ДУШАНБЕ, 4 мая — Sputnik. Сокинони Тоҷикистон дар ҷашнҳои Рӯзи Ғалаба ва Иди Рамазон 3-рӯзӣ истироҳат мекунанд, иттилоъ додааст хабаргузории “ТоҷикТА”.
Ҳамин тавр, бо назардошти рӯзҳои истироҳат ва ид - Рӯзи Ғалаба ва Иди Рамазон, моҳи май сокинони Тоҷикистон дар умум 12 рӯз истироҳат хоҳанд кард.
Бояд қайд кард, ки тибқи қавонини Тоҷикистон, агар иди расмӣ ба рӯзҳоии истироҳат рост ояд, рӯзи корӣ низ истироҳат эълон мешавад.
Ба хотири он, ки ҷашни Иди Ғалаба - 9 май имсол ба рӯзи шанбе рост меояд, рӯзи дигари баъди рӯзҳои истироҳат – душанбе яъне 11 май низ рӯзи истироҳат аст.
Иди Рамазон низ имсол ба рӯзи якшанбе - 24 май рост меояд. Ҳамин тавр санаи 25 май – рӯзи душанбе низ рӯзи истироҳат дониста мешавад.
Ҳамин тавр, дар моҳи май шаҳрвнадони Тоҷикистон рӯзҳои 2,3, 9, 10, 11, 16, 17, 23, 24, 25, 30 ва 31 май истироҳат хоҳанд кард.
ДУШАНБЕ, 20 янв – Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз дарёфти ҷасади пиразани рус дар манлили зисташ, хабар медиҳад.
Тибқи маълумоти навбатдори фаврии Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Душанбе, хабар дар бораи нопадид шудани пиразан, бегоҳии рӯзи гузашта, 19 январ расидааст.
Дар ин бора навбатдори ШВКД-и ноҳияи Сино-2 капитан Сафаров Ориф ба навбатдори фаврии Раёсати Кумита дар шаҳри Душанбе хабар додааст.
Гуфта мешавад, ки чанд рӯз пиразани рус Кузнетсова Любаро ҳамсоягон надидаанд. Мавсуф дар кӯчаи Б. Ғафурови пойтахт танҳо зиндагӣ мекардааст.
Ҳамин тавр, дастаи махсуси зудамали наҷоти Раёсати шаҳри Душанбе соати 17:33 дақиқа ба ҷои ҳодиса сафарбар гардида, дари хонаи истиқоматии шаҳрванд Кузнетсова Любаро боз кардаанд.
"Маълум гардид, ки пиразани 76-сола дар манзили худ фавтидааст. Ҳамсоягонаш гуфтаанд, ки пиразан муддатҳост бемор буду танҳо", - омадааст дар хабарнома.
Манбаъ афзуда, ки ҷасади ӯро ба мақомоти дахлдор супурданд.
ДУШАНБЕ, 20 янв – Sputnik. Тарҳи қонун "Дар бораи хизмати ҳарбӣ ва ӯҳдадориҳои ҳарбӣ"-ро Шералӣ Мирзо, вазири мудофиаи кишвар баррасӣ карда гуфт, афроде, ки дар синни хизматанду аз ин 10 фисади даъватшаванда канор мемонад, бо пардохти маблағу машқи якмоҳа дар ҳайати нерӯҳои захиравӣ, метавонанд соҳиби билетӣ ҳарбӣ шаванд.
Вазири дифоъ гуфт, тартиби таълими чунин захираҳо ва шакли пардохти хидмати ҳармоҳа ҳанӯз муайян нашудааст ва ин дар салоҳияти ҳукумати мебошад.
Ҳамзамон бар асоси тарҳи нави ин қонун ҷавононе, донишгоҳҳоро новобаста аз кафедраи ҳарбӣ доштанашон хатм мекунанд, танҳо пас аз як соли хизмати аскарӣ, соҳиби рутба мешаванд.
Ин дар ҳолест, ки қаблан донишҷӯёне, ки донишгоҳҳои дорои кафедраҳои ҳарбӣ доштаро хатм мекарданд, рутбаи афсари эҳтиётиро мегарифтанд ва аз хизмат озод буданд.
Тоҷикистон дар радабандии байналмилалии қудрати низомӣ: Ӯзбекистон қавитар аз ҳама дар ОМ
Вазири мудофиаи Тоҷикистон ҳамзамон зимни муаррифии ин тарҳи қонун гуфт, минбаъд ба ниҳодҳои қудратӣ аз қабили прокуратура, суд, коррупсия, гумрук танҳо афроде ба кор гирифта мешаванд, ки хизмати ҳарбӣ карда бошанд.
Қаблан сару садоҳо дар бораи поин овардани муҳлати хизмати ҳарбӣ низ буданд, аммо дар ин тайиру иловаҳо ҷой надоранд.