Ҷамъомад намешавад: раисон соҳибҷашнҳоро имрӯз дар хона табрик мекунанд

163
(Таҷдидшуда 17:45 09.05.2020)
Ҷамъомади тантанавӣ, ки дар рӯзи 9-уми майи ҳар сол ба унвони Иди Ғалаба дар маркази шаҳру навоҳии Тоҷикистон баргузор мешуд, имсол бо сабаби хуруҷи бемории ҳамагири COVID – 19 баргузор намешавад

ДУШАНБЕ, 9 май – Sputnik. Шавкат Алиев, муовини роҳбари собиқадорони ҷанг ва меҳнат дар Суғд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ба далели вазъи баамаломадаи вируси корона имсол, шодбошии ҳамаи иштирокчиёни ҶБВ аз ҷониби масъулин дар хонаҳояшон сурат мегирад.

"Ягон ҷамъомад намешавад, вале гулчанбарҳоро худи роҳбарони шаҳру ноҳияҳо бар пояи муҷассамаи шаҳидони ҶБВ дар шаҳру ноҳияҳо мегузоранд. Қарор аст, имрӯз Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд ҳам соати 10:00 бо вақти маҳаллӣ бар пояи Муҷассамаи шаҳидони ҶБВ дар Хуҷанд гулчанбар гузорад",- зикр намуд, Алиев.

Ба иттилоъи манбаъ имсол аз ҷониби раисиҷумҳур барои ҳар як иштирокчии ҶБВ, 6 ҳазор сомонӣ кӯмакпулӣ тахсис шуда ва онро раисони шаҳру ноҳияҳо тақдим кардаанд.

Ба ҳисоби ин, аз ҷониби ҳукумати Суғд барои иштирокчиёни ҶБВ, 4 ҳазор сомонӣ ва нафарони дар ақибгоҳ меҳнат карда 2 ҳазор сомонӣ ҷудо шуда, раисони шаҳру ноҳияҳо ҳм ба миқдори аз 100 то 2 ҳазор сомонӣ барои иштирокчиёну заҳматкашони ҶБВ ба муносибати Иди Ғалаба кӯмакпулии яквақта дастрас карда мешавад.

Ҳам табобат мекарданд ва ҳам таъмин: саҳми Тоҷикистон дар пирӯзӣ бар фашизм

Имсол дар кишварҳои собиқ иттиҳоди шӯравӣ аз 75- солагии Иди Ғалаба таҷлил мекунанд. Бар асоси иттилоъи Шӯрои собиқадорони ҷанг ва меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои иштирок дар ҶБВ, ки бар муқобили фашизм сурат гирифтааст, (солҳои 1941-1945) аз кишвар ҳудуди 300 ҳазор мардону занон сафарбар шуда, 92 ҳазор кас аз ин шумор, дар миёни оташи ҷанг ҳалоку бенишон шудааанд, ки 30 ҳазори онҳо сокинони вилояти Суғд гуфта мешавад. Дигарон бо бардоштани захмҳои зиёд, вале бо шаҳди пирӯзӣ ва ғалабаи мутлақ худро ба ватан расонданд.

Шавкат Алиев мегуяд, ҳоло 46 нафар дар Суғд аз ҷумла дар Истаравшан 4 нафар, Ашт 9 нафар, Бобоҷон Ғафуров 5 нафар, Бӯстон 1 нафар, Деваштич 6 нафар, Исфара 4 нафар, Конибодом 3 нафар, Кӯҳистони Мастчоҳ 1 нафар, Мастчоҳ 2 нафар, Панҷакент 2 нафар, Спитамен 2 нафар, Ҷаббор Расулов 5 нафар ва Шаҳристон 2 нафар иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ даврони пирӣ меронанд. Онҳое, ки дар замони ҷанг дар ақибгоҳ истода кор кардаанд, ҳоло 273 нафар шумурда мешаванд.

163
Барчаспҳо:
дидор бо иштирокчиёни ҶБВ, ҶБВ
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (453)
Авария на трассе Р-22 Тамбов - Волгоград - Астрахань

ВУД: дар ду рӯзи истироҳат дар се садамаи нақлиётӣ панҷ нафар ба ҳалокат расид

6
(Таҷдидшуда 10:47 01.06.2020)
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон эълон доштааст, ки дар садамаҳои нақлиётие, ки санаи 30-31 май, рӯзҳои шанбе ва якшанбе дар роҳҳои ҷумҳурӣ рух додааст, се нафар ҷони худро аз даст додааст

ДУШАНБЕ, 1 июн - Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти вазорати умури дохила, санаи 30-уми майи соли равон, ронандаи автомашинаи тамғаи “ДЭУ-Сиело” Мусоев Мамараҷаб, сокини ҷамоати шаҳраки 20-солагии Истиқлолияти ноҳияи Дустӣ ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Хуросон, ба самти ноҳияи Қубодиён, дар ҳудуди деҳаи Тоҷикобод, аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, хкдравашро ба ҷуйбори обгузари канори роҳ чаппа намудааст.

