки 100 ё якасрагии хешро қайд кардаанду хоҳанд кард.

  • Ҳайдар Ҳалимов,  сокини кӯчаи Федини ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, 1 январи 1920
  • Ҳайитбой Ҳакимов, сокини деҳаи Навободи шаҳри Истаравшан, 1 январи соли 1920,
  • Ҷумъа Тағоев, сокини Ф. Саидови шаҳри Бохтар, 3 январи соли 1920
  • Батош Норбутаев, сокини деҳаи Долонсойи шаҳри Турсунзода, 7 марти соли 1920
  • Хайриддин Насриддинов, сокини кӯчаи Борбади ноҳияи Фирдавсӣ, 9 майи 1920
  • Малах Гулов, сокини кӯчаи Энергетикҳо, шаҳри Норак, 13 июли соли 1920
  • Холмурод Қурбонов, сокини кӯчаи Гулистони ноҳияи Шаҳринав, 20 июли 1920
  • Қурбон Халифаев, кӯчаи Хоруғи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, 22 сентябри 1920
  • Дастур Мансуров, сокини деҳаи Қурғонча ноҳияи Ҷаббор Расулов, 10 декабри 1920
  • Ҳомид Бобоев, сокини деҳаи Ваҳдати ноҳияи Кӯшониён, 20 декабри 1920
  • Николай Голиков, сокини кӯчаи Ломоносови ноҳияи Сино, 27 декабри 1920

Рӯзи 13 январи соли равон Рабига Малинина, охирин зане, ки иштирокчии ҶБВ буду дар шаҳри Хуҷанд, маркази вилояти Суғд зиндагӣ мекард, дар синни 94 - солагӣ тарки олам намуд.

Медали ветерана ВОВ - Sputnik Тоҷикистон
4 000 сомонӣ идпулӣ: қадршиносии ҳукумати Суғд аз иштирокчиёни ҶБВ

Ҳоло бино ба феҳристи Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати Тоҷикистон, Рашида Нургалиева, мутаваллиди 13 марти 1923, сокини кӯчаи Нусратулло Махсуми шаҳраки Шаҳринав, Даря Кабутова, мутаваллиди 28 марти соли 1924 дар шаҳраки Дӯстии ноҳияи Ҷайҳун ва Лиокадия Ковтун, мутаваллиди 8 январи соли 1926, сокини кӯчаи Абдураҳмони Ҷомии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе зиндаву сари ҳол буда, бори 75 – ум пирӯзӣ бар фашизмро ҷашн хоҳанд гирифт.

Тибқи додаҳои бойгонии Ҳизб коммунисти Тоҷикистон, дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941 – 1945) ҳудуди 250 ҳазор сарбозу афсари кишвар ва ҳамчунин 45 ҳазор коргари ақибгоҳ ширкат кардаанд. Аз ин теъдод, беш аз 100 ҳазор нафар ба хона барнагаштанд. Беш 56 ҳазор аз сокинони Тоҷикистон бо нишону медалҳои ҷангӣ қадрдонӣ шудаанд. Ба 55 тан аз онҳо унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ дода шудааст.

Лентаи хабарҳо
0