Доктор проверяет панель управления аппаратом искусственной вентиляции легких

Соховатманде, ки номашро нагуфт: ба беморхонаи Ҳисор кӣ дастгоҳи нафасдиҳии гарон бурд?

2667
Дар шаҳри Ҳисор чанд марди саховатпеша ба мардум кӯмак расонида, нахостаанд, ки номашон ифшо шавад. Ба беморхнаи Ҳисор як саховатпешаи дигар дастгоҳи нафасдиҳии гаронарзиш дастрас кардааст

ДУШАНБЕ, 12 май — Sputnik. Фотеҳҷон Ашӯров, соҳибкор ва марди саховатпешае дар Ҳисор ба беморхонаи шаҳрӣ дастгоҳи нафасдиҳӣ дастрас кардааст, ки дар робита бо вазъи бамиёномадаи коронавирус арзишаш ба маротиб боло рафтааст.

 Нурмуҳаммад Аҳмадзода,  директори ҶДММ "Қоғази Шарора" Фарҳодҷон Шаробов, директори бозори "Самоҳ"  Мақсуд Солиев чанд соховатманди дигаре будаанд, ки ба сокинон кӯмак расонидаанд.

"Дар шаҳри мазкур даҳҳо нафарони дигаре, ки дар роҳи наҷоти миллат аз ин бемории сироятӣ корҳои хайру савоб анҷом дода, зикри номашонро ҷоиз намедонанд, шоистаи таҳсин мебошанд", - менависад "Ховар".

Ҳамчунин, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сураё Уроқова ба табибону кормандони Беморхонаи бемориҳои сироятии шаҳри Ҳисор  маводи хӯрока- орд, равған, биринҷ, макарон тақсим кардааст.

Рейд ба дорухонаҳо: фурушанда як қути “Арбидол”-ро 250 сомонӣ мефурӯхтааст

Ӯ ҳамзамон  бо табибон, хешону пайвандони беморон суҳбат намуда, ба онҳо риоя кардани талаботи тарзи ҳаёти солимро ташвиқ намудааст.

2667
Арест, архивное фото

ВУД: мақомдор барои ситонидани 5 ҳазору 400-сомонӣ пора дастгир шуд

13
(Таҷдидшуда 10:55 26.05.2020)
Кормандони вазорати умури дохилаи Тоҷикистон сармутахассиси заминсози ҷамоати шаҳраки 20-солагии Истиқлолияти ҳамин ноҳияро барои ситонидани пора дастгир карданд

ДУШАНБЕ, 26 май – Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, кормандони милитсия марди 52-солаи сокини ноҳияи Дӯстӣ, сармутахассиси заминсози ҷамоати шаҳраки 20-солагии Истиқлолияти ҳамин ноҳия бо гумони гирифтани пора дастгир намуданд.

ВУД тоҷикистон  таъкид доштааст, ки номбурда, аввалҳои моҳи ноябри соли равон, барои тартиб додани санад ва пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои қитъаи замини наздиҳавлигӣ ба мақомоти дахлдори ноҳияи Дӯстӣ аз марди 65-солаи ноҳияи мазкур 5 ҳазору 400-сомониро ҳамчун пора талаб карда гирифтааст.

Ҳамзамон манбаъ қайд намудааст, ки дар ҳоли ҳозир оид ба ин ҳолат нисбати гумонбаршаванда аз ҷониби Прокуратураи ноҳияи Дӯстӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Ёдрас мешавем, ки чанде пеш Оҷонсии мубориза бо коррусияи Тоҷикистон аз боздошти як корманди ҳукумати шаҳри Кӯлоб хабар дод, ки дар фиреби 12 сокини аҳаллӣ муттаҳам мешавад.

Ба иттилои манбаъ, Саидмумин Давлатов, мутахассиси пешбари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кулоб моҳҳои май-июни соли 2019 ба боварии шаҳрванд Умаров Ҷ.О. даромада аз ӯ барои аз ҳудуди заминҳои шаҳри Кулоб ҷудо карда додани 0,06 га. қитъаи замини наздиҳавлигӣ, маблағи 9000 сомонӣ талаб карда гирифта, ба фоидаи худ сарф кардааст.

“Ғайр аз ин, номбурда. бо ҳамин тарзу усул аз 12 нафар шаҳрвандони дигар дар маҷмуъ маблағи 139000 сомонӣ талаб карда гирифта тасарруф намудааст”,-афзуд Оҷонсӣ.

Гуфта мешавад, вобаста ба ин ҳолат нисбат ба Саидмумин Давлатов бо моддаи 247 қисми 4 банди “б” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтиши пешакии он идома дорад.

13
Барчаспҳо:
сомонӣ, ришва, дастгир, пора, вазорати умури дохила, Тоҷикистон
Сотрудник полиции выстраивает в очередь мигрантов

Фаврӣ: Тоҷикистон шаҳрвандонашро марҳила ба марҳила аз Русия, ба Ватан бармегардонад

168
Сафорати Тоҷикистон дар Русия эълон дошт, марҳила ба марҳила муҳоҷирони меҳнатие, ки дар марказҳои нигоҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷии қарор доранд, ба Ватан баргардонида мешаванд

ДУШАНБЕ, 26 май – Sputnik. Сафорати Тоҷикистон дар Русия таъкид дошт, ки бо дастури Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нақшаи тадриҷан ва марҳила ба марҳила бо роҳҳои ҳавоӣ ва заминӣ ба Ватан баргардонидани шаҳрвандоне, ки ба илллати пандемия COVID- 19 дар хориҷа дармондаанд, амалӣ мегардад.

Сафорати Тоҷикистон дар Русия қайд намудааст, ки дар марҳилаи аввал барои баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар марказҳои нигоҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷии (МНМШХ) Русия тайи се моҳи охир қарор доранд, тамаркуз карда шудааст.

Супоришҳои вазири меҳнат ба намояндагиҳо дар Русия барои ҳалли мушкилоти муҳоҷирон

“Дар ин росто, тайи рӯзҳои охир ва давоми ҳафтаи ҷорӣ дар мувофиқа бо мақомоти Русия ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар марказҳои нигоҳдории муваққатӣ мондаанд, ба Ватан баргардонида мешаванд”,- эълон кардааст сафорат.

Инчунин масъулини сафорат таъкид доштанд, ки айни замон масъалаи бозгардонии дигар шаҳрвандони Тоҷикистон аз Русия дар баррасии Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ қарор дорад.

“Масъалаи мазкур аз фароҳам овардани шароити зарурӣ, аз ҷумла омода будани ҷойҳои кофӣ барои карантин ё муроқибати тиббӣ вобастагӣ дорад. Аз ин лиҳоз, аз ҳамватанони дар Русия қарордошта хоҳиш карда мешавад, ки хабарҳоро роҷеъ ба парвозҳо ба самти Тоҷикистон дар сомона ва дигар зарфиятҳои интернетии расмии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, Сафорати Тоҷикистон дар Россия ва ширкатҳои ҳавопаймоӣ пайгирӣ намоянд”,- иттилоъ додааст сафорат.

Сафорат зикр ҳамзамон зиер кардааст, ки дар сурати ба миён омадани суолҳо ва масъалаҳои ҳалталаб шаҳарвандон метавонанд тавассути телефонҳои доимиамалкунандаи Сафорат ва консулгариҳои генералии Тоҷикистон дар Русия тамос гиранд.

168
Барчаспҳо:
баргардонӣ, шаҳрванд, Ватан, муҳоҷир, сафоратхона, Тоҷикистон