50 ҳазор сомонӣ: пайравии кормандони Хадамоти зиддиинҳисорӣ аз президент Раҳмон

245
Раис ва як сардори шуъбаи Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати Тоҷикистон ба шифохонаи ноҳияи Вахши вилояти Хатлон ба маблағи 50 ҳазор сомонӣ кӯмак карданд

ДУШАНБЕ, 8 мая — Sputnik. Бино ба иттилои Маркази матбуоти Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон, Абдулмаҷид Муъминзод, сардор ва Акмал Ҷӯраев, сардори шӯъбаи танзими соҳаи электроэнергетикии ин ниҳод барои муқобила бо "вируси корона" ба шифохонаи ноҳияи Вахш либоси хоси тиббӣ, даспӯшак, гипахларид, маводҳои хӯрока, орд, равған, маҳлулҳои антисептикӣ ва дигар маводҳои лозима кӯмак карданд. "

Маводи мазкур аз 500 кило хлор, 200 литр маҳлули моеъи безараргардонӣ, 70 адад либосҳои муҳофизатӣ ва 120 литр маводи антисептикӣ иборат мебошад", - омадааст дар хабар.

Беш аз ним миллиони Кабиров барои мубориза бо коронавирус дар Тоҷикистон

Рӯзи 1 май пас аз як рӯзи эълони аввалин мавориди гирифторӣ ба "вируси корона" маркази матбуоти президенти Тоҷикистон хабар дод, ки Эмомалӣ Раҳмон маоши вазифавии якмоҳаашро барои мубориза бо ин маризӣ ба суратҳисоби махсус, ки барои маблағгузории чорабиниҳои пешгирӣ ва мубориза бо пандемияи COVID-19 кушода шудааст, таҳвил дод.

Дар пайравӣ аз иқдоми президент Маҳмадтоир Зокирзода, раиси Маҷлиси намояндагон, Рамазон Рахимзода, вазир корҳои дохилӣ, Акрам Сулаймонзода, раиси шаҳри Исфара, Шералӣ Кабиров, раиси ширкати "Талко" ва дигарон ҳазорҳо сомонӣ маоши якмоҳаву ниммоҳа ва Шоҳрух Саидзода, президенти клуби футболи "Истиқлол" маоши яксолаи худро ба ин суратҳисоби махсус рехтанд.

245
Барчаспҳо:
маош, Хадамоти зиддиинҳисорӣ
Сотрудники пограничной службы на пункте пропуска Кен-Булун автодорожный на границе Кыргызстана и Казахстана. Архивное фото

Марзи Тоҷикистон ба рӯйи кадом ҳамсоягонашбоз мондааст?

281
(Таҷдидшуда 17:33 28.05.2020)
Тоҷикистон дар пайи таҳдиди паҳншавии коронавирус ҳанӯз аввалҳои моҳи апрел гузаргоҳҳои марзиро баста буд

ДУШАНБЕ, 28  май — Sputnik. Мудири идораи ҳамлу нақли заминии Вазорати ҳамлу нақли Тоҷикистон Фарух Неъматзода гуфтааст,  ба далели шуюи Корона фақат 7 гузаргоҳи ҳамлу нақли байналмилаллӣ дар ин кишвар бозаст.

Ба нақл аз сомонаи "Парс тудэй", Фарух Неъматзода ин матлабро дар нишасти видио канфронсии интиқоли байналмилаллии коло дар шароити густариши Корона эълон кард.

Вай дар ин нишаст,ки бо талоши Бонки рушд ва бозсозии Аврупо баргузор шуд гуфтааст, ки дар ҳоли ҳозир аз 19 гузаргоҳи марзии Тоҷикистон бо Узбакистон фақат 3 гузаргоҳ фаол аст.

"Ҳамчунин дар марзҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон ду гузаргоҳ ва Тоҷикистон бо Чин ва Афғонистон ҳам як гузаргоҳ боз аст", - афзудааст вай.

Ин мақоми Вазорати ҳамлу нақли Тоҷикистон таъкид кард,ки аз тамоми ронандагони мошинҳои боркаш ҳангоми вуруд ба Тоҷикистон озмоиши Корона гирифта мешавад ва дар сурати доштани алоими бемори карантина мешаванд.

Тоҷикистон дар пайи таҳдиди паҳншавии коронавирус ҳанӯз аввалҳои моҳи апрел гузаргоҳҳои марзиро баста буд.

