Антисептик

Ихтирои дастгоҳ барои коронавирус: дар 15 сония безарар мегардонад - видео

2626
(Таҷдидшуда 18:18 14.05.2020)
Рустам Юсупов сокини шаҳри Хуҷанд дастгоҳеро ихтироъ намудааст, ки истифодаи он барои безараргардонии сару либоси табибоне, ки ин шабурӯз ба коронавирус мубориза мебаранд мувофиқ будааст

ДУШАНБЕ, 14 май – Sputnik. Ин таҷҳизот имкон дорад давоми 15 сония сару либоси ҳар нафаре, ки худро дохили он мекунад, пурра бо маҳлули зиддивирусӣ тамиз ё дезинфеcия кунад.

Рустам Юсупов ҷавони 32 сола ва офарандаи ин дастгоҳ дар суҳбат ба гузориши телевизиони маҳаллии “СМ -1” дар Хуҷанд, гуфтааст, ки ин маҳсули меҳнаташ ҳоло барои духтуроне нигаронида шудааст, ки дар бемористонҳо барои муолиҷа бо беморони коронавирус дар набард қарор доранд.

 “Духтурон метавонанд баъди тамом кардани кори табобат, ҳар вақт барои безарар шудани сару либоси худ аз дохили ин таҷҳизот гузаранд”, - гуфтааст Юсупов.

Таҷҳозоти сохтаи ин ҷавони хуҷандӣ 2, 2 метр баландӣ ва 1, 15 метр бар дошта, ин андоза барои озод дохил шудани духтурон мувофиқ будааст.

Барои сохтани ин таҷҳизот дар умум аз 3 метр профил, 12 метр метал (тнука) ва муҳаррику бушкаи иборат аз 30 литра истифода намуда, Рустам ва рафиқонаш онро давоми се рӯз омода кардаанд.

“Чанд рӯз аст, ки барои пешгирӣ ва паҳни бемории коронавирус бекор дар хона қарор дорам ва бадоҳатан ин идея дар сар пайдо шуд. Бачаҳоро даъват кардам ва ҳамроҳ ба кор сар кардем”, - зикр кард Юсупов.

Ин ихтироъкори ҷавон ҳоло аввалин дастгоҳи сохтаи худро барои истифодаи духтурон ба беморхонаи клиникавии вилояти Суғд тақдим намудааст.

Ба гуфтаи ӯ ба чанд сомонӣ баробар шудани масрафоти сохтмони ин таҷҳизоти безараргардонӣ ҳанӯз дақиқ нест, зеро чанде аз лавозимоти он, аз сӯи фурӯшандаҳои бозор, барои хидмат ба духтурон ройгон дастрас намудаанд.

Рустам Юсупов гуфтааст, ки қодир аст, дар ҳоли дастрас намудани лавозимот ин дастгоҳро барои эҳтиёҷмандони дигар ҳам ройгон созад ва ба ин васила саҳми худро дар пешгирии вабои коронавируси COVID -19 гузорад.

2626
Барчаспҳо:
ихтироъ, мувофиқа, мубориза, вирус, шабонарӯзӣ, сару либос, истифода, дастгоҳ, Хуҷанд, Тоҷикистон
Подростки на улице в Душанбе

Ҳавои тағйирёбанда: пешбинии дақиқи ҳавошиносон барои имрӯз дар Тоҷикистон

4
Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар додаанд

ДУШАНБЕ, 30 окт – Sputnik. Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво камабри бебориш дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад.

Ҳаво дар ғарби вилоят   шабона 4 дараҷаи хунук то 1 дарҷаи гарм ва рӯзона 10+15  дараҷа гарм  мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона аз 10 то 15 дараҷа хунук ва рӯзона 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд тағйирёбандаи бебориш мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 ва дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ бо шиддатнокии то 12-17 метр дар як сония мевазад.

Ҳаво  дар водиҳо шабона 1+6  ва рӯзона 14+19  дараҷа гарм  мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона  аз 1 то 6 дараҷа  хунук ва рӯзона 9+14 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳаво камабри бебориш мешавад. Шамол аз самти шимолу шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Дар ноҳияҳои ҷанубӣ чангу ғубор ба амал меояд.

Ҳаво дар водиҳо шабона 1+6 ва рӯзона 20+25 дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 0+5 ва рӯзона 13+18 дараҷа гарм мешавад.

Тирамоҳи гарм: пешгӯии дақиқи ҳавошиносон барои имрӯз

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ тағйирёбандаи бебориш мешавад. Шамол аз самти шимолу шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона 0+5 ва рӯзона 17+22 дараҷа гарм мешавад. 

Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм  ва рӯзона 11+16 дараҷа  гарм мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ шимолу шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 1+3 ва  рӯзона 20+22 дараҷа  гарм мешавад.

 

4
Маҳмудҷон Дадобоев, рӯзноманигори тоҷик даргузашт

Мотам дар журналистика: “илтиҳоби шуш” Маҳмудҷон Дадабоевро бурд

31
(Таҷдидшуда 10:02 30.10.2020)
Маҳмудҷон Дадабоев, рӯзноманигор ва бунёдгузори чандин шабакаи телевизиони мустақил, собиқ сухангӯи раиси шаҳри Хуҷанд дар синни 52 -солагӣ аз олам даргузашт

ДУШАНБЕ, 30 окт – Sputnik. Дар тайиди ин хабар, яке аз ҳамкорони марҳум дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, Дадабоев ҳамагӣ чанд рӯз пеш барои табобат ба Бемористони касалиҳои сироятии Суғд интиқол ёфта буд, вале бегоҳии дирӯз ҷон ба Ҷонофарин супурд.

“Рӯзи 26 октябр дар суҳбати телефонӣ гуфтанд, ки хуруҷи беморӣ монанд ба “илтиҳоби шуш” як каме вазъашонро хароб кардааст. Аммо дирӯз 29 октябр фаҳмидем, ки бандагӣ кардаанд. Худованд раҳмат кунад, ба пайвандонашон сабри ҷамил мехоҳем”, зикр кард ҳамкори Дадабоев.

Бемористони сироятии Суғд, ба ҳисоби Бемористони клиникавии Суғд аз ду бемористон дар шаҳри Хуҷанд маҳсуб мешавад, ки дар айни ҳол барои табобати бемориҳои ҳамагири COVID-19 ва илтиҳоби шадиди шуш пешбинӣ шудааст.

Ҳамкасбон шогирдон ва дӯстони рӯзноманигор дар шабакаҳои иҷтимоӣ даргузашти ӯро мотам дар журналиста номида, "дод аз дасти "корона" мегӯянд, ки Маҳмудҷон Дадабоевро низ бурд". 

Маҳмудҷон Дадабоев, аз поягузорони журналистикаи электронӣ дар вилояти Суғд гуфта мешавад, ки бо кӯшишҳои пайвастаи вай чандин шабакаҳои телевизионии мустақил аз ҷумла ТВ “Ҷаҳоноро”, ТВ “СМ-1”, ТВ “7 ситора” ва рӯзномаи мустақили “Суғд” дар шаҳрҳои Хуҷанд ва Бӯстон таъсис дода шудаанд.

Маҳмудҷон Дадабоев 27 ноябри соли 1968 дар ҷамоати Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Пас аз анҷоми хизмати сарбозӣ дар соли 1989 фаъолияти меҳнатиашро дар коргоҳи шоҳибофии “Хуҷандатлас” оғоз кардааст.

Ӯ аз соли 1993 то 1995, муассис ва хабарнигори ТВ "Ҷаҳоноро" ва дар солҳои 1997 - 2003 мудири кулли шабакаи телевизион ва радиои “Симои мустақили якум (СМ-1)” буд. Соли 2001 факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуровро хатм намудааст.

Як муддат ӯ, омӯзгори кафедраи рӯзноманигорӣ ва назарияи тарҷумаи донишгоҳи мазкур ба донишомӯзон дар боби махсусиятҳои роҳбарӣ дар ВАО дарс мегуфт. Солҳои 2006 - 2007 намояндаи Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистонро дар вилояти Суғд бар уҳда дошт.

Муассиси ҳафтаномаи мустақили “Суғд” ва инчунин аз моҳи августи 2008 то моҳи октябри соли 2012 мудири кулли шабакаи телевизюниву радиоии "Ҷаҳоноро" буд. Маҳмудҷон Дадабоев сухангӯи раиси шаҳри Хуҷанд низ буд ва соли 2017 бо хоҳиши худ ин вазифа канор рафт.

Вақтҳои охир Дадабоев ба сифати менеҷер дар коргоҳи таъминоти сӯзишвории нақлиёти “Роҳи Сомон” фаъолият мекард. Бисёриҳо ҳоло даргузашти ӯро як талафоти бузург дар ҷомеаи журналистӣ арзёбӣ мекунанд.

Даргузашти Сироҷиддин Бобоев, олими фолклоршиноси Донишгоҳи Хуҷанд аз “илтиҳоби шуш”

 

 

31