День 9 мая

Ҷашнҳои рӯзи 9 май дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

123
(Таҷдидшуда 21:12 08.05.2020)
Рӯзи нуҳуми май аз Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ таҷлил гирифта мешавад. Аз ин ҷашни муборак тамоми кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ҷашн мегиранд

Рӯзи 9 май дар ҷаҳон чӣ рух дод

соли 1917 Ҳукумати муваққатии Русия дар бораи пурра барҳам додани сензураи матбуот хабар дод.

Соли 1956 Ҷумҳурии Федеративии Германия ба ҳайати Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ (СААШ — НАТО) шомил шуд.

Соли 1754 аввалин расми ҳаҷвии (карикатураи) амрикоӣ нашр шуд

Рӯзи 9 май дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 1975 дар шаҳри Душанбе боғи фарҳангӣ-фароғатии "Ғалаба" ифтитоҳ гардид.

День 8 мая
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария
Соли 2009 ташкилотҳои бузурги чавонони Тоҷикистон, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон ва Россия дар Конфронси таъсискунандаи Шӯрои ҷавонони Созмони Ҳамкории Шанхай иштирок намуданд.

Соли 2011 дар шаҳри Кавасакии Япония дар Чемпионати ҷаҳон оид ба варзиши сабук гурзандози тоҷик, президенти Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон Дилшод Назаров мақоми сеюмро касб намуд.

Ҷашнҳои рӯзи 7 май дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 2012 дар шаҳри Душанбе миёни Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати HOS International Trading (PTY) Ltd (Малайзия) Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика ба имзо расид.

оли 2013 Федератсияи байналмилалии футбол раддабандии нави дастаҳои мунтахаби футболи ҷаҳонро нашр намуд, ки дар он дастаи мунтахаби Тоҷикистон мақоми 112-умро ишғол кард.

Соли 2014 бо иштироки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар Боғи Ғалабаи пойтахт ба муносибати солгарди 69-уми Ғалаба бар фашизм маросими гулгузорӣ дар назди гулхани ёдгорӣ баргузор шуд.

Ҷашнҳои рӯзи 9 май

  • Рӯзи Ғалаба.
123
Барчаспҳо:
ҷашн, ҷаҳон, Тоҷикистон
Тонущий человек, архивное фото

Ғарқшавии ду ҷавон дар Хатлону Ҳисор: ҷасади яке ёфт ва дигаре то ҳол бедарак аст

44
(Таҷдидшуда 16:04 04.06.2020)
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон аз ду ҳодисаи ғарқшавии сокинони Хатлон ва Ҳисор хабар медиҳад

ДУШАНБЕ, 4 июн — Sputnik. Наҷотбахшони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон давоми ду рӯз ҷасади дар об ғарқшудаи як сокини  23 - солаи деҳаи Пахтакори ноҳияи Кушониёнро меҷӯянд.

Ба иттилои котиботи КҲФ, Дониёр Азизов сокинои ноҳия Кушониён ҳангоми оббозӣ дар дарёи Вахш аз беэҳтиётӣ ғарқ шудааст.

"Хабари ғарқи дарё шудани ӯ ба Раёсати КҲФ дар Хатлон рӯзи 3-уми июн расид ва худи ҳамон лаҳза кормадони наҷот, ба ҷойи ҳодиса рафтанд ва то бегоҳ ҷасадро кофтанд. Вале ҷустуҷӯҳои рӯзи аввал натиҷа надод ва имрӯз, 4-уми июн корҳои кофтуков аз сар гирифта шуданд", - таъкид мешавад дар хабар.

Манбаъ аз ғарқшавии як ҷавони 18 - солаи дигар дар ноҳияи Ҳисор хабар медиҳад, ки баъди аз зуҳри рӯз 3 - уми май иттифоқ афтодааст.

Гуфта мешавад, сокини 18 - солаи деҳаи Мирзочӯли ноҳияи Рӯдакӣ ҳангоми оббозӣ дар канали калони Ҳисор ғарқ шуд.

Боқимондаҳои ҷасади сайёҳи рус, ки дар рӯди Хингоб ғарқ шуда буд, пайдо гардид

"Корҳои ҷустуҷӯи ҷасади ғарқшуда дирӯз то соати 20:05 дақиқа идома дошт, вале он бенатиҷа анҷомид", - омадааст дар хабар.

Зимнан, субҳи имрӯз, соати 03:00 сокинони деҳа ҷасадро тақрибан 70 метр поёнтар аз ҷойи ҳодиса мушоҳида карданд ва он аз об берун оварда шуда, ба пайвандонаш супурда шуд.

44
Парк Душанбе

Барқарор кард: боздошти ронандае, ки дар "Наврӯзгоҳ" дарахти "Каштанка" - ро шикаст

151
(Таҷдидшуда 13:45 04.06.2020)
Раёсати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти ронандае хабар медиҳад, ки аз беэҳтиётӣ дар назди боғи "Наврӯзгоҳ" дарахти "Каштанка" - ро шикаст

ДУШАНБЕ, 4  июн — Sputnik. Раҷабов Умарҷони 19 - сола ронандаи автомашинаи тамғаи Мерседе-Бенс 1 - адад дарахти ороишии бо номи "Каштанка" - ро шикастааст, хабар медиҳад котиботи Раёсати умури дохилӣ дар шаҳри Душанбе.

Ба иттилои манбаъ, номбурда санаи 30 - юми май ҳангоми ҳаракат тавассути кӯчаи Ҳофизи Шерозӣ дар назди боғи "Наврӯзгоҳ" аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, дар қисми кабудизоршудаи канори роҳи автомобилгард 1-адад дарахтони ороиширо шакастааст.

Дастури Президент: вакилон тӯли панҷ сол 20 дарахт мешинонад

Зимнан, нисбати ӯ тибқи талаботи моддаи 334-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, ҳамзамон номбурда зарари расонидашударо барқарор намудааст.

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ба иттилои шаҳрвандон ва ронандагони воситаҳои нақлиёт мерасонад, ки нисбати ободиву зебогиҳои кишвар арҷ гузоранд ва барои боз ҳам зебо гардонидани гулгашту хиёбон ва муҳити атроф саҳмгузор бошанд.

151
Барчаспҳо:
решакан шудани дарахтон, ронанда, Тоҷикистон