Ёдгор Файзов, председатель ГБАО

Маводи ғизоӣ ба Бадахшон бетанаффус ворид мешавад: миннатдории Файзов ба соҳибкорон

1041
Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов барои интиқоли беисти маводи ғизоӣ ба вилоят аз соҳибкорон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ изҳори миннатдорӣ намуд

ДУШАНБЕ, 6 мая — Sputnik. Ба ВМКБ ҳамарӯза маводи ғизоӣ бидуни таъхиркорӣ ва барои саривақт таъмин намудани ниёзи сокинон ворид мсешавад.

Ба иттилои котиботи ин вилоят, ҳамарўза ба қаламрваи вилоят маводи зиёди озуқа чӣ аз ҷониби соҳибкорони ватандўст ва чӣ аз тарафи Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нуқтаҳои фурўши орд ва дигар маҳсулоти хӯрока оварда мешавад.

Зимнан раиси вилоят Ёгор Файзов аз сокинон даъват ба амал овард, ки ба таҳлука дода нашаванд ва саломатии худро ҳифз кунанд.

Файзов дар бораи муҳоҷирон, гуфтугӯи Путину Раҳмон, нархҳо ва зарари зӯрӣ-видео

Ӯ қотеъона талаб намудаст, ки дар бозорҳо теъдоди зиёди одамон ба якборагӣ ҷамъ нашаванд ва саломатии худро зери хатар нагузоранд. Файзов изҳор доштаст, ки танҳо дар як рӯз 120 тонна орд ба Бадахшон ворид шуд ва дар анборҳо нигоҳ дошта мешавад.

Дар робита ба вуруди маводи ғизои раиси вилоят аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва соҳибкороне, ки дар таъмини сокинон бо орд ва дигар маҳсулоти ғизои саҳми арзишманд доранд изҳори миннатдорӣ баён доштааст.

Ба таъкиди Файзов таъмини амнияти озуқаворӣ таҳти таваҷҷўҳи доимии роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, дар самти таъмини маводи ниёзи аввалия ягон мушиклот мавҷуд нахоҳад шуд.

1041
Барчаспҳо:
маводи ғизоӣ, Бадахшон
Представительство Россотрудничества в Таджикистане организовало «Большой этнографический диктант»

Сингапур дар Душанбе донишкадаи байналмилалӣ ифтитоҳ мекунад

14
(Таҷдидшуда 20:30 26.02.2021)
Донишкада мутобиқи стандартҳои умумиэътирофгардидаи байналмилалӣ аз руи низоми бакалавриат ва магистратура кадрҳои баландихтисос тайёр хоҳад кард

ДУШАНБЕ, 26 фев - Sputnik. Дар Душанбе Донишкадаи байналмилалии Сингапур ифтитоҳ мешавад. Дар ин бора имрӯз дар рафти Маҷлиси Ҳукумати Тоҷикистон гуфтанд.

"Дар ҷаласаи Ҳукумат масъалаҳои филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур дар шаҳри Душанбе баррасӣ карданд", - менависад дафтари матбуоти президент.

Манбаъ меафзоянд, дар доираи ҳамкориҳои судманди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Сингапур бо дарназардошти мақоми байналмилалӣ доштан, дар шаҳри Душанбе филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур таъсис дода мешавад.

Ин филиал, ки муваққатан дар бинои Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷой дода мешавад.

Дар он аз ҷониби Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур мутобиқи стандартҳои умумиэътирофгардидаи байналмилалӣ аз руи низоми бакалавриат ва магистратура кадрҳои баландихтисос тайёр карда мешавад.

Дар марҳилаи аввал дар филиали донишкада таълим аз рӯи се ихтисос — мудирияти саноат (менеҷменти индустриалӣ), туризм ва меҳмондорӣ, технология ва амнияти иттилоотӣ ба роҳ монда мешавад.

Минбаъд,  дар сурати ба миён омадани зарурат ва ниёзмандиҳои дигар, ихтисосҳои нави таълимӣ таъсис дода мешаванд.

Бояд тазаккур дод, ки Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур (Management development Institute of Singapore – MDIS) соли 1956  таъсис ёфта, тӯли беш аз 60 соли фаъолият намояндагиҳои худро дар аксар давлатҳои ҷаҳон таъсис додаааст ва яке аз аввалин муассисаҳои олии кишвар маҳсуб меёбад.

Шарикони Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур (Management development Institute of Singapore – MDIS) муассисаҳои олии таълимии кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон,  амсоли  Франсия, Британияи  Кабир, Австралия ва  Амрико буда, хатмкунандагони он бо дипломи дараҷаи байналмилалӣ, ки аз ҷониби  шӯроҳои илмии мактабҳои олии сатҳи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст, сарфароз гардонида мешаванд.

Айни замон дар Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур (Management development Institute of Singapore – MDIS) беш аз 15 000 муҳассилин аз рӯи 26 —  ихтисос таълим мегиранд, ки аз ин шумора беш аз 4000 нафарашон  намояндагони  62 давлати ҷаҳон мебошанд.

