Премьер-министр Таджикистана Кохир Расулзода

Мулоқоти Расулзода бо намояндагони СҶБ: ӯ гуфт, Ҳукумат аз оғоз тадбирҳои зарурӣ андешид

2007
(Таҷдидшуда 11:06 05.05.2020)
Қоҳир Расулзода аз намояндаи СММ ва СҶБ даъват кардааст, ки ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус дар Тоҷикистон барои ҷалб намудани кумаки амалии беруна аз ҷониби ташкилоту созмонҳои минтақавию байналмилалӣ ва кишварҳои ҷаҳон мусоидат намоянд

ДУШАНБЕ, 5 май — Sputnik. Дирӯз сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо намояндагони Созмони ҷаҳонии беҳдошт ва роҳбари дафтари Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон мулоқот намудааст, хабар медиҳад АМИТ “Ховар”.    

Бино ба гузориши манбаъ, дар ин мулоқот таъкид шудааст, ки аз оғози хуруҷи бемории сироятии коронавируси нав Ковид-19 Ҳукумати Тоҷикистон барои пешгирӣ аз паҳншавии ин вирус тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд ва ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавии ин бемории сироятӣ бо ташкилоту созмонҳои минтақавию байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони ҷаҳонии беҳдошт, Созмони Милали Муттаҳид ва кишварҳои гуногуни ҷаҳон ҳамкориро тақвият мебахшад.

"Мутаасифона дар Тоҷикистон низ гирифторони ин вирус ба қайд гирифта шуда, шумораашон дар ҳоли афзоиш ёфтан аст".

То 16 август: таътил дар боғчаву мактабҳо тамдид шуд

Тибқи иттилои манбаъ, зимни мулоқот ҷонибҳо роҳу усулҳоеро, ки мутахассисони соҳаи тандурустӣ пешниҳод менамоянд, зарур дониста, таъкид намудаанд, ки барои пешгирии паҳншавии коронавируси Ковид-19 дар Тоҷикистон аз тамоми имконият истифода бурда хоҳад шуд.

Мулоқот бо намояндагони Созмони ҷаҳонии беҳдошт анҷом ёфт: тарафҳо ба чӣ хулоса расиданд?

Ҳамчунин дар мулоқот роҳбари Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус-Ковид-19, сарвазир Қоҳир Расулзода даъват кардааст, ки намояндаи Созмони Милали Муттаҳид ва намояндагони Созмони ҷаҳонии беҳдошт ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус дар Тоҷикистон барои ҷалб намудани кумаки амалии беруна аз ҷониби ташкилоту созмонҳои минтақавию байналмилалӣ ва кишварҳои ҷаҳон мусоидат намоянд.

2007
Барчаспҳо:
ҳамкорӣ, Қоҳир Расулзода, СҶБ, СММ
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (469)
Военный билет. Архивное фото

Боздошти ронандаи Комиссариати ҳарбӣ барои фурӯши билети ҳарбӣ

2
(Таҷдидшуда 12:09 02.06.2020)
Ожонси мубориза бо фасод дар Тоҷикистон аз боздошти Зубайдулло Ҳабибуллоев хабар медиҳад, ки дар фурӯши билети ҳарбӣ муттаҳам мешавад

ДУШАНБЕ, 2 июн – Sputnik. Бино ба иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, Зубайдулло Ҳабибуллоев ронандаи Комиссариати ҳарбии ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд дар фурӯши билети ҳарбӣ муттаҳам мешавад.

Солдат пограничник ГКНБ погранслужба
© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook.

Ба иттилои манбаъ, номбурда санаи 14 апрели соли 2020 бо роҳи фиреб ва суиистифодаи боварӣ аз шаҳрванд Матазимов А.С. барои ба номи писараш-Матазимов Р.А. омода карда додани билети ҳарбии номуносиб ба хизмати ҳарбӣ, маблағи 10000 сомонӣ талаб кардааст.

Манбаъ мегӯяд, Ҳабибуллоев ин маблағро дар ду маврид гирифта тасарруф намудааст.

Гуфта мешавад, дар ин асос нисбати Ҳабибуллоев З.С. бо моддаи 247 қисми 3 банди “а”  Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтиши пешакӣ он идома дорад.

Қаблан ҳолатҳои фурӯши билети ҳарбӣ аз сӯи кормандони комиссариятҳои ҳарбӣ ошкор шуда буд, аммо ин нахустин ҳолат аст, ки аз ҷониби ронандаи комсарият сурат мегирад. 

 

2
Барчаспҳо:
боздошт, Оҷонсии мубориза зидди коррупсия, билети ҳарбӣ, Комиссариати ҳарбӣ, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Тоҷикистон
Охотничье ружье, архивное фото

Тирпарронӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ва маҷрӯҳ шудани як нафар

181
Ҷабридида фавран ба бемористон мунтақил шуд ва феълан дар ҷойи ҳодиса мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз ҳар ду ҷониб тафтишот мебаранд

ДУШАНБЕ, 2 июн – Sputnik. Дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон шаби гузашта тирпарронӣ сурат гирифт. Ба гуфтаи мақомоти қирғиз, афроди номаълум аз сӯи Тоҷикистон ба ҷониби як шаҳрванди Қирғизистон оташ кушодаанд. Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон то ба ҳол қазияро шарҳ надодаанд.

Гуфта мешавад, тирпарронӣ соати 01:30 дақиқа дар деҳаи Эки - Таши вилояти Бодканд рух додааст. 

Афроди номаълум аз ҷониби Тоҷикистон ба сӯйи шаҳрванди 38 - солаи Қирғизистон оташ кушоданд ва ӯро маҷрӯҳ намуданд.

Тирпаронӣ дар марз: КДАМ гуфт, марди қирғиз ҷавонзани тоҷикро паронд

Хадамоти марзбонии Қирғизистон мегӯяд, ронандае,ки самти Ош - Исфана ҳаракат дошт аз тири милтиқи шикорӣ ҷароҳати сабук бардошт ва дар беморхонаи Самарқандак бистарӣ карда шуд.

Дар ҳамин ҳол, шаби гузашта мулоқоти намояндагони пулиси ду кишвар баргузор шуд ва феълан низ гуфтушуниди ҳар ду ҷониб идома дорад. 

Манбаъ меафзояд, айни замон вазъият дар марз мӯътадил аст.

Қаблан, маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон хабар дод, ки соати 11:55-и  27 майи соли 2020 бархилофи созишномаҳои қаблан баимзорасида, шаҳрванди Қирғизистон Бахтибеков Соат, сокини деҳаи Куктоши ҷамоати деҳоти Оқсой ба сӯйи ҷавонзани 25-сола, шаҳрванди Тоҷикистон тир холӣ кард.

Манбаъ аз шаҳрванди тирхӯрдаи Тоҷикистон, Шаропова Шукрона Зуҳурбоевна (Муътабархонуми Зухриддин), соли таваллудаш 1995, истиқоматкунандаи маҳаллаи Қақири Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ ва коргари бригадаи №14-уми тухмипарварии ҳамин маҳалла ном бурд. Шаропова аз қисмати рости баданаш захмӣ шуда буд.

181
Барчаспҳо:
тирпарронӣ, марз, Қирғизистон, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
То кай?: танишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон