День 4 мая

Ҷашнҳои рӯзи 4 май дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

200
(Таҷдидшуда 21:00 03.05.2020)
Рӯзи чоруми май дар Латвия Рӯзи барқарорсозии истиқлолият ва дар Чин Рӯзи ҷавоно ҷашн гирифта мешавад

Рӯзи 4 май дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1939 Иттифоқи композиторони Қазоқистон таъсис дода шуд.

Соли 1910 Флоти ҳарбӣ-баҳрии Канада созмон ёфт.

Соли 1949 дар садамаи ҳавопаймоӣ ҳайати дастаи футболи "Торино"-и Италия ҳалок гардид.

Соли 1993 Конститутсияи Қирғизистон қабул гардидааст.

Рӯзи 4 май дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 1992 дар шаҳри Душанбе Сафорати Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ гардид.

Соли 2011 дар Федератсияи Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон маросими баимзорасии Созишнома миёни федератсияҳои Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон, Қирғизистон ва Қазоқистон дар бораи муҳоҷират баргузор гардид.

День 1 мая
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария
Соли 2012 дар шаҳри Душанбе дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо гурӯҳи вакилони Парлумони Аврупо оид бо кишварҳои Осиёи Марказӣ масоили вобаста ба ҳамкории Тоҷикистон бо Парлумон ва дигар сохторҳои Иттиҳоди Аврупо баррасӣ шуд.

Соли 2012 дар шаҳри Душанбе масоили вобаста ба муносиботи дӯстона ва ҳамкории судбахши Тоҷикистон ва Шоҳигарии Белгия баррасӣ гардид. 

Ҷашнҳои рӯзи 30 апрел дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 2013 дар шаҳри Душанбе Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Роҳбари Намояндагии доимии Хазинаи Оғохон дар Тоҷикистон Акбаралӣ Песнани ҷараёни ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони Оғохон оид ба рушд ва дурнамои муносиботи судбахшро муҳокима намуданд.

Соли 2018 Эъломияи душанбегии Конфронси байналмилалии сатҳи баланди "Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез" /3-4 майи соли 2018, ш. Душанбе/ қабул гардид.

Соли 2018 Тоҷикистон ва Қазоқистон сатҳи нави ҳамкориро дар самти муҳоҷират муҳокима намуданд.

Ҷашнҳои рӯзи 4 май

Дар Латвия – Рӯзи барқарорсозии истиқлолият.

Дар Чин – Рӯзи ҷавонон.

200
Барчаспҳо:
ҷаҳон, ҷашн, Тоҷикистон
Арест, архивное фото

ВУД: мақомдор барои ситонидани 5 ҳазору 400-сомонӣ пора дастгир шуд

219
(Таҷдидшуда 10:55 26.05.2020)
Кормандони вазорати умури дохилаи Тоҷикистон сармутахассиси заминсози ҷамоати шаҳраки 20-солагии Истиқлолияти ҳамин ноҳияро барои ситонидани пора дастгир карданд

ДУШАНБЕ, 26 май – Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, кормандони милитсия марди 52-солаи сокини ноҳияи Дӯстӣ, сармутахассиси заминсози ҷамоати шаҳраки 20-солагии Истиқлолияти ҳамин ноҳия бо гумони гирифтани пора дастгир намуданд.

ВУД тоҷикистон  таъкид доштааст, ки номбурда, аввалҳои моҳи ноябри соли равон, барои тартиб додани санад ва пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои қитъаи замини наздиҳавлигӣ ба мақомоти дахлдори ноҳияи Дӯстӣ аз марди 65-солаи ноҳияи мазкур 5 ҳазору 400-сомониро ҳамчун пора талаб карда гирифтааст.

Ҳамзамон манбаъ қайд намудааст, ки дар ҳоли ҳозир оид ба ин ҳолат нисбати гумонбаршаванда аз ҷониби Прокуратураи ноҳияи Дӯстӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Ёдрас мешавем, ки чанде пеш Оҷонсии мубориза бо коррусияи Тоҷикистон аз боздошти як корманди ҳукумати шаҳри Кӯлоб хабар дод, ки дар фиреби 12 сокини аҳаллӣ муттаҳам мешавад.

