Мэр Душанбе Рустам Эмомали

Қарори нави Рустами Эмомалӣ: омодагӣ ба зимистони 2020-2021 ва супоришҳо ба масъулин

1390
(Таҷдидшуда 13:02 09.05.2020)
Рӯстами Эмомалӣ раисони ноҳияҳои Душанбе, роҳбарони корхонаю муассисаҳои пойтахтро вазифадор намудааст, ки барои сари вақт омода намудани фаъолияти мунтазами корхонаҳо, тирамоҳу зимистони солҳои 2020 — 2021, бетаъхир нақшаи чорабиниҳои мушаххасро таҳия ва амалӣ намоянд

ДУШАНБЕ, 9 май — Sputnik. Раиси шаҳри Душанбе, Рустами Эмомалӣ "Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти  пойтахт барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони 2020 – 2021" ба тасвиб расид. Дар ин бора мақомоти шаҳри Душанбе хабар медиҳад.

Рӯстами Эмомалӣ дар ин росто муовинонаш, раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе, роҳбарони корхонаю муассисаҳо ва ташкилотҳои пойтахтро вазифадор намудааст, ки новобаста аз тобеияти идоравӣ ва шакли моликият, доир ба сари вақт омода намудани фаъолияти мунтазами корхонаю ташкилотҳо дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2020 — 2021, бетаъхир нақшаи чорабиниҳои мушаххасро таҳия ва амалӣ намоянд.

Дар қарор омадааст, ки бо мақсади баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ба аҳолии шаҳр дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2020 — 2021 ҷиҳати иҷрои саривақтии қарори мазкур ва ҳалли масъалаҳои бамиёномада дар ноҳияҳо корхонаю муассисаҳо ва ташкилотҳои шаҳри Душанбе таҳти сарварии раисони ноҳияҳо ва роҳбарони аввали сохторҳо ситодҳои дахлдор таъсис дода шаванд.

Тибқи қарори мазкур, Муассисаи давлатии «Шабакаи гармидиҳандаи шаҳри Душанбе» бояд вазифаҳои зеринро иҷро намояд:

  • чорабиниҳои санҷишиву омодасозии бинову иншооти таъминоти гуногунро (манзилҳои истиқоматӣ, муассисаҳои маорифу тандурустӣ ва дигар корхонаю ташкилот) дар муҳлатҳои муайянгардида бо пешниҳоди шиносномаи тайёрӣ ба анҷом расонида, ҳамчунин мутобиқи талаботи қонунгузории амалкунанда бо истифодабарандагони энергияи гармӣ шартномаҳои дахлдори хизматрасониро ба имзо расонад;
  • якҷо бо раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ, сохторҳои идоракунии биноҳои бисёрхонагӣ, соҳибмулкони манзили биноҳои бисёрхонагӣ баҳри омода намудани системаҳои гармитаъминкунии дохилибиногии истифодаи умум тадбирҳои мушаххас андешанд.

Ҳамчунин Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» вазифадор шудааст, ки бо мақсади омодасозии иншооту воситаҳои технологии истеҳсолу интиқоли оби нӯшокӣ, қабулу тозакунии оби ғализ ва таъмини фаъолияти мунтазаму самараноки онҳо дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2020 — 2021 ҷиҳати ба миқдори меъёрӣ захира намудани маводи безараргардонӣ ва обсофкунӣ дар истгоҳҳои обтаъминкунии шаҳрӣ, тадбирҳои зарурӣ андешад.

Раиси шаҳри Душанбе бо ин қарор Корхонаҳои коммуналии воҳиди давлатии «Автобус — 1», «Автобус — 2», «Автобус — 3», «Троллейбус» ва Муассисаи давлатии коммуналии «Душанбенақлиётхадамотрасон»-ро вазифадор намудааст, ки  нақшаи чорабинҳои омодагиро барои гузаронидани мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021 то 1 июни соли 2020 таҳия ва тасдиқ намоянд.

"Ҷаласаҳои сайёри ситоди шаҳрӣ дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва сохторҳои дахлдор бо иштироки бевоситаи роҳбарони мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ ва сохторҳои идоракунии биноҳои бисёрхонагӣ, роҳбарони сохторҳои шаҳриву ноҳиявии марбута гузаронида шаванд, — тазаккур дода шудааст дар қарор ва таъкид гардидааст, ки сардори ситод дар ҳолатҳои зарурӣ роҳбарони корхонаю идораҳо, муассисаҳо ва намояндагони дахлдори мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатиро барои баррасии масъалаҳои корӣ ба ҷаласаҳо даъват намояд".

Инчунин тибқи ин қарор раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе, сардорони воҳидҳои сохтории дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе, мақомот, корхонаю муассисаҳо ва ташкилотҳои шаҳри Душанбе новобаста аз тобеияти идоравӣ ва шакли моликият дар мувофиқа бо муовинони раиси шаҳри Душанбе — сарпарастони соҳаҳо аз рафти иҷрои нақшаи чорабиниҳо то санаи 5-уми ҳар моҳ маълумоти муфассал ба унвонии раиси шаҳри Душанбе пешниҳод намоянд.

Ҳамчунин шуъбаи энергетика ва саноати дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе муваззаф гардидааст, ки на дертар аз санаи 10-уми ҳар моҳ оид ба иҷрои муқаррароти қарори мазкур ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳолати зарурӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо роҳбарияти мақомот ахборот манзур намояд.

1390
Барчаспҳо:
зимистон, қарор, Рустами Эмомалӣ, Душанбе
Военный билет. Архивное фото

Боздошти ронандаи Комиссариати ҳарбӣ барои фурӯши билети ҳарбӣ

67
(Таҷдидшуда 12:09 02.06.2020)
Ожонси мубориза бо фасод дар Тоҷикистон аз боздошти Зубайдулло Ҳабибуллоев хабар медиҳад, ки дар фурӯши билети ҳарбӣ муттаҳам мешавад

ДУШАНБЕ, 2 июн – Sputnik. Бино ба иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, Зубайдулло Ҳабибуллоев ронандаи Комиссариати ҳарбии ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд дар фурӯши билети ҳарбӣ муттаҳам мешавад.

Солдат пограничник ГКНБ погранслужба
© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook.

Ба иттилои манбаъ, номбурда санаи 14 апрели соли 2020 бо роҳи фиреб ва суиистифодаи боварӣ аз шаҳрванд Матазимов А.С. барои ба номи писараш-Матазимов Р.А. омода карда додани билети ҳарбии номуносиб ба хизмати ҳарбӣ, маблағи 10000 сомонӣ талаб кардааст.

Манбаъ мегӯяд, Ҳабибуллоев ин маблағро дар ду маврид гирифта тасарруф намудааст.

Гуфта мешавад, дар ин асос нисбати Ҳабибуллоев З.С. бо моддаи 247 қисми 3 банди “а”  Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтиши пешакӣ он идома дорад.

Қаблан ҳолатҳои фурӯши билети ҳарбӣ аз сӯи кормандони комиссариятҳои ҳарбӣ ошкор шуда буд, аммо ин нахустин ҳолат аст, ки аз ҷониби ронандаи комсарият сурат мегирад. 

 

67
Барчаспҳо:
боздошт, Оҷонсии мубориза зидди коррупсия, билети ҳарбӣ, Комиссариати ҳарбӣ, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Тоҷикистон
Охотничье ружье, архивное фото

Тирпарронӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ва маҷрӯҳ шудани як нафар

312
Ҷабридида фавран ба бемористон мунтақил шуд ва феълан дар ҷойи ҳодиса мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз ҳар ду ҷониб тафтишот мебаранд

ДУШАНБЕ, 2 июн – Sputnik. Дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон шаби гузашта тирпарронӣ сурат гирифт. Ба гуфтаи мақомоти қирғиз, афроди номаълум аз сӯи Тоҷикистон ба ҷониби як шаҳрванди Қирғизистон оташ кушодаанд. Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон то ба ҳол қазияро шарҳ надодаанд.

Гуфта мешавад, тирпарронӣ соати 01:30 дақиқа дар деҳаи Эки - Таши вилояти Бодканд рух додааст. 

Афроди номаълум аз ҷониби Тоҷикистон ба сӯйи шаҳрванди 38 - солаи Қирғизистон оташ кушоданд ва ӯро маҷрӯҳ намуданд.

Тирпаронӣ дар марз: КДАМ гуфт, марди қирғиз ҷавонзани тоҷикро паронд

Хадамоти марзбонии Қирғизистон мегӯяд, ронандае,ки самти Ош - Исфана ҳаракат дошт аз тири милтиқи шикорӣ ҷароҳати сабук бардошт ва дар беморхонаи Самарқандак бистарӣ карда шуд.

Дар ҳамин ҳол, шаби гузашта мулоқоти намояндагони пулиси ду кишвар баргузор шуд ва феълан низ гуфтушуниди ҳар ду ҷониб идома дорад. 

Манбаъ меафзояд, айни замон вазъият дар марз мӯътадил аст.

Қаблан, маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон хабар дод, ки соати 11:55-и  27 майи соли 2020 бархилофи созишномаҳои қаблан баимзорасида, шаҳрванди Қирғизистон Бахтибеков Соат, сокини деҳаи Куктоши ҷамоати деҳоти Оқсой ба сӯйи ҷавонзани 25-сола, шаҳрванди Тоҷикистон тир холӣ кард.

Манбаъ аз шаҳрванди тирхӯрдаи Тоҷикистон, Шаропова Шукрона Зуҳурбоевна (Муътабархонуми Зухриддин), соли таваллудаш 1995, истиқоматкунандаи маҳаллаи Қақири Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ ва коргари бригадаи №14-уми тухмипарварии ҳамин маҳалла ном бурд. Шаропова аз қисмати рости баданаш захмӣ шуда буд.

312
Барчаспҳо:
тирпарронӣ, марз, Қирғизистон, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
То кай?: танишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон