Продажа газет, архивное фото

Муроҷиати Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон: ҳама аз як гиребон сар барорем

504
(Таҷдидшуда 19:22 02.05.2020)
Шӯрои воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон аз мақомоти масъули давлатӣ ва ҷомеаи рӯзноманигорӣ хостааст, ки ҳамагӣ аз як гиребон сар бароварда, ҷиҳати паст кардани шиддати бемории коронавирус ва наҷоти ҳарчи бештари мардум, кӯшишҳои дастаҷамъона анҷом дода шаванд

ДУШАНБЕ, 2 май — Sputnik. Таъсиси Маркази матбуот бо ҷалби мутахассисони риштаҳои дахлдор ва роҳбарии рӯзноманигори ҳирфаӣ дар назди Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус - КОВИД-19, ки таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат амал дорад, аз тасмимҳои таъхирнопазири мақомоти давлатӣ бояд бошад, таъкид кардааст Шӯро.

Дезинфекция
© Sputnik / Антон Подгайко

“Ин Маркази матбуот нақши робита бо ҷомеаро низ бояд дошта бошад, ки ҳаррӯза тавассути шабакаҳои ТВ-и кишвар аз вазъи ҷорӣ ва амалкардҳои Ситоди ҷумҳуриявӣ хабар дода, вокуниш ва робитаи мардумро бо Ҳукумат таъмин намояд”, - омадааст дар муроҷиатнома.

Дар ин замина, Шӯрои воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон ба вазорату идораҳои масъули кишвар, бахусус Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намуда, хоҳиш намудаст, ки фаъолияти бахши иттилоотии худро тақвият диҳанд.

Дар ҳамоҳангӣ бо Ситоди ҷумҳурявӣ ба ҷомеа ахбори саҳеҳро дар мавриди вазъи баамаломада ва тадбирҳое, ки андешида мешаванд, саривақт дастрас намоянд, то дар расонаҳои дохилу хориҷи кишвар, сомонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ боиси паҳн шудани гумону тахминҳои ғалат нагардад, зеро ҳаргиз ба манфиати давлат ва ҷомеа нест.

Шӯро зикр намудааст, ки дар масъалаи ҳамкорӣ бо рӯзноманигорон ба фосилагирӣ ва фурсатталабӣ роҳ дода нашавад. Таъкид гардидааст, ки ҷомеаи рӯзноманигории кишвар яке аз сутунҳои устувори ҷомеаи шаҳрвандӣ буда, тайи чанд моҳи охир собит намуд, ки тамоми нерӯ ва иродаи худро ҷиҳати бартараф намудани шиддати ин беморӣ ва дастгирии давлату ҷомеа равона намудааст.

“Ҳамчунин, мо дар шароити баамаломада, таъсис ва роҳандозии як пойгоҳи иттилоотии мутамарказеро, ки фаъолияти шаффоф ва шаборӯзӣ дорад, зарур ва ба нафъи кор медонем”, - омадааст дар муроҷиатнома.

Шӯрои Воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон аз ҷомеаи рӯзноманигории ватанӣ ҳам хоҳиш менамояд, ки ҳангоми нашру паҳн кардани иттилоъ аз сарчашмаҳои муътамад кор гиранд, аз паҳн шудани ахбори нодуруст ва беэътимод ҷилавгирӣ намоянд, то боиси эҷоди ваҳму изтироб дар ҷомеа нагардад.

504
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

Раҳмон гуфт, дар даҳ сол барои рушди Хатлон чӣ қадар пул масраф шудааст

21
Раисҷумҳури Тоҷикистон ахиран дар ноҳияи Данғара дар муоқот бо сокинони вилояти Хатлон таъкид дошт, ки мақомот барои рушди иҷтимоиву иқтисодии вилоят дар давоми даҳ сол наздик ба 20 миллиард сомонӣ равона кардааст

ДУШАНБЕ, 30  май — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон таъкид дошт, ки ҳукумати кишвар ба рушди соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии вилояти Хатлон ҳамчун яке аз минтақаҳои калонтарани саноатию кишоварзӣ ҳамеша таваҷҷуҳи хосса зоҳир мекунад, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раисҷумҳур.

Вай афзуд, ки дар даҳ соли охир аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ барои рушди иҷтимоиву иқтисодии вилоят қариб 20 миллиард сомонӣ равона шудааст, ки 80 фоизи он аз ҳисоби буҷети давлатӣ мебошад.

