Сотрудник здравоохранения в защитном костюме

Кумаки Бунёди Оқохон барои мубориза бо COVID - 19 дар Тоҷикистон - аксҳо

3818
(Таҷдидшуда 11:06 05.05.2020)
Бунёди Оқохон дар Тоҷикистон барои мубориза бар зидди паҳншавии коронавируси навъи COVID -19 кумаки тибӣ ироа кард

ДУШАНБЕ, 5 май — Sputnik. Барои пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии короновируси навъи COVID - 19 дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон аз тарафи Бунёди Оқохон оид ба макони зист, 680 адад либосҳои муҳофизатӣ барои кормандони тибби вилоят кумак шуд, хабар медиҳад котиботи раиси вилоят.

Гуфта мешавад, маблағи умумии ин кумак 10 ҳазор доллари ИМА - ро ташкил медиҳад.

 
Манбаъ афзуда, ки раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, Ёдгор Файзов ҷиҳати кӯмаки саривақтӣ намудан барои кормандони соҳаи тибби вилоят ба масъулини Бунёди Оқохон оид ба макони зист, изҳори миннатдорӣ баён намудааст.

Вазорат мегӯяд, “дурӯғ”: табибон аз ҳисоби худ намехаранд, кумакҳо ихтиёриянд

Ёдрас мешавем, ки то 4 майи соли равон дар ҳудуди Тоҷикистон 230 ҳолати сироятёбии шаҳрвандон ба коронавируси нави COVID-19, аз ҷумла 110 ҳолат дар шаҳри Душанбе, 22 ҳолат дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, 7 ҳолат дар ВМКБ, 21 ҳолат дар вилояти Хатлон ва 70 ҳолат дар вилояти Суғд ошкор гардид.

Тоҷикистон ба донишҷӯёни тоҷики дар Русия дармонда, маводи хӯрокворӣ фиристод

Ҳамзамон 3 ҳолати фавти шаҳрвандон аз сирояти коронавируси нави COVID-19 дар мамлакат ба қайд гирифта шудааст.

3818
Барчаспҳо:
вируси нав, мубориза, кумак, Бунёди Оқохон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (451)
Пограничная вышка, архивное фото

Тавофуқ барои аломатгузории 60 дарсад аз хатти марзии Тоҷикистон ва Қирғизистон

50
(Таҷдидшуда 17:15 30.05.2020)
Мақомоти Қирғизистон аз тавофуқ барои аломатгузории 60 дарсад аз хатти марзӣ бо Тоҷикистон хабар доданд

ДУШАНБЕ, 30 май — Sputnik. Ин тавофуқ дар натиҷаи музокироти намояндагони ду кишвар ҳосил шуда, вале мутаассифона, ҳанӯз иҷроӣ нашудааст, иттилоъ додааст хабаргузории “Парстудей” дар истинод ба сомонаи хабаргузории давлатии Қирғизистон.

Бино бар иттилои манбаъ, дар се даҳаи музокираи марзии муштараки мақомоти Қирғизистон ва Тоҷикистон 38 бор намояндагони ҳукумат, 48 маротаба гурӯҳҳои нақшабардорӣ ва 21 бор гурӯҳҳои ҳуқуқии ду кишвар аломатгузории муштараки ин ду кишварро баррасӣ карданд.

Ёдрас мешавем, ки санаи 24-уми май дар Рӯзи Иди моҳи шарифи Рамазон дар марз тирандозие дар ҳудуди деҳаи Пули Офтобрӯяи ҷамоати Ворух сар зад, ки дар он сарбози қатории нереуҳои марзбонии Тоҷикистон Давлатёр Зоирови 19-сола аз пояш захмӣ шуд.

Пеш аз он, рӯзи 8 май дар натиҷаи муноқиша дар Чоркӯҳ ду шаҳрванди Тоҷикистон ва як шаҳрванди Қирғизистон захмӣ шудаанд.

Тоҷикистону Қирғизистон 976 километр марз доранд, ки то кунун 504 километри он муайян ва аломатгузорӣ шудааст.

Ду кишвар солҳои сол аст, ки наметавонанд  сари ин масъала ба тавофуқ расанд ва ба ин муноқишаҳои марзӣ хотима бахшанд. Ҷанҷолу тирандозӣ дар минтақаҳои марзӣ барои обу замин ва чарогоҳ сурат мегирад ва баъзан ба хунрезӣ мубадал мегардад.

 

50
Барчаспҳо:
хатти марз, аломатгузорӣ, тавофуқ, Қирғизистон, Тоҷикистон

Аз се беморхона дутоаш холӣ мешавад: коҳиши шумораи гирифторони коронавирус дар Ваҳдат

51
(Таҷдидшуда 17:47 30.05.2020)
Дар як беморхонаи шаҳри Ваҳдат шумораи ками беморони сироятёфта аз ин вируси навъи нав боқӣ мемонанд

ДУШАНБЕ, 30 май – Sputnik. Шумораи сироятёфтагони ин вирус дар Ваҳдат ба маротиб коҳиш ёфта, беморхонаҳо ба ҳолати муқаррарӣ бармегарданд, гузориш медиҳад "Ховар".

Гуфта мешавад, гуруҳи корӣ таҳти роҳбарии муовини нахуствазир Ширин Исматуллозода бо мақсади таҳлили  ҳолати воқеии  пешгирӣ ва табобати бемории коронавируси навъи COVID-19 ба шаҳру навоҳӣ ба сафар баромада, нахуст ба Ваҳдат рафтаанд.

Дар доираи ин сафар имрӯз дар шаҳри Ваҳдат таҳти роҳбарии  Ширин Исматуллозода ҷаласаи корӣ доир гардид, ки дар он раиси шаҳр, сардухтур, роҳбарони марказҳои саломатӣ, маркази санитарӣ- эпидимиологӣ ва дигар масъулин иштирок намуданд.

"То рӯзи душанбеи ҳафтаи оянда аз се беморхонаи шаҳри Вахдат, ки барои қабули беморони COVID-19 пешбинӣ шуда буданд, дутоаш пурра холӣ шуда, ба ҳолати муқаррарӣ бармегарданд", - зикр гардидааст дар ин ҷаласа.

Гуфта мешавад, дар як беморхонаи ин шаҳр шумораи ками беморони сироятёфта аз ин вируси нав боқӣ мемонанд.

Дар Тоҷикистон то соати 17:20 дақиқаи 29 май 3686 нафар бо ташхиси сирояти коронавируси нави COVID-19 ошкор гардида, аз ин беморӣ то кунун дар мамлакат 1769 нафар шифо ёфтаанд.

Даргузашти Каромат Шарипов аз сактаи қалб дар Ваҳдат

Шумораи фавтидагонро аз ин вирус Вазорат 47 нафар мегӯяд. Тоҷикистон аз бурузи коронавирус дар ҷумҳурӣ 30 апрел хабар дод.

51