Душанбе, архивное фото

Борон: пешбинии дақиқи ҳавошиносон барои имрӯз

553
(Таҷдидшуда 09:31 05.05.2020)
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, боридани борон пешбинӣ шудааст. Дар шаҳри Душанбе бошад ҳавои  тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад

ДУШАНБЕ, 5 май — Sputnik. Ба иттилои Ожонси ҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад. Бод аз сӯи ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад.

Ҳаво дар ғарби вилоят   шабона 3+8 ва рӯзона 16+21 дараҷа гарм  мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона аз 7 дараҷа хунук то 2 дараҷа  гарм ва рӯзона 8+13 дараҷа гарм мешавад, хабар медиҳад АМИТ "Ховар" аз қавли Ожонс.

Ҳаво дар вилояти Суғд бошад, тағйирёбандаи боронӣ мешавад.  Шамол  аз самти  ғарб бо суръати 3-8 ва дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддатнокии то 10-15 метр дар як  сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 13+18 ва рӯзона 26+31 дараҷа гарм  мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 3+8 ва рӯзона 10+15 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  низ ҳавои тағйирёбандаи боронӣ пешбинӣ шудааст. Шамол аз самти ғарб бо суръати  3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 14+19 ва рӯзона 21+26 дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 9+14 ва рӯзона 13+18 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрнок шуда, борон меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона 10+15 ва рӯзона 16+21 дараҷа гарм мешавад.  Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 6+11 ва  рӯзона 9+14 дараҷа гарм  мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳавои  тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шудааст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8  метр дар як сония   мевазад. Ҳаво шабона 12+14 ва  рӯзона 18+20 дараҷа гарм мешавад.

553
Барчаспҳо:
боронӣ, борон, ҳаво, Тоҷикистон
Самолет на закате, архивное фото

Расман: парвозҳо байни Тоҷикистону Русия баъди муътадил шудани вазъ барқарор мешаванд

537
(Таҷдидшуда 20:13 05.06.2020)
Оҷонси ҳавонавардии шаҳрвандии Тоҷикистон расман ба иттилои сокинони кишвар расонидааст, ки ба овозаҳои гӯё барқарор шудани парвозҳо миёни Тоҷикистону Русия бовар накунанд. Оҷонс гуфтааст, аз оғози парвозҳо расман хабар хоҳад дод

ДУШАНБЕ, 5 июн – Sputnik. Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шаҳрвандони кишвар хоҳиш менамояд, ба ҳар гуна хабару овозаҳое, ки асоси воқеӣ надоранд, дода нашуда, аз харидории чиптаи ҳавопаймоӣ то нашр гардидани изҳороти расмӣ вобаста ба барқарорсозии хатсайрҳои мунтазам худдорӣ намоянд.

Зеро айни замон, парвозҳои мунтазам байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Русия барқарор нагардидаанд, гузориш додааст агентӣ ба АМИТ "Ховар". 

Оҷонс таъкид кардааст, ки парвозҳо на танҳо байни Тоҷикистон, балки қариб дар сар то сари кишварҳои ҷаҳон бино бар пандемияи коронавирус қатъ шудаанд.

"Дар Тоҷикистон низ, бо мақсади пешгирии паҳншавии вируси сироятии CОVID-19 ва таъмини амнияти саломатии шаҳрвандони кишвар парвозҳои байналмилалӣ аз 20 март байни Тоҷикистон ва Русия  то беҳ гардидани вазъият муваққатан қатъ карда шудааст", — афзудааст манбаъ.

Агентӣ овозаҳои гӯё аз сар гирифтани парвозҳоро миёни ин ду кишвар қатъиян такзиб кардааст.

"Ин хабарҳо асоси воқеъӣ надошта, амалишавии парвозҳои мунтазами байналмилалӣ байни ду кишвари болозикр танҳо пас аз муътадил шудани вазъият оид ба вируси сироятии CОVID-19 ва эълони расмии ҷониби мақомотҳои ваколатдори давлатӣ амалӣ карда мешавад", - таъкид мекунад ниҳод.

Дар робита ба ин, Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шаҳрвандони кишвар хоҳиш менамояд, ки ба ҳар гуна хабару овозаҳое, ки асоси воқеӣ надоранд, дода нашуда, аз харидории чиптаи ҳавопаймоӣ то нашр гардидани изҳороти расмӣ вобаста ба барқарорсозии хатсайрҳои мунтазам худдорӣ намоянд.

537
Картофель

Картошка арзон мешавад? дар Суғд ба ҷамъоварии ҳосили нав сар карданд

132
Ду ҳафта боз ҷамъоварии ҳосили картошкаи барвақтӣ дар хоҷагиҳои шаҳру ноҳияҳои Б.Ғафуров, Конибодом, Ҷ.Расулов, Зафаробод оғоз гардида, то 5 июн зиёда аз 80 тонна маҳсулот ҷамъоварӣ гардидааст

ДУШАНБЕ, 5 июн – Sputnik. Давоми ду ҳафта аст, ки дар хоҷагиҳои кишоварзии ноҳияҳои вилояти Суғд ҷамъоварии ҳосили картошкаи барвақтӣ оғоз гардид, хабар медиҳад дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд.

Тибқи иттилоъи манбаъ, кишоварзон баҳри саҳм гузоштан  дар фаровонии бозори дохилӣ ва арзон гаштани нархи аслии маҳсулот дар моҳҳои январ ва феврал дар 1300 га замини хоҷагиҳои кишоварзии шаҳру ноҳияҳои иқлимашон нисбатан мусоиди вилоят, чун Конибодом, Б.Ғафуров, Ҷ.Расулов, Спитамен, Зафаробод, Мастчоҳ, Исфара ва Ашт картошкаи барвақтӣ кишт намуданд.

Ду ҳафта боз ҷамъоварии ҳосили картошкаи барвақтӣ дар хоҷагиҳои шаҳру ноҳияҳои Б.Ғафуров, Конибодом, Ҷ.Расулов, Зафаробод оғоз гардида, то 5 июн зиёда аз 80 тонна маҳсулот  ҷамъоварӣ гардидааст.

Дар маҷмӯъ, дар чаҳордаҳ шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд картошка парвариш карда шуда, майдони бештари кишт дар ноҳияҳои Деваштич, Панҷакент, Истаравшан, Кӯҳистони Мастчоҳ ва Шаҳристон ҷойгир мебошад.

Илченко: Истеҳсоли картошка барои кишвар вазифаи стратегӣ аст

Соли равон масоҳати кишти картошка дар вилоят ду маротиба афзун гардида, он дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 3 ҳазору 462 гектарро ташкил медиҳад.

 

 

 

132
Руководитель отдела экономики Института стран СНГ Аза Мигранян

Коршинос: барномаи зиддибӯҳронии Тоҷикистон ду моҳ дер тасвиб шуд

0
Тоҷикистон аз ҳисоби кадом маблағҳо соҳибкоронро дастгирӣ хоҳад кард ва оё ин иқдомҳоро буҷаи кишвар мебардорад ё не - ба ин саволҳо коршинос, иқтисодшиноси Пажӯҳишгоҳи ИДМ Аза Мигранян посух гуфт

Ҳукумати Тоҷикистон барномаи зиддибӯҳронии замони пандемияи коронавирусро қабул кард, ки ба дастгирии соҳибкорон ва аҳолӣ равона гардидааст.

Имрӯз, 5 июн чанд фармони раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расид, ки мувофиқи он чанд гурӯҳ соҳибкорон аз андоз озод карда шуда, ба қишри осебпазир кӯмакпулӣ таъин ва боло бурдани арзиши барқу хизматрасониҳои коммуналӣ мавқуф карда шуд.

Мигранян о том, за счёт чего в Таджикистане будут поддерживать бизнес

"Дар ҳар як кишвар захираи муайяне ҳаст, ки ба истилоҳ захираҳои ғайрибуҷавӣ гуфта мешавад. Ин гуна буҷа дар Тоҷикистон низ ҳаст", - гуфт Миграниян дар сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

Ба гуфтаи коршинос, таҳлили он ки иқдомҳои зиддибӯҳронии Ҳукуматро буҷаи Тоҷикистон мебардорад ё не, ғайриминтақист, зеро феълан маълум нест, ки барои ин иқдоми Ҳукумат чӣ қадар маблағ лозим аст.
"Фаҳмиши норасоии буҷа нисбӣ аст. Ҳама гуна кишвар бо норасоии буҷа метавонад то дер  арзи вуҷуд дошта бошад", - таъкид мекунад коршинос.

 

Ба гуфтаи ӯ, ин ҷо гап дар бораи дастгирии аҳолӣ ва тиҷорати хурд меравад.

"Ҳамааш аз он вобаста аст, ки то кай дар Тоҷикистон маҳудиятҳои фаъолияти иқтисодӣ амалӣ мешавад. Агар маҳдудиятҳо фарогир бошанд, пас ин ҳамагӣ дастгирии хурдест. Агар маҳдудиятҳо кутоҳмуддат ва маҳдуд бошанд, ҳамин тавре ки ҳоло дар Тоҷикистон рӯи кор меоянд, ин дастгирӣ ба аҳолӣ ва тиҷорати хурд назаррас хоҳад шуд".

Вай афзуд, ки вақте ҷараёни даромад нест, ихтисори андоз, пардохтҳои ҳатмӣ ва харҷҳои гуногун метавонад ба қисми рақобатпазир дар кам шудани талабот ба маводи онҳо дар мӯҳлати муайян кӯмак кунад. Аммо ин истеҳсолоти заифро наҷот намедиҳад.

"Сухан дар бораи дастгириҳои иҷтимоӣ бо мақсади тавонмандии харидории аҳолӣ меравад. Ин чораҷӯиҳо барои бештари кишварҳои ҷаҳон стандартӣ мебошанд", - тавзеҳ медиҳад ӯ.

 

Ин иқдомҳои Тоҷикистон ду моҳ дер қабул шуданд, гуфт дар анҷом Мигранян.

0