Доктори эронӣ: 85 дар сади гирифторони коронавирус бидуни табобат сиҳат мешаванд

© AFP 2023 / NEIL HALLМедсестра ухаживает за пациентами в больнице
Медсестра ухаживает за пациентами в больнице - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
15 фоизи баъдӣ ба 2 гурӯҳ тақсим мешаванд. 10 фоизи онҳо метавонанд нишонаҳои шадид пайдо кунанд ва 5 фоизи дигар бояд ба беморхона раванд, меафзояд Ораш Алоӣ

ДУШАНБЕ, 7 май — Sputnik. Ораш Алоӣ, пизишки эронитабори амрикоӣ, дар сӯҳбат бо  телевизиони "Ҷаҳоннамо"-и Тоҷикистон тавзеҳ додааст, ки дар эпидемияи коронавирус чигуна метавон наҷот ёфт.

Аз ҷумла, ӯ таъкид бар он кардаст, ки ба тамоми ваҳшате, ки имрӯзҳо дар бораи коронавирус дар ҷаҳон паҳн мешавад, нигоҳ накарда, беморони КОВИД - 19 будуни табобат ҳам сиҳат мешаванд.

Ба қавли Ораш Алоӣ, ба гурӯҳи чунин ашхос 85 дар сади гирифторони коронавирус дохил мешаванд.

"Бар асоси таҳқиқоти анҷомдодаи ҷаҳоние, ки мо медонем, 85 фоизи шахсони гирифтор ба COVID-19 бидуни табобат сиҳат мешаванд, ё тамоман аломат надоранд ё нишонаҳои хеле сабук доранд. 15 фоизи баъдӣ ба 2 гурӯҳ тақсим мешаванд", - қайд кардааст вай.

10 фоизи онҳо метавонанд нишонаҳои шадид пайдо кунанд ва 5 фоизи дигар бояд ба беморхона раванд. Аз 1 то 3 фоиз ва ё дар баъзе ҳолатҳо то 5 фоиз мефавтанд, афзудааст доктори эронӣ.

Медицинская каталка в больнице, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Дар ҷустуҷӯи беморхона то охирин нафас: фавти модари 4 фарзанд дар Маскав

Ба гуфтаи Ораш Алоӣ, ҳолатҳое мешавад, ки миқдори ками вирус ба бадани бемор ворид мешавад ва маҳз дар ҳамин ҳолат аломатҳои гирифторӣ низ каманд ё умуман вуҷуд надоранд.

"Он механизме, ки боиси аломат мешавад, шиддати системаи иммунитет бар муқобили вирус аст. Дар касоне, ки миқдори ками вирус вориди баданашон мешавад, иммунитети бадан нисбатан мулоим ҷавоб медиҳад. Бо ин сабаб нишонаҳо дар онҳо кам мешаванд. Лекин, вирус дар бадани онҳо паҳн мешавад ва онҳо манбае ҳастанд, ки бо дигарон вирусро интиқол медиҳанд", - гуфтааст вай.

Доктор тавсия додааст, ки дар ҳолати нишонаҳои авалини коронавирус сулфа ва ҳарорат беморон дар хона монанд, аммо агар тасфашон аз 39 боло шавад ва нафаскашӣ дар як дақиқа аз 25 маротиба зиёд шавад, пас ба духтур муроҷиат кунанд.

Жители города Душанбе в защитных масках на улице - Sputnik Тоҷикистон
Омори COVID-19 дар Тоҷикистон: 4 фавт ва 82 мавриди ҷадид

Дар акси ҳол, бемор бояд оби гармро бисрат нӯшад ва баъди 2 ҳафта пурра сиҳат хоҳад шуд.

Доктор ба нафароне, ки бӯй ва маззаро гум кардаанд, мегӯяд, ки он метавонад баъди ҳафтаҳо ва ҳатто баъди моҳҳо баргардад ва аз ин набояд нигарон шуд.

"Аз замоне, ки  аломатҳо  пайдо  гардида, паст мешаванд, як  ҳафта баъд дигар  ин фард на худаш бемории вирусро дорад ва на ба  дигарон  вирусро  паҳн  мекунад, лекин  агар сулфа мезанад эҳтимол он чанд ҳафта тул кашад. Ҳастанд нафароне, ки мушкилоти  шуш ё буёӣ  доранд, чун дар касоне, ки ба COVID-19 гирифтор мешаванд, дар чанд  дарсадашон ҳисси буёӣ аз байн  меравад ва маззаро  хуб  эҳсос  намекунанд. Бинобар ин, бояд ба ташвиш наафтанд, чунки эҳтимол  он чанд ҳафта ё баъзан чанд моҳ тул мекашад. Муҳим  нест, ки  шумо  аломат  доред ё  надоред, муҳим он аст, ки  ду то се ҳафтаи оянда, ки  шуруи паҳншавии COVID-19 дар  Тоҷикистон ҳастанд, қоидаҳои гигиениро риоя кунед", - тавсия медиҳад Ораш Алоӣ.

Лентаи хабарҳо
0