Тибқи иттилои манбаъ, дар натиҷа ронанда Мусоев М.Ҳ ва мусофири худрави мазкур Холиқов Маҳмадбобо, сокини ҷамоати шаҳраки 20-солагии Истиқлолияти ноҳияи мазкур дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расиданд.

Ҳамзамон, мусофирони дигари ин худрав Бобоев Рустам ва Қурбоналиев Абдувалӣ, ки ҳарду сокинони ҷамоати шаҳраки 20-солагии Истиқлолияти ҳамин ноҳия мебошанд дар беморхона бистарӣ гардидаанд.

Инчунин ВУД ТОҷикистон хабар медиҳад, ки як садамаи марговар санаи 30-уми май дар ҳудуди ҷамоати шаҳраки Оби-киики ноҳияи Хуросон рух додааст.

“Ронандаи худрави “Лексус”, Хусрави Маҳмасаид, сокини ҷамоати деҳоти Навободи ноҳияи Ҷ.Балхӣ, ҳангоми ҳаракат кардан аз самти шаҳри Бохтар ба самти шаҳри Душанбе, дар ҳудуди ҷамоати шаҳраки Оби-киики ноҳияи Хуросон пиёдагардон, Шералиев Убайдулло Абдуҷалилович, соли таваллудаш 1952, сокини ҷамоати деҳоти Ғаллаободи ноҳияи мазкур ва Олимова Гулбаҳор Абдуҷалиловна, соли таваллудаш 1975, сокини ҳамон ҷоро пахш намудааст”, - таъкид дошт ВУД Тоҷикистон.

Дар натиҷа Шералиев У.А. ва Олимова Г.А. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.

Мутаасифона Шералиев Убайдулло дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Ин ҳам дар ҳолест, ки рӯзи 31-уми май тахминан соати 16:10-дақиқа, ронандаи худрави “Опел-Астра” Қадамов Озодӣ, сокини ноҳияи Ванҷ ҳангоми ҳаракат кардан дар шоҳроҳи “Душанбе-Сангвор-Дарвоз”, воқеъ дар мавзеи “Шаъидон”-и ноҳияи Дарвоз аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба чуқурии баландиаш 300-метр чаппа шудааст.

Дар натиҷа мусофирони автомашинаи мазкур Худоиев Асламшо Ақбердиевич, ва Худоиев Умар, сокиони ноҳияи, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.

Худи ронанда, Қадамов Озодӣ ва мусофири дигар, Нодулёбов Амруло Аҳёевич, сокини ноҳияи Ванҷ, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.

Дар ҳоли ҳозир кормандони милитсияи кишвар аз руи ин ҳодисаҳо таҳқиқотро идома доранд.

6
Барчаспҳо:
истироҳат, ҳалокат, ҷумҳурӣ, роҳҳо, нақлиёт, садама, Тоҷикистон
Самолет компании Уральские авиалинии, архивное фото

49 муҳоҷиру 13 ҷасад: ҳавопаймои Русия шаҳрвандони Тоҷикистонро ба Ватан расонд

170
Мақомоти Тоҷикистон элон намудааст, ки аз 19 то 30 майи соли равон дар ҳамоҳангӣ бо Русия 680 нафар шаҳрвандони кишвар ба Ватан баргардонида шуд

ДУШАНБЕ, 1 июн - Sputnik. Санаи 29 май бо парвозҳои махсуси ширкати “Уральские авиалинии” 49 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки тайи чанд моҳи охир дар марказҳои нигоҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷии Русия қарор доштанд, аз Маскав ба Душанбе баргардонида шуданд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон.

Ҳамчунин тибқи иттилои манбаъ бо ин парвози махсус 13 ҷасади шаҳрвандони кишвар ба Ватан интиқол ёфтанд.

Манбаъ зикр кардааст, ки ҳамин тариқ, аз 19 то 30 майи соли равон дар ҳамоҳангӣ бо Русия аз марказҳои нигоҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷии он кишвар ба Тоҷикистон дар маҷмӯъ 680 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ҳуҷҷатҳои омодашудаи зарурӣ барои сафар доштанд, инчунин ҷасадҳои 58 ҳамватан баргардонида шуданд.

Вазорат умури хориҷаи Тоҷикистон таъкид доштааст, ки барои иҷрои дастури раисҷумҳури кишвар доир ба татбиқи нақшаи тадриҷан ва марҳила ба марҳила баргардонидани шаҳрвандон, айни замон имконияти анҷом додани парвозҳои махсус (чартерӣ) ба/аз Русия ва дигар кишварҳо аз ҷониби ширкатҳои ҳавоии ватанӣ мавриди корбарӣ қарор дорад.

Ҳамзамон манбаъ қайд кардааст, ки раванди бозгардонидани шаҳрвандон аз хориҷа ба Ватан ба фароҳам оварда шудани шароити зарурӣ, аз ҷумла омода будани ҷойҳои кофӣ барои карантин ё муроқибати тиббии онҳо дар Тоҷикистон вобаста хоҳад буд.

170
Барчаспҳо:
ҷасад, Ватан, баргардонидан, кишварҳо, Тоҷикистон