Жители города Душанбе в защитных масках на улице

Аз 76 ба 128: сабти 52 ҳолати нави сироятшавӣ ба коронавирус дар Тоҷикистон

6350
Бар хабари Шабакаҳои давлатии Тоҷикистон, теъдоди маризони коронавирус дар кишвар марзи 100 нафарро убур кардаст

ДУШАНБЕ, 3 мая — Sputnik. Дар Тоҷикистон ҳамакнун теъдоди дардмандони коронавирус ба 128 нафар расид, хабар медиҳад Риа Новости бо такя ба гузориши Шабакаҳои давлатии Тоҷикистон.

Рӯзи шанбе Тоҷикистон фавти ду маризи коронавирусро расман тасдиқ кард. Зимнан, гуфта шуд, ки 76 нафар мубталои ин маризӣ ҳастанд.

Давоми як шабонарӯз дар Тоҷикистон 52 ҳолати нави сироятшавӣ ба коронавирус сабт гардид.

Шабакаҳои давлатии Тоҷикистон рӯзи 2 - юми май гузориш дода буданд, ки то ҳол 2 ҳазору 782 нафар зери назорати табибон қарор доранд. Дар гузориш таъкид шудааст, ки 217 нафар пас аз гузарондани ташхис дар ҳолати қаноатбахш ба хонаҳо ҷавоб дода шуданд.

Муроҷиати Рустам ба сокинон: ба овозаҳо бовар накунед, умеди қавӣ дошта бошед

Зимнан, Рустами Эмомалӣ раиси шаҳри Душанбе ба мақомоти тандурустӣ ва шаҳрдорӣ супориш додаст, ки дар кӯтоҳтарин муҳлат аз ҳисоби имконияту захираҳои мавҷуда беморхонаҳои муваққатии табобатиро бо беш аз 3 ҳазор кати хоб муҳайё кунанд.

Тибқи иттилои котиботи шаҳрдорӣ, ҳадафи ташкили беморхонаҳои муваққатӣ, муолиҷаи беморони гирифтори вируси сироятии COVID-19 мебошад.

Таъкид шудааст, ки беморхонаҳои муваққатӣ бо муҳайё кардани тамоми шароити замонавӣ, бахусус мутахассисони баландихтисоси соҳибтаҷриба, таҷҳизоти тиббӣ ва таъминоти дорувории баландсифат барои истифода омода шаванд.

Ин дар ҳолест, ки то имрӯз дар ҳудуди шаҳри Душанбе зиёда аз 30 беморхона бо 5 ҳазору 284  кати хоб ва беш аз 5 ҳазору 390 нафар табибон ва кормандони миёнаи тиббӣ ба эҳтиёҷмандон хизмат мерасонанд.

Ба иттилои котиботи шаҳрдорӣ, назорати таъсиси беморхонаҳои муваққатиро Рустами Эмомалӣ  шахсан ба зиммаи худ гирифта, аз рафти корҳо дидан мекунад.

6350
Барчаспҳо:
афзоиш, маризӣ, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (968)
Портфель с документами, архивное фото

Таъйиноти кадрӣ дар Суғд: Музаффар Азизов роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия шуд

26
Бо қарори Тоҳир Азиззода, Музаффар Азизов, роҳбари дастгоҳи ҳукумати ноҳияи Мастчоҳ таъйин гардид

 ДУШАНБЕ, 28 фев – Sputnik. Манобеъ аз ҳукумати ноҳияи Мастчоҳ дар тайиди ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, ки Азизов ба унвони роҳбари дастгоҳ, рӯзи гузашта дар як маросими ҳукуматӣ муаррифӣ шуд.

“Қарори раиси ноҳия дар бораи таъйини роҳбари дастгоҳи нав қабул шуд. Ба ҷойи Рустам Рустамзода, Музаффар Азизов, роҳбари дастгоҳи ҳукумати ноҳия таъин гардид”, гуфт манбаъ аз ҳукумати Мастчоҳ.

Бино ба иттилоъи дарёфтӣ Азизов ба ҷойи Рустамзода раиси дастгоҳи раиси ноҳия ва дар навбати худ Рустамзода ба ҷойи Азизов, раиси ҷамоати шаҳраки Бӯстони ноҳияи таъйин гардидааст.

Дар поёни соли 2019 баъди он, ки Муҳаммад Идизода ба гумони содир намудани ҷинояти порагирӣ аз сӯи кормандони Ожонси зидди фасод дар Хуҷанд дастгир ва дар пайи ин ҳолат аз мақом барканор шуд ва ба ҷойи ӯ, Рустамзода роҳбари дасгоҳи ҳукумати Мастчоҳ таъйин гардид. Он замон Ғайрат Азиззода, раиси ноҳияи Мастчоҳ буд.

Азизов Музаффар Тугиянович 6 октябри соли 1971 дар шаҳркаи Бӯстони ноҳияи Мастчоҳ дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст.

Баъди хатми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1- ноҳия ба Донишкадаи давлатии забонҳо ба номи Сотим Улуғзода дохил шуда, онро соли 1993 бо ихтисоси муаллими забон ва адабиёти рус хатм намуда, фаъолияти меҳнатии худро ба ҳайси омӯзгори фанни забон ва адабиёти рус дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6-и ноҳия оғоз намудааст.

Азизов то соли 1994 то 2011 дар як қатор вазифаҳо аз ҷумла масъули комиссияи кор бо ноболиғон, раиси созмони ҷавонон, мудири шуъбаи кор бо ҷавонон, раиси ҷамоати шаҳраки Бӯстон кор кардааст.

Таъйиноти кадрӣ: Абдуллозода, роҳбари КАТС - и ноҳияи Аштро таъйин кард

Ӯ аз соли 2011 то соли 2016 менеҷери филиали ҶСП ТАҚХ “Имон-интернешнл” дар ноҳия ва солҳои 2016-2017 мудири бахши иқтисод ва савдо дар ҳукумати ноҳия, аз моҳи сентябри соли 2017 то моҳи апрели 2019 иҷрокунандаи вазифаи роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия ва аз 11 апрели соли 2019 то 23 феврали соли 2021 ҳамчун раиси ҷамоати шаҳраки Бӯстон фаъолият намудааст.

23 феврали соли ҷорӣ бо қарори Тоҳир Азиззода, раиси ноҳияи Мастчоҳ, раиси дастгоҳ таъйин шудааст. Музаффар Азизов, соли 2016, Донишгоҳи давлатии Хуҷандро бо ихтисоси иқтисодӣ хатм карда, соҳиби ду пипломи таҳсилоти олӣ аст.

26
Праздник Сада в Душанбе 2021

То -20 дараҷа сард, вале офтобӣ: пешбинии ҳавошиносон барои имрӯз

28
(Таҷдидшуда 10:31 28.02.2021)
Ожонси ҳавошиносии Тоҷикистон мегӯяд, имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво камабр ва тағйирёбандаи бебориш мешавад. Қариб дар тамоми минтақаҳо ҳаво нисбатан сард, вале рӯзона офтобӣ мешавад

ДУШАНБЕ, 28 фев — Sputnik. Ба иттилои Ожонси обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва офтобӣ дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 1-6 дараҷа хунук ва  рӯзона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво  шабона 12-20 ва рӯзона  4-9 дараҷа хунук мешавад.

Манбаъ афзуд, ҳаво дар вилояти Суғд камабр ва дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбандаи бебориш шуда, туман мефарояд.  Шамол  аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 4-9 дараҷа хунук ва рӯзона 1+9 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 10-15 ва рӯзона 0-5 дараҷа хунук  мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои камабр ва дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбандаи бебориш мешавад. Дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд.  Шамол аз самти самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 3-8 дараҷа хунук ва рӯзона 5+14 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ ҳаво шабона  5-10 дараҷа хунук ва рӯзона 0-5 дараҷа хунук мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои камабр ва дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбандаи бебориш дар назар буда, дар ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона 3-8 дараҷа хунук ва рӯзона 2+7 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 6-11 дараҷа хунук ва рӯзона  аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи  бебориш мешавад. Туман мефарояд.  Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона  4-6  дараҷа хунук ва рӯзона 4+12 дараҷа гарм мешавад.

28