Мақомот санҷид: дору ҳаст, дорухонаҳо ба таври сунъӣ давоҳоро пинҳон медоранд

© Sputnik / Рамиль Ситдиков / Гузариш ба медиабонкСотрудница аптеки разбирает лекарства, архивное фото
Сотрудница аптеки разбирает лекарства, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мақомоти Тоҷикистон зимни рейдҳову санҷишҳо муайян намудааст, ки дорухонаҳо бинобар афзудани талабот нисбат ба давоҳои зиддивирусӣ арзиши онро ба таври сунъӣ ба маротиб боло бурда, ба эҳтиёҷмандон мефурӯхтаанд

ДУШАНБЕ, 7 май — Sputnik. Ахиран дар шаҳри Душанбе бо мақсади муайян намудани омилҳои асосии болоравии арзиши маводи доруворӣ ва камчинии он дар дорухонаҳои кишвар бо ибтикори Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон ва иштироки намояндагони расмии Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Хадамоти гумруки ва дигар сохторҳои марбута вохӯрӣ  доир гардид, иттилоъ додааст АМИТ “Ховар”.

Шерали Кабир - Sputnik Тоҷикистон
Беш аз ним миллиони Кабиров барои мубориза бо коронавирус дар Тоҷикистон

Бино бар иттилои манбаъ, дар ин вохӯрӣ таъкид шудааст, ки вақтҳои охир дар ҳудуди Тоҷикистон бинобар паҳншавии “Ковид-19”, сару садоҳо дар байни сокинон доир ба баланд шудани арзиши баъзе аз номгӯи маводи доруворӣ ва камчин шудани онҳо дар нуқтаҳои фурӯши маҳсулоти тиббӣ зиёд гардидааст.

Дар ин ҷамъомад, мақомот сабаби камчинии баъзе номгӯи дорувориро дар худсарона пинҳон доштан ва ба таври сунъӣ боло бурдани арзиши он аз ҷониби соҳибкорони манфиатҷӯй арзёбӣ карданд.

Дар ҳамин ҳол, намояндагони Хадамоти гумрук иттилоъ доданд, ки воридоти маводи доруворӣ ба ҷумҳурӣ бидуни мушкилӣ ба роҳ монда шудааст ва масъулони Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ пайваста дар ин самт ҳамкории зичро ба роҳ мондаанд.

Дар робита ба ҳолати пешомада, ки мавҷи баҳсҳоро аз ҷониби истеъмолкунандагон ба бор овардааст, масъулони Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон рейди махсуси санҷишӣ дар ҳамбастагӣ бо ниҳодҳои дахлдори соҳа дар ҳудуди пойтахт доир намуда, байни харидорон ва фурӯшандаҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд.

Дезинфекция стадиона в Хатлонской области Таджикистана от коронавируса  - Sputnik Тоҷикистон
Саҳми Кумитаи бехатарии озуқаворӣ дар Фонди мубориза бо коронавирус

Зимни рейди муштарак ошкор гардид, ки баъзе аз савдогарон дар нуқтаҳои фурӯши маводи доруворӣ бинобар афзудани талабот нисбат ба давоҳои зиддивирусӣ арзиши онро ба таври сунъӣ ба маротиб боло бурда, ба эҳтиёҷмандон мефурӯхтаанд.

Дар баъзе ҳолатҳо чунин маводи тиббиро пинҳон дошта, ба мизоҷони наздики худ дастрас менамудаанд.

Намояндагони мақомот таъкид доштанд, ки нисбат ба чунин ашхос дар асоси талаботи қонунгузорӣ чораҳои маъмурӣ андешида шуда, дар сурати такрори ин ҳолатҳо чораҳои иловагии ҷиддӣ аз тарафи мақомоти салоҳиятдор татбиқ хоҳад шуд.

Чунин рейдҳо аз ҷониби ниҳодҳои марбутаи Хадамоти зиддиинҳисорӣ дар миқиёси мамлакат идома хоҳад ёфт.

Лентаи хабарҳо
0