281

Кумитаи кор бо ҷавонон мутахассиси касбӣ меҷӯяд, аммо маош 868 сомонӣ

270
(Таҷдидшуда 19:36 28.05.2020)
Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон барои ишғоли мансабҳои холӣ озмуни кушода эълон намудааст

ДУШАНБЕ, 28  май — Sputnik. Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон барои мансабҳои холӣ дар шаҳри  дар Душанбе, вилояти Хатлон, Суғд, ВМКБ, ва шаҳру ноҳияиҳои тобеи ҷумуҳрӣ озмун элон намудааст.

Масъулини кумитаи таъкид намудааснд, ки маоши вазифавии мутахассисоне, ки ба кор ҷалб карда мешаванд аз 868 то 1400 сомониро ташкил медиҳад. Манбаъ зикр намудааст, ки дар дастгоҳи марказӣ ба ҳафт мутахассис, дар вилояти Хатлон ба 6 мутахассис, Суғд  ба 5 нафар, дар ВМКБ ба 2 нафар ва дар Шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба 3 нафар дар Душанбе ба 2 нафар мутахассиси ҳирфаӣ, ки тариқи озмун интихоб мешаванд ниёз дорад. Дар маҷмӯъ ин Кумита ба  25 мутахассис ниёз дорад.

Манбаъ таъкид намудааст, ки нафароне, ки барои мансаби сардори Шуъба даъво хоҳанд кард, бояд дорои таҳсилоти олии касбӣ, чаҳор соли собиқаи хизмати давлатӣ ё 5 сол собиқаи умумии меҳнатӣ, донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ бошанд.

Барои ишғоли мансаби сармутахассис, таҳсилоти олии касбӣ, ду сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ, малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ лозим будааст.

Аммо барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбар ва мутахассис таҳсилоти олии касбӣ,  ва як соли собиқаи умумии меҳнатӣ.

Рӯйхати пурраи вазифаҳои холӣ дар сомонаи расмии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди ҳукумати Тоҷикистон нашр шудааст.

270
Барчаспҳо:
маош, мутахассисон, озмун, мансаб, Кумитаи ҷавонон, Тоҷикистон
Президент Кыргызской Республики Сооронбай Жээнбеков

Сооронбой Жээнбеков барои таҷлили Рӯзи Пирӯзӣ ба Маскав меравад

0
(Таҷдидшуда 18:43 28.05.2020)
Гузашти низомӣ ба муносибати Рӯзи Пирӯзӣ дар Маскав рӯзи 24 июн баргузор мешавад. Рӯзи таҷлили ид дар Маскав чораҳои амниятӣ шадид мешавад

ДУШАНБЕ, 28  май — Sputnik. Президенти Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков дар гузашти низомӣ ба муносибати 75-умин солгарди Рӯзи Пирӯзӣ ширкат хоҳад кард, хабар медиҳад Sputnik Қирғизистон.

Ин хабарро раҳбари хадамоти матбуотии президент, Толгонай Стамалиев таъйид кардааст.

Ёдрас мешавем, ки имсол ба далели паҳншавии коронавируси навъи COVID - 19 таҷлили оммавии Рӯзи Пирӯзӣ дар Русия, ки ҳамасола рӯзи 9 май, баргузор мешуд, лағв шуд.

Президенти Русия Владимир Путин, рӯзи 26 май фармон дод, ки омодагӣ барои таҷлили 75-умин солгарди Пирӯзӣ дар Ҷанги Бузурги Ватаниро дар пойтахти Русия шаҳри Маскав ва дигар шаҳрҳо оғоз шавад.

Беш аз миллион нафар аз 60 кишвари ҷаҳон суруди "Рӯзи Пирӯзӣ" - ро сароиданд - видео

Ӯ қайд кард, ки рӯзи 24 июн барои таҷлили ин иди бузург рӯзи мувофиқ аст, чун маҳз дар ин таърих нахустин бор соли 1945 гузашти низомии қаҳрамонон баргузор шуда буд.

Дақиқаи хомӯшӣ барои поси хотири қурбониёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ

Дар баробари ин президент ба вазири дифоъ Сергей Шойгу фармуд, то замони таҷлили ид амнияти шаҳрвандон қатъиян таъмин шавад ва хатари сироятёбӣ ба коронавирус дар он рӯз кам карда шавад.

0
Барчаспҳо:
ҷашни рӯзи Ғалаба, Маскав, сафар, Сооронбой Жээнбеков, Маскав
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон