Капельница в палате пациента, архивное фото

"Ҳамлаи пневмония" ба генералҳои ВКД: бидуни талафот

3601
Сардори Раёсати бозрасии давлатии автомобилӣ (БДА) - и вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон овозаву гуфтугузорҳои ба маризии "вируси корона" печидани тамоми ҳайати раҳбарӣ ва аз кор мондани ин ниҳодро рад кард

ДУШАНБЕ, 9 май — Sputnik. Генерал-майори милитсия Акбар Насимзода ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, худи ӯ шахсан ду ҳафта дар шифохонаи сироятии шаҳри Душанбе таҳти тадовӣ қарор дошт ва ду рӯз ба ин сӯ дар манзилаш қарантина шудааст:

"Вируси корона" ё "пневмония" буд, ки ҳоло, Худоро шукр, хубам. Андаке азият буд, аммо ҳоло хеле беҳбуд ёфтаам ва пизишкон ҳам гуфтанд, ки дигар хатари ҷиддие ба зиндагии шумо нест, аммо то як-ду ҳафтаи дигар бояд эҳтиёт кунам”, - гуфт сардори Раёсати бозрасии давлатии автомобилӣ (БДА) - и вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон.

Қаблан ин овозаву дарвоза дар Душанбе афтода буд, ки генерал-майор Акбар Насимзода, сардор ва чанд муовину сардорони раёсату шӯъбаҳои БДА – и вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо ташхисҳои гуногун, аз ҷумла "вируси корона" ва "илтиҳоби шуш" – и дараҷаи миёна қисман ба шифохонаҳо интиқол ёфта, қисми дигар дар хонаҳои худ қарантина ва бо табобати хонагӣ фаро гирифта шудаанд.

Ҳамзамон гуфта мешуд, ки афроди бо онҳо дар тамос буда низ дар манозили худ таҳти қарантина қарор гирифтаанд ва вазъи ҳама муътадилу бидуни нигаронӣ гузориш мешуд.

Сардори Раёсати бозрасии давлатии автомобилӣ (БДА) - и Тоҷикистон гуфт, дар ҳоли ҳозир ба истиснои худаш тамоми муовинон ва сардорони шуъбаҳои ин ниҳод сари кор буда, вазифаи худро анҷом медиҳанд.

"Ҳама дар хизмат ва сари вазифаанд. Ба ҷои ман иҷрокунандаи вазифаи сардори БДА - муовини аввалам Мирзо Сафарзода раҳбарӣ мекунад. Мо ҳамарӯза дар тамосем. Ягон ҳодисаи хос нест. Овозаҳо асос надоранд”, - гуфт сардори БДА - и Тоҷикистон.

Акбар Насимзода Ғиёс, генерал-майори милитсия, 58 сол дошта, аз соли 1985 дар сафи милиса ва маҳз БДА – и Тоҷикистон буда, дар чанд шаҳру навоҳӣ ва ниҳоят худи вилояти Хатлон ин ниҳодро раҳбарӣ кардааст.

Аз 19-уми апрели соли 2017 ба вазифаи сардори Раёсати бозрасии давлатии автомобилии вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон таъин шуд.

Генералҳои дигар

Дар ҳамин ҳол, генерал-майор Акбар Насимзода, сардори БДА, чорумин фарди баландпояи вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аст, ки аз гирифтории онҳо ба "вируси корона" ё "пневмония" овозаву гузоришҳои мутааддиде ба шабакаҳои иҷтимоӣ дарз мекунанд.

Қаблан аз ибтилои Шоҳрух Саидзода, сардори Раёсати кофтукови ҷиноии ВКД ва бистарӣ шудани ӯ дар шифохона хабару овоза паҳн шуд, ки раёсати мазкур бистарӣ шудани ӯ дар шифохонаро рад карда, бо мақсади эҳтиёт дар хона гӯшанишинӣ кардан ба далели шамолхӯриро таъйид карда буд.

Шояд далели боризтарини саломатии Шоҳрух Саидзода ин буд, ки 5 май маоши яксолаи президентиаш дар клуби футболи “Истиқлол” – ро ба суратҳисоби махсуси маблағгузории чорабиниҳои пешгирӣ ва мубориза бо пандемияи COVID-19 интиқол дод.

Ахиран шабакаҳои иҷтимоӣ аз гирифтории боз ду генерал-майори дигар, ки ҳардуи онҳо низ соли 2017 дар вазифаҳои худ таъин шуда буданд, яке, Маҳмадсаид Саидзода, муовини вазир ва дигаре, Фотеҳ Қунғуротзода, сардори раёсати нақлиёти вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба "пневмония" ва интиқоли онҳо ба Шифохонаи бемориҳои сироятии шаҳри Душанбе, воқеъ дар маҳаллаи Зарафшон хабар доданд.

Бино ба иттилои манобеъи Sputnik Тоҷикистон ин ду генерал низ аз марҳалаи вазнини "пневмония" раҳо шуда, ҳамоно дар шифохонаи фавқуззикр қарор доранд.

"Хатаре ба зиндагии онҳо нест”, - гуфт манбаъи мо.

Ин ҳама таҳаввулот бозгӯӣ аз он мекунад, ки дар вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз ҳамлаи "пневмония" ё "вируси корона" дар ғафлат монданд ва ин душмани номаръӣ дасти кам се генерали онро бистарӣ кард.

Шояд ба ин хотир буд, ки 30 апрел вақте аввалин мавориди гирифторӣ ба "вируси корона" дар Тоҷикистон эълон шуд ва президент Эмомалӣ Раҳмон маоши худро ба суратҳисоби махсуси мубориза бо ин маризӣ интиқол дод, ВКД аввалин ниҳоде буд, ки ин сабқатро дастгирӣ кард ва ҳайати раҳбариаш 50 дарсади маоши вазифавиашро ба ин ҳисоб таҳвил дод.

1 май Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилӣ дар як ҷаласаи видеоӣ аз сардорону кормандони ин вазорат хост, ки дар ин лаҳзаҳои ҳассос дар паҳлуи мардум бошанд ва ба онҳо фаҳмонанд, ки ба таҳлука дода нашаванд.

"Нақшаҳои давлату ҳукумат барои мубориза бар зидди ин вабои аср омода аст. Чораҳои пешгирикунанда аз тарафи сохторҳои дахлдори ҳукумат гузаронида шуда истодааст. Ба хабарҳои гуногуни воҳимаангезу бардурӯғ бовар накарда, аз паси зиндагии муқаррарӣ гардида, гигиенаи шахсӣ (фосила аз дигарон, истифодаи ниқоби тиббӣ, мунтазам шустани дасту рӯй) - ро риоя кунанд", - гуфт Рамазон Раҳимзода.

Зимнан, бино ба гузоришҳое, ки аз саросари Тоҷикистон ба Sputnik Тоҷикистон мерасанд, кормандони милиса аввалин нерӯе буданд, ки ба миёни мардум рафта, ҳарф аз гигиенаву беҳдошт заданд ва аз мардум хоҳиш карданд, ки бидуни зарурат хонаҳояшонро тарк накунанд.

Як чизе, ки хориҷ аз тасаввури як милиса аст, аммо ин аввалин зиддиҳамлаи ВКД дар ин набардест, ки поёнаш, он гуна ба назар мерасад, маълум нест...

3601
Барчаспҳо:
генерал, беморӣ, Тоҷикистон
Меваю сабзавот дар бозор, акс аз бойгонӣ

Азми мақомоти Хатлон барои содироти 90 ҳазор тон меваю сабзавот ба хориҷа

91
(Таҷдидшуда 20:54 27.05.2020)
Мақомоти Хатлон мегӯянд, имрӯз, 27 май, аз вилоят ба Русия боз 50 тонна олу содир карда шуд. Соҳибкорони маҳаллӣ олуро аз ноҳияи Кӯшониён дар қуттиҳои махсус бор карда, тавассути мошинҳои борбар роҳии Санкт-Петербург намуданд

ДУШАНБЕ, 27  май — Sputnik. Тибқи иттилои мақомоти Хатлон, рӯзе пеш боғпарварони ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ низ бо мусоидати бахши намояндагии Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят ба хориҷи кишвар 51 тонна меваҷотро содир карда буданд.

Президент Эмомали Рахмон открыл спортивный комплекс в Ховалингском районе
© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook.

Манбаъ таъкид намудаст, ки имрӯз аз вилояти Хатлон, асосан навоҳии Ҷ. Балхӣ, Кӯшониён ва Ҷайҳун ба хориҷи мамлакат ҷамъан 139 тонна мева бо иловаи лимӯ содирот шудааст.

“Мавсими содироти меваҷот, тавре ки мутахассисон таъкид мекунанд, тоза шурӯъ шудааст. Имсол, тибқи дурнамо аз шаҳру навоҳии вилояти Хатлон ба мамолики хориҷи дуру наздик 90 ҳазор тонна меваю сабзавот содирот хоҳад шуд”, - омадааст дар иттилоия.

Мақомоти Хатлон мегӯянд, то 27 май ин нақша ба андозаи 40,5% иҷро гардида, ба хориҷа 36 ҳазору 429,1 тонна меваю сабзавот, аз ҷумла 36 ҳазору 255,2 тонна пиёз содир карда шудааст. Дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2019 ба хориҷи мамлакат ба андозаи қариб 15 ҳазор тонна маҳсулоти бештар содирот шудааст.

Манбаъ таъкид кардаст, ки маҳсулоти кишоварзии истеҳсоли вилояти Хатлон асосан ба Қазоқистон, Покистон, Афғонистон, Федератсияи Русия ва Қирғизистон равона гардидааст.

91
Мужчина в защитной маске

Омори хушҳолкунанда: бидуни фавт ва шифо ёфтани 1575 нафар аз коронавирус дар Тоҷикистон

1038
(Таҷдидшуда 18:16 27.05.2020)
Вазорати тандурустии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки шабонарӯзи гузашта дар ҷумҳури аз маризии коронавирус ягон бемор нафавтид

ДУШАНБЕ, 27 май — Sputnik. То соати 17:30 дақиқаи 27 май дар кишвар 3424 нафар бо ташхиси сирояти коронавируси нави COVID-19 ошкор гардида, аз ин беморӣ то кунун дар мамлакат 1575 нафар шифо ёфтаанд.

Ба иттилои котиботи Вазорати тандурустӣ, шабонарӯзи гузашта ягон мавриди фавт аз ин беморӣ сабт нагардидааст. Теъдоди қурбониён дар Тоҷикистон ҳамоно 47 нафар арзёбӣ мешавад.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мегӯяд, то 27 майи соли равон дар мамлакат 2501 нафар зери назорати табибон қарор дошта, дар як шабонарӯзи охир 385 нафар пас аз шифо ёфтан ба хонаҳояшон рухсат дода шудаанд.

Вазорат аз шумораи дигари қурбониёни коронавирус дар Тоҷикистон хабар дод

Манбаъ тавзеҳ медиҳад, ки  имрӯзҳо дар 85 беморхонаи ҷумҳурӣ зиёда аз 7 ҳазору 500 табиб ва 25 ҳазор корманди миёнаи тиб сафарбар шудаанд.

Ба ғайр аз ин дар муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии ҷумҳурӣ 7 ҳазору 600 табиб ва зиёда аз 24 ҳазор корманди миёнаи соҳаи тиб бо мақсади дарёфт, пешгирӣ ва расонидани кумаки аввалия ба мардум хизмат мерасонанд.

 

1038
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Свеча

Мотам дар хонаводаи Сатторовҳо, соҳибкорони хайрхоҳи тоҷик-акс

2570
Шамсулло Сатторов, яке аз бародарон Сатторовҳо, ки ахиран барои хайрашон ба табибони Ҳисор дар сархати расонаҳо қарор гирифта буданд, даргузашт

ДУШАНБЕ, 27  май — Sputnik. Раёсати ҷамъияти миллӣ-фарҳангии тоҷикони вилояти Иркутск, аз марги Сатторов Шамсулло Ҳикматуллоевич, ки дар синни 47-солагӣ аз бемории саратон даргузашт, изҳори андуҳ кардааст.

Садбарг Боқиева, рӯзноманигор ва фаъоли ҷамъиятӣ, дар бораи марги Сатторов дар саҳифаи фейсбукияш хабар дода, ҳамдардии ҷамъияти тоҷикони Иркутскро ба хонаводааш баён доштааст.

Ахиран бародарон Сатторовҳо ба маркази саломатӣ дар Ҳисор 16500 кило орд, 1650 кило биринҷ, 1650 литр равған, 1650 кило шакар, 1650 кило макарон, 3300 дона собун ва 3000 дона ниқоби тиббӣ дастрас кардаанд.

Бародарон Давронҷон, Баҳромҷон, Убайдулло, Рустамҷон, Шамсулло ва Суҳробшо Сатторовҳо - соҳибкорони тоҷик, зодаҳои шаҳри Ҳисор мебошанд, ки дар Русия ба соҳибкорӣ машғуланд.

Давронҷон Сатторов, яке аз шаш бародарон  дар пайи хайри охирашон изҳор дошта буд, ки  "ману бародаронам ятим калон шудем ва дар тарбияи модарамон  Хосиятбону Азизова, рӯҳаш шод бод, бузург шудем. Аз ин рӯ хуб медонам, ки кӯдакони ятим ба чӣ ниёз доранд ва қалби кӯчакашон чӣ мехоҳад".

2570
Барчаспҳо:
хайрхоҳӣ, Русия, Тоҷикистон