Врачи - Sputnik Тоҷикистон
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Омори ду рӯз дар Хуҷанд: сабти 150 ҳолати "илтиҳоби шуш"

© Sputnik / Илья Питалев / Гузариш ба медиабонкБольница в Коммунарке для пациентов с подозрением на коронавирус
Больница в Коммунарке для пациентов с подозрением на коронавирус - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Давоми ду рӯзи охир дар зерстансияҳои маркази ёрии таъҷилии тиббии шаҳри Хуҷанд, наздики 390 муроҷиати сокинон сабт шудааст. Масъулин мегуянд, ин рақам дар муқоиса бо ин вақт бештар аст

ДУШАНБЕ, 7 май – Sputnik. Мирзонабӣ Мирзоҳошимов, сардухтури маркази ёрии таъҷилии тиббӣ “03” дар Хуҷанд дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон омори даъвати сокинон дар рӯзҳои 5 ва 6-уми майро шарҳ дод.

Сулаймонзода Акрам Раиси шаҳри Исфара - Sputnik Тоҷикистон
Сипоси раиси Исфара аз соҳибкорони маҳалӣ ва бурунмарзӣ барои кумак ба пизишкон

Ӯ гуфт, давоми ду шабонарӯзи охир дақиқан 388 сокини ду соҳили руди Сир дар Хуҷанд адами саломатии худ ба зерстансияҳои ёрии фаврии тиббӣ муроҷиат кардаанд.

“Дар рӯзи 5-уми май дар умум 200 даъвати сокинон аз ҷумла 118 ҳолат аз тарафи сокинони соҳили рост ва 82 муроҷиати сокинони соҳили чапи Сирдарё сабт шудааст. Рӯзи 6-уми май бошад 188 даъвати сокинони ду тарафи соҳил ба қайд гирифта шудааст. Дар умум аз ҳисоби муроҷиати ду рӯзи охир 150 нафар бо сабаби доштани тасфи баланд ва нишондодҳои дигари маризии илтиҳоби шуш (пневмония) ба бемористони клиникавии вилояти Суғд интиқол дода шуда, дигарон, ки маризиашон сабук аст, зери муоинаи духтурони оилавӣ дар хона муолиҷа таъин карда шуд”, - зикр намуд, Мирзоҳошимов.

Сардухтури маркази ёрии таъҷилии тиббии Хуҷанд, афзоиши шумори муроҷиати сокинон ба хусус ҳодисаҳои гирифторӣ ба бемории илтиҳоби шуш ро аз фарорасии авҷи мавсими ин маризӣ шарҳ дод.

Ӯ афзуд, бо гарм шудани ҳарорат эҳтимол дорад, дар рӯзҳои баъдӣ ин рақамҳо ба маротиб поён хоҳад рафт. Мирзоҳошимов мегуяд, эҳтимол дорад аксари онҳое, ки бо нишонаҳои тасфи баланд ба бемористон интиқол дода шуданд, маризиашон сабук буда, эҳтимол дорад баъди се чор рӯзи табобат барои баргашт ба хонаҳояшон рухсат дода шавад.

Варзишгоҳи “Бофанда”  - Sputnik Тоҷикистон
Шифохонаи гардон дар варзишгоҳи “Бофанда”: аз Чину Ӯзбекистон чӣ камӣ дорем?

 Рӯзи 5-уми май, Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд низ аснои сафари кории худ аз фаъолияти зерстансияи ёрии таъҷилии тиббии соҳили рости Хуҷанд дидан карда, аз омори муроҷиати сокинон шинос шуд. Аҳмадзода шумори 118 муроҷиати сокинон давоми 24 соати рӯзи 5-уми май барои ин статсияи ёрии таъҷилии тиббиро зиёд арзёби карда, барои саривақт пешгирӣ намудан аз сирояти бемориҳои сироятӣ ба масъулин дастур дод.

 Раиси вилоят таъкид намуд, ки ба ҳангоми дарёфти нафарони бемори дорои илтиҳоби шуш ё вируси корона масъалаи ба қарантин фарогирифтани аъзоёни оилаи онҳо аз ҷониби духтурон набояд сарфи назар шавад.

 “Мо мардуми раҳмдил ҳастем ва бисёр вақт қоидаҳоро сарфи назар мекунем. Аммо ҳоло ин тавр нест, масъала ҷиддӣ аст, бояд мардум ҳама дарк кунанд ва талаботҳоро риоя кунанд”, - гуфт Аҳмадзода.

Сардухтури ёрии таъҷилии тиббӣ мегуяд, ба ҳисоби илтиҳоби шуш, баландшавии фишор, шамолхурдагӣ, баланшавии меъёри диабети қанд аз зумраи бемориҳое будаанд, ки сокинон бо чунин гирифториҳо, ба унвонии онҳо муроҷиат кардаанд.

Бино ба иттилоъи манбаъ дар маркази ёрии таъҷилии тиббии Хуҷанд ҳоло дар 15 бригада 83 духтурону мутахассисони соҳа ба аҳолии наздик ба 185 ҳазор нафараи шаҳр кӯмаки аввалияти тиббӣ мерасонанд.

Лентаи хабарҳо
0