Раҳмон тасвиб кард: то 2021 дар тамоми шаҳру навоҳӣ беморхонаи сироятӣ бунёд мешавад

Инчунин вай афзуд, татбиқи барномаҳои пешбинишуда имкон додааст, ки сатҳи камбизоатӣ дар вилоят аз 50,2 дарсад соли 2009 ба 32,7 фоиз дар соли 2019 коҳиш дода шавад.

“Бо назардошти он ки иқтидорҳои мавҷуда дар вилояти Хатлон ҳанӯз ба таври кофӣ истифода нашуда истодааст”, - гуфт Эмомалӣ Раҳмон.

Дар ҳамин ҳол, раисҷумҳур роҳбарони вилоят ва шаҳру ноҳияҳои Хатлонро вазифадор намуд, ки якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор дар асоси таҳлили ҳамаҷониба ва бо дарназардошти ҳадафҳои стратегии кишвар дар самти таҳияи барномаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодӣ барои солҳои минбаъда тадбирҳои зарурӣ андешанд ва бо ҷалби сармояи мустақим сарчашмаҳои маблағгузории лоиҳаҳоро дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд ва сармоягузорону соҳибкорони ватаниву хориҷӣ дарёфт намоянд.

Инчунин, Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки дар даврони истиқлол дар вилоят 531 корхонаи нави саноатӣ бунёд гардида, аз 75 корхонаи саноатии соли 1991 ба 606 корхона дар соли 2020 расонида шудааст.

“Танҳо тайи шаш соли охир дар ҳудуди вилоят 291 корхонаву коргоҳҳои саноатии нав бо 6900 ҷойи нави корӣ таъсис дода шудааст”, қайд кард раисҷумҳур.

Вай афзуд, имрӯз шумораи кормандон дар корхонаҳои саноатии вилоят нисбат ба соли 1991 ду баробар зиёд мебошад, аммо ин нишондиҳанда ҳамагӣ 2,8 фоизи шумораи умумии аҳолии дар иқтисодиёт машғулбудаи вилоятро ташкил медиҳад.

Дар корхонаҳои саноатии вилоят танҳо 90 намуди маҳсулот истеҳсол мешавад, ки ҳанӯз қонеъкунанда нест.

21
Барчаспҳо:
Эмомалӣ Раҳмон, Раисҷумҳур, иҷтимоӣ, иқтисод, рушд, мақомот, Хатлон, Данғара, Тоҷикистон
Город Душанбе, архивное фото

“Мавҷи дуюм”–и шуюъи вируси корона дар Тоҷикистон: мешавад ё не?

663
(Таҷдидшуда 15:18 30.05.2020)
Коҳиши якбораву ғайримунтазираи гирифториву фавт аз “вируси корона” дар Тоҷикистон гуфтугузорҳо дар бораи “мавҷи дуюм” – и шуюъи ин маризиро афзуда, идомаи қарантинаи эъломношуда мақомот ва сокинонро дудила кардааст

ДУШАНБЕ, 30 май — Sputnik, Фахриддин Холбек. Бар оташи дудилагиҳои ҷомиаву мақомоти Тоҷикистон ин воқеиятҳо равған мерезанд, ки дар кишварҳои ҳамсоя низ иттифоқоти ғайримунтазирае дар ҷараёнанд.

Аз ҷумла Чин, хостгоҳи "вируси корона" ва аввалин кишваре, ки озодиашро аз ин маризӣ эълон кард, дубора аз шуюъ ва ҳатто қарантинаи ҳудуди 100 миллион нафар хабар дод. Ӯзбекистон, ки ба назар мерасид, корзорҳои зидди "вируси корона" – ро ба охир расондааст, дигарбора шоҳиди мавориди ҷамъии гирифторӣ дар қаламраваш шуд ва қарантинаи саросариро тамдид кард.

Таҳаввулоти ҷолибтареро ҳамсояи дигари Тоҷикистон – Афғонистон таҷриба мекунад, ки 24 феврал, тақрибан 20 рӯз қабл аз Ӯзбекистон аввалин мавриди гирифторӣ ба "вируси корона" – ро сабт карда буд. Ҳатто теъдоди гирифторон дар Афғонистон, ки то 1 май бамаротиб камтар аз Ӯзбекистон буд, ҳоло марзи 13,5 ҳазорро гузашта, нозирони аҳвол дар кишвар аз як фоҷиаи сиҳӣ суҳбат мекунанд.

Зоҳиран, ин таҳаввулот мақомоти зидахл ва мутахассисини Тоҷикистонро ба андеша водор кардааст ва касе пешбинӣ карда наметавонад, ки оё "мавҷи дуюм" шуданист ё хайр? Суоли беҷавоб Ҳакима Ахмедова, сармутахассиси бемориҳои шуши вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, дар гузашта мудири шуъбаи риёшиносии Маркази миллии тиббии Тоҷикистон, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ин мавзуъро бо мутахассисони кишварҳое, ки таҷрибаи бештари мубориза бо "вируси корона" – ро доранд, аз қабили Русия, Амрико, Чин ва дигарон матраҳ карда, аммо посухи дақиқ нагирифтаанд.

"Дуюм чизе, ки ҳоло таҳти омӯзиш қарор додаем, онҳоеанд, ки як бор мариз шуда, сиҳат ёфтаанд, аммо чанд рӯз пас дигарбора тасф кардаанд. Чаро чунин шуд? Оё табобат ниҳоӣ нашудааст, ё чӣ? Ба мо ҳадди ақал аз ҳамчунин як маврид гузориш шудааст. Аммо дар умум ҳеҷ далеле барои пеш омадан ё наомадани "мавҷи дуюм" надорем. Намешавад гуфт, ки кай ва чӣ тавр мешавад", - гуфт Ҳакима Ахмедова.

Намуна Мустафоқулова, мудири кафедраи маризиҳои дарунии Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино, мегӯяд, гирифторӣ ба "вируси корона" вобаста ба масъуният ё иммунитети одам аст. Ӯ дар мисоли маризии диққи нафас мегӯяд, ҳеҷ гоҳ наметавон гуфт, ки ин маризӣ низ сад дар сад сиҳат меёбад, зеро боз дар ҳоли тамос бо барангезандаи худ аз нав хуруҷ хоҳад кард.

"Вируси корона" – ро ҳатто одамони солим доранд

Аммо агар масъунияти ин афрод ҳам паст шавад, аз гирифторӣ ҷои фирор надоранд. Мисоли дигар, сил маризии гузаранда аст ва ба онҳое мегузарад, ки масъунияти паст доранд. Вақте Шумо бозор рафта, сабзавот, мева ё чизҳои дигарро харидорӣ мекунед, аз куҷо медонед, ки дар онҳо "чӯбчамикроби Кох" – барангезандаи сил нест?

Эҳтимоли сироятёбӣ ҳама ҷо вуҷуд дорад. "Вируси корона" ҳам чунин аст. Аз ин хотир, устуворона гуфтани ин, ки шуюъ ё "мавҷи дуюм" мешавад ё намешавад, гапи беҳуда аст", - гуфт Намуна Мустафоқулова.

Чашм нарасад...

Дар ҳамин ҳол, ҳамсӯҳбатони мо, ки мустақим дар мудирияти буҳрони "вируси корона" дар Тоҷикистон саҳм доранд, инро, ки дар шифохонаҳо теъдоди маризон коҳиш меёбад, таъйид мекунанд. Оморе, ки вазорати тандурустӣ дар бораи гирифториву фавт ва шифоёбии маризон ҳамарӯза дар ихтиёри ҷомиа мегузорад, низ ривоят аз дурнамои хушбинонае дорад.

Теъдоди мавориди мусбат, ба гунаи мисол, аз 204 мавриди 20 май ба 123 мавриди 29 май поён омада, то ба имрӯз аз 3686 гирифтори ин маризӣ дар кишвар 1769 кас шифо ёфта, 47 нафар ҳам фавтидаанд ва 1870 нафар ҳанӯз таҳти табобатанд. Тибқи омор, 29 май 331 нафар шифохонаҳоро тарк кардаанд ва агар ин тамоюл идома кунад, рӯзҳои башуморе мондаанд, ки дар шифохонаҳои Тоҷикистон маризе боқӣ намонад.

Ҳакима Аҳмедова мегӯяд, эҳтимол дорад то ҳафтаи дигар тамоми шифохонаҳои кишвар холӣ шаванд ё теъдоди хеле касире аз маризон дар онҳо боқӣ монанд, аммо ин анҷоми кор нахоҳад буд, то худи ибтило ё маризшавӣ анҷом наёбад ва ин худ як марҳалаи дурудароз аст.

