Врач в больнице, архивное фото

Оҳангсоз Фарҳод Зикир гирифтори коронавирус шуд

1489
(Таҷдидшуда 18:15 04.05.2020)
Оҳангсози саршиноси Тоҷикистон Фарҳод Зикир гирифтори коронавирус шуд. Ҳамчунин олудагии падару модари ӯ ба ин вирус низ тасдиқ ёфт

ДУШАНБЕ, 4 мая — Sputnik.  Дар Тоҷикистон оҳангсоз ва мусиқинавоз аз гурӯҳи Шабнами Сурайё Фарҳод Зикир гирифтори коронавирус шудааст.

Дар ин бора ӯ дар саҳифаи Фейсбукаш хабар додааст. Ҳамчунин ӯ навиштааст, ки ҳамроҳи ӯ падару модараш низ гирифтори вируси корона шудаанд.

“Ман ва падару модарам бемории Covid-19 шудем. Хоҳишмандам тавсияи ҳукуматро бар зиди коронавирус иҷро намоед. Худатон ва оилаатонро эҳтиёт кунед. Худованд миллати маро шифо кун. Омин”, навиштааст ӯ дар саҳифаи Фейсбукаш.

Бояд қайд кард, ки Фарҳод Зикир, яке аз оҳангсозони машҳури эстрадаи Тоҷикистон ба шумор меравад.

Қаблан ӯ бо Самади Ғанӣ ҳамкорӣ мекард, вале солҳои ахир оҳангсоз ба тими сарояндаи маъруфи эстрадаи тоҷик Шабнами Сурайё пайваст.

Ёдрас мешавем, ки ситоди ҷумҳуриявӣ 30 апрели соли равон вуҷуди вируси корона дар Тоҷикистонро тасдиқ кард.

Худи ҳамон рӯз ситод эълон кард, ки дар ҷумҳурӣ 15 мавриди олудашавӣ ба вирису короноро ошкор шудааст. Тибқи иттило 10 маврид дар вилояти Суғ ва 5 маврид дар шаҳри Душнбе ошкор шудааст.

Аммо санаи 2 май Вазорати тандурустии кишвар дар бораи аввалин нафарони фавтида аз коронавирусро эълон кард. Инчунин эълон карда шуд, ки дар кишвар расман 76 мариди олудашавӣ ба вируси корона сабт шудааст.

Тибқи иттилои ахир шумори гирифторон ба вирус корона дар Тоҷикистон ба 128 нафар расидааст.  

1489
Барчаспҳо:
олудагӣ, тасдиқ, падару модар, вирус, оҳангсоз, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (452)
Строительство аквапарка в Варзобе

Ширкати чинӣ даст кашид: Ҳукумати Хуҷанд гуфт, сокинон то охири сол соҳиби хона мешаванд

90
(Таҷдидшуда 22:31 30.05.2020)
Ҳукумати шаҳри Хуҷанд сокинонеро, ки заминҳои наздиҳавлигиашон барои бунёди "Чайна тавн" тахриб шуда буд, муҳоҷирони экологӣ номида, гуфтааст, ки онҳо то охири соли равон соҳиби манзил мешаванд

ДУШАНБЕ, 30 мая — Sputnik. Шаҳрдории Хуҷанд дар пайи нашри гузориш дар бораи боз истодани сохтмони шаҳраки чинӣ дар Хуҷанд посухе навишта, ба сокинон ваъдаи манзил кардааст. 

Манбаъ, ин қазияро айби ширкати чинӣ хондаву сабабшро ин иқдоми ширкатро баланд будани сатҳи оби зеризаминии мавзеъ гуфтааст.

"Бояд қайд намоем, ки ин сохтмон на бо айби МИХД шаҳри Хуҷанд, балки дар асоси даст кашидани ширкати чинӣ аз оғози сохтмон рӯйи кор омадааст. Ширкати чинӣ омили асосии даст кашидани сохтмони шаҳракро бинобар баланд будани сатҳи оби зеризаминӣ дар мавзеъи сохтмон арзёбӣ карда, аз ҷиҳати иқтисодӣ идомаи онро зери суол қарор бурд", - омадааст дар изҳороти шаҳрдорӣ.

Манбаъ таъкид мекунад, кииҷорапулии сокинонро феълан шаҳрдорӣ пардохт мекунад.

Шаҳрдорӣ хабар медиҳад, ки баъди бекор намудани қарори вобастакунии замин ба ширкати "Ҳусноро1" ҳанӯз соли гузашта дар маҳалаи 18-уми шаҳри Хуҷанд ба сохтмони бинои истиқоматиии 9 ошёна барои мардуме, ки аз ширкати чинӣ ноумед шуданд, оғоз карда шуда, шаҳрдорӣ барои ин 27 миллион сомонӣ ҷудо кардааст.

"Бино бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бунёд гардида, аз 9 ошёна ва таҳхона иборат мебошад. Дар умум 72 манзили истиқоматӣ иборат аз 1,2,3-хуҷрагӣ бунёд мегардад. Қисмати асосии бино бунёд шудааст. Интизор меравад, ки бинои мазкур соли ҷорӣ мавриди истифода қарор гирифта, шаҳрвандони номбурда соҳиби манзили истиқоматӣ хоҳанд шуд", - тавзеҳ медиҳад шаҳрдорӣ.

Гуфта мешавад, тибқи нақшаи генералии шаҳр, заминҳе, ки барои "Чайна тавн" ҷудо шуда буданд, ба ихтиёри шаҳрдорӣ гирифта шуда, дар зудтарин фурсат дар ин макон мавзеъи истироҳату фароғат ва дигар инфрасохтори шаҳрдорӣ бунёд карда мешавад.

Ваъдаҳои хушку интизории чорсола: чаро “China Town” дар Хуҷанд сохта нашуд?

90
Медицинские работники в госпитале COVID-19

Дурӯғ аст: пизишкони тоҷик қайчӣ шудани маошашонро такзиб карданд

151
Кормандони соҳаи тибби Тоҷикистон мактубе навишта, иддаоҳоеро, ки музди корашон қайчӣ мешавад, такзиб кардаанд

ДУШАНБЕ, 30 мая — Sputnik. Кормандони соҳаи тандурустии ноҳияи Айнӣ мактуби саркушодае навиштаву иддаоҳои бархе нафаронеро, ки худро пизишк муаррифӣ карда, аз кам шудани маошашон дар давраи пандемия хабар медоданд, такзиб кардаанд.

Пизишкон изҳор доштанд, ки маълумотҳо дар бораи ба 300 сомонӣ кам шудани маоши кормандони соҳаҳои тиб ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва бархе аз расонаҳо паҳн мешавад, аз ҳақиқат дур аст. 

Ҳамчунин аз ҳисоби духтурону ҳамшираҳои шафқат дезинфексия шудани муассисаҳои тиббӣ ва харидории либоси муҳофизатиро дурӯғ гуфтаанд.

Олимзода: ба пизишкони вобасташуда маоши иловагӣ дода мешавад

Дар ин мактуб онҳо хабар додаанд, ки маоши кормандони тиб аз 840 то 1277 сомонӣ муқаррар карда шудааст.

Табибон афзудаанд, ки афзун бар ин, иловапулиҳо низ пардохт мешаванд.

Дар моҳи Рамазон бошад, аз ҷониби саховатмандон кӯмакҳои моддӣ расидааст.

151