Ба иттилои манбаъ, Саидмумин Давлатов, мутахассиси пешбари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кулоб моҳҳои май-июни соли 2019 ба боварии шаҳрванд Умаров Ҷ.О. даромада аз ӯ барои аз ҳудуди заминҳои шаҳри Кулоб ҷудо карда додани 0,06 га. қитъаи замини наздиҳавлигӣ, маблағи 9000 сомонӣ талаб карда гирифта, ба фоидаи худ сарф кардааст.

“Ғайр аз ин, номбурда. бо ҳамин тарзу усул аз 12 нафар шаҳрвандони дигар дар маҷмуъ маблағи 139000 сомонӣ талаб карда гирифта тасарруф намудааст”,-афзуд Оҷонсӣ.

Гуфта мешавад, вобаста ба ин ҳолат нисбат ба Саидмумин Давлатов бо моддаи 247 қисми 4 банди “б” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтиши пешакии он идома дорад.

219
Барчаспҳо:
сомонӣ, ришва, дастгир, пора, вазорати умури дохила, Тоҷикистон
Сотрудник полиции выстраивает в очередь мигрантов

Фаврӣ: Тоҷикистон шаҳрвандонашро марҳила ба марҳила аз Русия, ба Ватан бармегардонад

234
Сафорати Тоҷикистон дар Русия эълон дошт, марҳила ба марҳила муҳоҷирони меҳнатие, ки дар марказҳои нигоҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷии қарор доранд, ба Ватан баргардонида мешаванд

ДУШАНБЕ, 26 май – Sputnik. Сафорати Тоҷикистон дар Русия таъкид дошт, ки бо дастури Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нақшаи тадриҷан ва марҳила ба марҳила бо роҳҳои ҳавоӣ ва заминӣ ба Ватан баргардонидани шаҳрвандоне, ки ба илллати пандемия COVID- 19 дар хориҷа дармондаанд, амалӣ мегардад.

Сафорати Тоҷикистон дар Русия қайд намудааст, ки дар марҳилаи аввал барои баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар марказҳои нигоҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷии (МНМШХ) Русия тайи се моҳи охир қарор доранд, тамаркуз карда шудааст.

Супоришҳои вазири меҳнат ба намояндагиҳо дар Русия барои ҳалли мушкилоти муҳоҷирон

“Дар ин росто, тайи рӯзҳои охир ва давоми ҳафтаи ҷорӣ дар мувофиқа бо мақомоти Русия ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар марказҳои нигоҳдории муваққатӣ мондаанд, ба Ватан баргардонида мешаванд”,- эълон кардааст сафорат.

Инчунин масъулини сафорат таъкид доштанд, ки айни замон масъалаи бозгардонии дигар шаҳрвандони Тоҷикистон аз Русия дар баррасии Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ қарор дорад.

“Масъалаи мазкур аз фароҳам овардани шароити зарурӣ, аз ҷумла омода будани ҷойҳои кофӣ барои карантин ё муроқибати тиббӣ вобастагӣ дорад. Аз ин лиҳоз, аз ҳамватанони дар Русия қарордошта хоҳиш карда мешавад, ки хабарҳоро роҷеъ ба парвозҳо ба самти Тоҷикистон дар сомона ва дигар зарфиятҳои интернетии расмии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, Сафорати Тоҷикистон дар Россия ва ширкатҳои ҳавопаймоӣ пайгирӣ намоянд”,- иттилоъ додааст сафорат.

Сафорат зикр ҳамзамон зиер кардааст, ки дар сурати ба миён омадани суолҳо ва масъалаҳои ҳалталаб шаҳарвандон метавонанд тавассути телефонҳои доимиамалкунандаи Сафорат ва консулгариҳои генералии Тоҷикистон дар Русия тамос гиранд.

234
Барчаспҳо:
баргардонӣ, шаҳрванд, Ватан, муҳоҷир, сафоратхона, Тоҷикистон