"Чашм нарасад, ҳоло гирифторӣ якбора кам шуд. Вақте шифохонаҳо охирин маризро ҷавоб доданд, онҳое, ки мегӯянд, дар хонаҳои худ табобат меёбанд, ҳамагӣ ба по шаванду дигар касе мариз нашавад, вазорат ҳам пас аз ба даст овардани омор пурра хотирҷамъ шавад, он замон бо назардошти вазъи тамоми кишвар метавонем гӯем, ки маризӣ аз миён рафт. Аммо чанд моҳи дигар ҳам бояд мунтазир бошем, ки дар маризон аломатҳои "вируси корона" зоҳир мешавад ё не. Маҳз он замон мешавад мутмаин шавем, ки дигар 100% вирус нест", - гуфт сармутахассиси бемориҳои шуши вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон.

Дойра зада, рақс кунед

Дар ҳоле, ки коршиносон коҳиши теъдоди маризонро аз байн рафтани "вируси корона" дар Тоҷикистон арзёбӣ намекунанд, суст кардани лаҷоми тадобирро низ ба маслиҳат намедонанд, балки мегӯянд, дар қиёс бо гузашта ҳушёртар бояд буд.

Намуна Мустафоқулова мегӯяд, бархӯрди инфиродӣ мебояд, зеро аз як сӯ, ҳама гирифтор намешавад, чун ҳудуди 70% - и инсонҳо иммунитети қавӣ доранд, аз сӯи дигар, агар инсон маризиҳои сил, камхунӣ, қанд, диққи нафас, дил ва ғайра дошта бошад, замонати гирифтор нашуданаш нест.

"Ҳама аз худи инсон вобаста, ки то куҷо осебпазир ҳаст ё нест. Ба қавли Ибни Сино, ҳама чӣ ба мизоҷи инсон бастагӣ дорад. Тасаввур кунед, ки шуюъ ё "мавҷи дуюм" ҳам иттифоқ афтад, боз кӣ осебпазир хоҳад буд? Боз ҳамон афроде, ки ҳамеша осебпазир буданду ҳастанд. Мантиқан, вазъ ҳамон гуна боқӣ мемонад, ки қаблан ҳам буд", - гуфт мудири кафедраи маризиҳои дарунии Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино.

Ин мутахассиси тоҷик мегӯяд, "вируси корона" ё COVID – 19 маризии кушанда ё табобатнашаванда нест ва онҳое, ки мефавтанд, ё сахт ба воҳима дода мешаванд, ё маризиҳои ҳамроҳ доранд.

"Замоне, ки дар Бухорову деҳоти атрофаш вабо меояд, ба назди Абӯалӣ ибни Сино мераванд, ки чӣ кор кунем? Аввалин, маслиҳаташон ин буд, ки гуфтанд, равед, рӯи бомҳо бароед ва дойра зада, рақс кунед. Чаро? Он кас хуб мефаҳмиданд, ки аввал руҳияи мардумро бояд бардошт. Руҳафтодагиву яъс масъунияти мардумро паст ва организми онҳоро заифу осебпазир мекунад. Ман 100% бо итминон ба Шумо мегӯям: нисфи маризон аз воҳима мефавтанд. Воҳима як чизи хеле хатарнок аст", - гуфт Намуна Мустафоқулова.

Кор тамом нашудааст

Дар ҳамин ҳол, воқеияти дигаре, ки мутахассисонро нороҳат кардааст, дар пайи коҳиши гирифториву фавт ва холӣ шудани шифохонаҳо ба кӯчаҳо рехтани мардум аст. Ҳакима Ахмедова мегӯяд, ҳукумат ба хотири корҳои профилактикӣ ҳар ҷоеро, ки зарур буд, баст ва ҳоло мардум бояд мувозиби ҳоли худ бошанд, ки дигарбора балоро ба сари худ наоранд.

"Имкон надорад, ки ҳар касро аз дасташ дошта бигӯӣ, хона даромада, шин! Маданияти тиббии мардум бояд баланд бошад ва дарк намояд, ки дар чунин ҳолатҳо бояд чӣ гуна рафтор кунад. Ҳар кас бояд фикри худашро кунад. Агар ҳама хуб буд, он маҳдудиятҳое, ки аз сӯи ҳукумат ҷорӣ шуда буданд, бардошта мешуданд. Чун бардошта нашудаанд, бояд дарк кард, ки кор ҳам тамом нашудааст", - гуфт сармутахассиси бемориҳои шуши вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон.

Ин ду мутахассисе, ки дар соҳаи тандурустӣ таҷрибаи ғанӣ ва дар мудирияти буҳрони "корона" саҳм мегиранд, мегӯянд, ҳамоно мардум гигиенаву фосилаи иҷтимоиро бояд риоя кунанд ва аз ахбор ба таври худ хулоса карда, тасмим нагиранд.

663
Барчаспҳо:
вируси нав, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон