Глава миссии ВОЗ в Беларуси  Патрик O'Коннор

СҶБ мегӯяд, Тоҷикистон бояд ба бадтарин сенарияи рушди коронавирус омодагӣ гирад

2842
(Таҷдидшуда 15:16 13.05.2020)
Намояндагони Созмони ҷаҳонии беҳдошт, ки феълан дар Тоҷикистон қарор доранд, дар ҷамъбасти фаъолияти худ сенарияи нохушоянди рушди маризии коронавирус дар кишварро пешгӯӣ намуданд

ДУШАНБЕ, 13 мая — Sputnik. Дар Душанбе нишасти хабарӣ аз анҷоми натиҷаҳои сафари махсуси намояндагони Созмони ҷаҳонии беҳдошт баргузор гардид.

Дар ҷараёни нишасти хабарӣ, роҳбари гуруҳи СҶБ дар Тоҷикистон Патрик О. Коннор  изҳор доштааст, ки кишвар бояд ба сенарияи бадтарини  рушди коронавирус омодагӣ гирад.

Ба изҳори ӯ Тоҷикистон ба марҳилае расидаст, ки ин маризӣ дар сартосари кишвар доман задааст, вале "расидан ба қуллаи баландтарини авҷи ин беморӣ ҳоло фурсати зиёд аст".

"Дар дохили Тоҷикистон, ҳолатҳои гирифторшавӣ ба  вируси COVID-19 тамоюли ду-се маротиба афзуншавӣ доранд", -  афзудааст роҳбари гуруҳи СҶБ дар Тоҷикистон.

Патрик О. Коннор пешниҳод намудаст, ки барои ҳарчӣ бештар ҷилавгирӣ намудан аз маризии коронавирус, зарур аст то омаду рафти шаҳрвандон дар дохили пойтахт маҳдуд карда шавад.

Гузашта аз ин, дар Тоҷикистон бояд иқтидори озмоишӣ васеъ карда шавад, то ки он на танҳо дар Душанбе, балки дар дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ гузаронида шавад, "зеро як озмоишгоҳ дар пойтахти Тоҷикистон барои тамоми кишвар кифоя нест", илова намудаст ӯ.

"Бо Вазорати тандурустии Тоҷикистон мо масоили тавсеаи имконоти лабораторияҳо ва таъсиси лабораторияҳои сайёрро баррасӣ кардем. Мо инчунин дар бораи қавӣ гардондани имконоти лабораторияҳои ҷумҳурӣ сӯҳбат кардем", - гуфт намояндаи СҶБ.

Ин вазъи тестиро дар Тоҷикистон беҳтар намуда, раванди интизории натиҷаҳоро суръат мебахшад, гуфт ӯ.

Патрик О. Коннор инчунин қайд кард, ки дар беморхонаҳои кишвар нарасидани либосҳои муҳофизати тиббӣ мавҷуд аст ва таҷҳизоти муҳофизатӣ дар муассисаҳои тиббӣ зуд ба поён мерасанд.

"Мо медонем, ки ба Тоҷикистон як бастаи нави таҷҳизоти муҳофизатӣ ворид шудааст - мақомот бояд фавран онҳоро ба бемористонҳо тақсим кунанд" - гуфт ӯ.

Патрик О. Коннор инчунин қайд кард, ки тестҳо вирусро ҳанӯз дар марҳилаҳои аввал, вақте ки он дар роҳҳои болоии нафаскашӣ аст, ошкор мекунад.

Шифои муллои шинохтаи Тоҷикистон аз коронавирус-акс

Ғайр аз он, ба ақидаи ӯ, Тоҷикистон ба озмоишгоҳ ниёз дорад, ки дар он барои санҷиши ҷисми бегона (антитело) ба коронавирус озмоиш кардан мумкин аст.

"Ҳоло дар Тоҷикистон лабораторияи алоҳида барои санҷиши мавҷудияти антителаҳо омода шуда истодааст. Чунин санҷишҳо барои ҳама дастрасанд", - гуфт ӯ.
Ҳамзамон, Патрик О. Коннор бар ин назар аст, ки акнун Тоҷикистон бояд ба пешгирии паҳншавии сироят дар кишвар диққати бештар диҳад.

Роҳбари гурӯҳи  Созмони ҷаҳонии беҳдошт дар Тоҷикистон қайд кард, ки ин созмон дар давраи кораш дар ҷумҳурӣ асосан ба коҳиши эҳтимолияти гирифторӣ ба шаклҳои вазнини коронавирус ва коҳиши фавти беморон тамаркуз хоҳад кард.

2842
Барчаспҳо:
пешгӯӣ, СҶБ, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (412)
Министр здравоохранения Таджикистана Джамоллидин Абдуллозода

Вазири тандурустӣ таъкид кард табобати беморони вируси корона ройгон аст

102
(Таҷдидшуда 11:49 26.05.2020)
Вазири тандурустии Тоҷиккистон эълон доштааст, ки маводи доруворӣ ва муҳофизатӣ дар кишвар басанда аст ва табобати беморони вируси корона дар бемористонҳо пурра ройгон аст

ДУШАНБЕ, 26 май – Sputnik. Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, дар суҳбато бо АМИТ “Ховар” таъкид доштааст, ки имрӯз дар Тоҷикистон маводи доруворӣ ва муҳофизатӣ басанда мебошад.

Ба гуфтаи вай, он маводу дорувориҳое, ба Вазорати тандурустӣ ворид мешаванд, ба таври кофӣ  захира карда шудаанд.

“Баъзе муассисаҳое ҳастанд, ки маводу дорувориҳои якмоҳаи худро захира намудаанд.   Назорати тақсимоти маводи доруворӣ пурзӯр гардида, супориш дода шудааст, ки беморон сари вақт бо   дорую давои зарурӣ таъмин карда шаванд. Тақсимоти маводи доруворӣ ба муассисаҳои тандурустӣ зери  назорати бевоситаи Вазири тандурустӣ қарор дорад”,- қайд кардааст Ҷамолиддин Абдуллозода.

Ҳамчунин вазир зикр кардааст, ки вазорат дар таъмини дору ягон мушкилӣ надорад ва тамоми доруворие, ки дар протоколи табобат  зикр гардидааст, аз тарафи Ҳукумати ҷумҳурӣ таъмин карда шудааст.

Ҳамзамон Абдуллозода қайд кард, ки табобати беморони COVID-19 пурра ройгон аст.

“Албатта, баъзе доруҳое ҳастанд, ки аз дорухонаҳо  дастрас карда намешаванд. Тақсимоти дурусти дору ба бемор  аз виҷдони ҳар як табиб низ вобастагӣ дорад”, - гуфт вазир.

Ёдрас мешавем, ки   то 25 май дар кишвар 3100 нафар бо ташхиси сирояти коронавируси нави КОВИД-19 ошкор гардида, аз ин беморӣ то кунун дар мамлакат 1395 нафар шифо ёфтаанд.

Гузашта аз ин , то санаи зикргардида дар мамлакат аз ин беморӣ 46 нафар фавтидаанд.

102
Барчаспҳо:
ройгон, бемористон, вирус, бемор, муҳофизат, маводи доруворӣ, Тоҷикистон

Назорати шабонарӯзӣ: муовинони вазир аз чанд беморхонаҳои шаҳри Душанбе дидан карданд

70
(Таҷдидшуда 11:10 26.05.2020)
Роҳбарияти вазорати тандурустӣ Тоҷикистон бо мақсади аз наздик ошнои пайдо кардан бо фаъолияти муассисаҳои тандурустии кишвар гаштҳои шабонаро низ ба роҳ мондааст

ДУШАНБЕ, 26 май – Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти вазорати тандурустии Тоҷикистон, ахиран бо ин мақсад муовинони Вазири тандурустӣ Саида Умарзода ва Шодихон Ҷамшед аз як қатор марказҳои саломатии шаҳри Душанбе дидан намуданд.

Манбаъ қайд намудааст, ки зимни боздид аз марказҳои саломатии мазкур муовинони Вазири тандурустӣ бо табибон вохӯрӣ анҷом дода,  дар рафти он масъалаҳои пурзӯр намудани корҳои омодагӣ барои пешгирии сирояти коронавирус баррасӣ намуданд.

Инчунин зимни боздид масоили таъмини муассисаҳои тандурустӣ бо маводҳои тиббӣ ва зиддивирусӣ, пурзӯр намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ бо мақсади пешгирӣ аз вируси мазкур низ баррасӣ шуданд.

Манбаъ зикр намудааст, ки ҳадаф аз сафарҳои масъулони вазорат аз наздик ошно шудан бо фаъолияти табибон ва ҷараёни табобати беморони гирифтори сирояти коронавирус дар муассисаҳои тандурустӣ, саривақт фаро гирифтани онҳо ба табобати хонагӣ, таъмини беморон бо доруворӣ ва бемористонҳо бо таҷҳизоти тиббӣ, таъмини табибон бо либосҳои муҳофизатӣ, ошкор намудани камбудиҳои муассисаҳо, мушкилоти табибон ва саривақт ба онҳо расидагӣ кардан мебошанд.

70
Барчаспҳо:
Душанбе, беморхона, назорат, шабона, тандурустӣ, муассисаҳо, ошноӣ, вазорати тандурустӣ, Тоҷикистон