Ҷараёни  тадрис дар асоси барномаҳои таълимии Донишгоҳҳои Синдерланд ва Бангори Британия Кабир, ки мутобиқ ба сифати стандарти байналмилалӣ эътироф гардидаанд, ба забони англисӣ ба роҳ монда шудааст.

Ҳайати устодону омӯзгорони таълимгоҳ низ аз ҳисоби кадрҳои баландихтисоси Сингапур, донишгоҳҳои Синдерланд, Бангор ва Станфорди Британияи Кабир ва дигар мутахассисони варзидаи марказҳои муосири илмомӯзии ҷаҳон пурра гардида, дар раванди таълим усулҳои ҳозиразамон ва муштараки таҳсил фаъолона истифода бурда мешаванд.

Барои дохил шудан ба Донишкада курсҳои 6-моҳа ва 10-моҳаи омӯзиши забони англисӣ амал мекунанд.

Пешниҳоди Матвиенко барои афзоиши намояндагии донишгоҳҳои Русия дар Тоҷикистон

Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур имрӯзҳо дар  Ӯзбекистон, Ҳиндустон, Малайзия, Чин ва ғайра кампусҳои таълимии худро бунёд намуда, тасмим гирифтааст, ки барои  Тоҷикистон дар риштаҳои менеҷменти саноатӣ, сайёҳӣ, меҳмондорӣ ва технологияи иттилоотӣ кадрҳои баландихтисоси ҷавобгӯи талаботи замони муосирро омода намояд.

14
Барчаспҳо:
Душанбе, Сингапур, донишкада

Маҷлиси Ҳукумат: аз баррасии тағйири номи минтақаҳо то ҳудуди ноҳияҳои Душанбе

486
(Таҷдидшуда 20:28 26.02.2021)
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Маҷлиси Ҳукумати Тоҷикистонро баргузор кард, ки дар он якчанд масъалаҳо матраҳ шуданд

ДУШАНБЕ, 26 фев - Sputnik. Дар бораи баргузор шудани Маҷлиси Ҳукумати Тоҷикистон дафтари матбуоти раисҷумҳур гузориш медиҳад.

Бино бар иттилои манбаъ, дар он якчанд масъала баррасӣ шуд ва масъулин ҳисобот доданд.

Гуфта мешавад, дар кори маҷлис нахуст гузориши раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ Ориф Хоҷазода шунида шуд.

"Дар соли 2019 майдони 706 гектар заминҳои партов, аз ҷумла 421 гектар обӣ ба гардиши кишоварзӣ ворид карда шудааст. Аз ҷумла, майдони 586 гектар, аз он 302 гектар обӣ ба заминҳои корам ва 120 гектар, аз он 119 гектар партови обӣ ба дарахтони бисёрсола гузаронида шудааст", - гузориш додааст Хоҷазода.

Эмомалӣ Раҳмон дастур додааст, ки бештар заминҳо ба гардиши кишоварзӣ ворид карда шаванд ва хариду фурӯши ғайриқонунии замин пешгирӣ карда шавад.

Лоиҳаҳои як қатор қонунҳо баъди муҳокимаи аъзои Ҳукумати мамлакат барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагон ирсол карда шуд.

Инҳо - “Дар бораи таъмини дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо”, “Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ”, “Дар бораи воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо”,  “Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет”, "Дар бораи чарогоҳ” ва "Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ” мебошанд.

Дар кори маҷлис чор хулосаи Ҳукуматро “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни ҶТ “Дар бораи таҳсилоти иловагӣ” ва Дар бораи пешниҳоди хулосаи Ҳукумати ҶТ ба лоиҳаи Қонуни ҶТ “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни ҶТ “Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ” мавриди муҳокима қарор дода шуд.

Аъзои Ҳукумат ҳамчунин масъалаҳо Дар бораи пешниҳоди Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе оид ба тағйир додани сарҳади ноҳияҳои Шоҳмансур, Фирдавсӣ, Сино ва Исмоили Сомонии шаҳри Душанберо баррасӣ карданд.

Ҳамчунин пешниҳоди Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон оид ба иваз намудани номи баъзе маҳалҳои аҳолинишини ноҳияҳои вилояти Хатлон ва Дар бораи пешниҳоди Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Тоҷикобод оид ба иваз намудани номи баъзе маҳалҳои аҳолинишини ноҳияи Тоҷикобод гуфта шуд.

Баррасии тағйири ҳудуди ноҳияҳои Душанбе: Рустами Эмомалӣ вакилонро ба маҷлис хонд

Дар охири кори маҷлис раиси Ҳукумат ба аъзои Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои саривақтии қарору фармоишҳо, маъракаи кишту кори баҳорӣ, ниҳолшинонӣ, корҳои ободонӣ, созандагию бунёдкорӣ, омодагӣ ба санаи муҳими таърихӣ — 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бе хароҷоти зиёдатӣ ва бо риояи сарфаю сариштакорӣ таҷлил намудани ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ, дастуру супоришҳо доданд.

486
Барчаспҳо:
президент, Маҷлиси ҳукумат, Тоҷикистон