Сомони и доллары, архивное фото

Сад ҳазор сомонӣ ва 5000 ниқоби Вазорати дифоъ: мубориза бо COVID - 19

148
(Таҷдидшуда 15:58 14.05.2020)
То ин давра аз ҷониби ин соҳтори қудратӣ дар кӯчаву хиёбонҳои тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат чорабиниҳои санитариву гигиенӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда шудаанд

ДУШАНБЕ, 14 май — Sputnik. Вазорати дифоъи Тоҷикистон ба Бунёди хайриявии мубориза бар зидди бемории COVID-19 қариб 100 ҳазор сомонӣ гузарондааст. Дар ин бора АМИТ "Ховар" бо такя ба сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ Ориф Нозимиён хабар медиҳад.

Ба гуфти Нозимиён, Вазорати мазкур дар радифи дигар сохторҳои мамлакат ҷиҳати пешгирӣ аз сироят наёфтани шаҳрвандони мамлакат ба бемории COVID-19 тадбирҳои зарурӣ амалӣ менамояд.

То ин давра аз ҷониби ин соҳтори қудратӣ дар кӯчаву хиёбонҳои тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат чорабиниҳои санитариву гигиенӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда шудаанд.

Эмомалӣ Раҳмон ба ВМКБ 20 тонна кумаки башардӯстона равон кард - аксҳо

"Инчунин бо мақсади сироят наёфтан аз ин беморӣ дар кӯчаву хиёбонҳо, гулгашту боғҳои фарҳангӣ беш аз 5000 ниқоби тиббӣ ба сокинони шаҳри Душанбе ва меҳмонони пойтахт тақсим гардида, раванди тақсимоти ниқобҳои тиббӣ аз ҳисоби захираи ин ниҳоди қудратӣ идома дорад", - омадааст дар хабарнома.

Манбаъ афзуда, тадбирҳое, ки  аз ҷониби Вазири мудофиаи мамлакат Шералӣ Мирзо  ва афсарони ҳама навъҳои қӯшунҳо роҳандозӣ мегарданд, танҳо ба хотири солимии тамоми сокинони мамлакат нигаронида шудаанд.

148
Барчаспҳо:
Шералӣ Мирзо, кумак, сомонӣ, Вазорати дифоъ
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (437)
Сотрудники пограничной службы на пункте пропуска Кен-Булун автодорожный на границе Кыргызстана и Казахстана. Архивное фото

Марзи Тоҷикистон ба рӯйи кадом ҳамсоягонашбоз мондааст?

282
(Таҷдидшуда 17:33 28.05.2020)
Тоҷикистон дар пайи таҳдиди паҳншавии коронавирус ҳанӯз аввалҳои моҳи апрел гузаргоҳҳои марзиро баста буд

ДУШАНБЕ, 28  май — Sputnik. Мудири идораи ҳамлу нақли заминии Вазорати ҳамлу нақли Тоҷикистон Фарух Неъматзода гуфтааст,  ба далели шуюи Корона фақат 7 гузаргоҳи ҳамлу нақли байналмилаллӣ дар ин кишвар бозаст.

Ба нақл аз сомонаи "Парс тудэй", Фарух Неъматзода ин матлабро дар нишасти видио канфронсии интиқоли байналмилаллии коло дар шароити густариши Корона эълон кард.

Вай дар ин нишаст,ки бо талоши Бонки рушд ва бозсозии Аврупо баргузор шуд гуфтааст, ки дар ҳоли ҳозир аз 19 гузаргоҳи марзии Тоҷикистон бо Узбакистон фақат 3 гузаргоҳ фаол аст.

"Ҳамчунин дар марзҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон ду гузаргоҳ ва Тоҷикистон бо Чин ва Афғонистон ҳам як гузаргоҳ боз аст", - афзудааст вай.

Ин мақоми Вазорати ҳамлу нақли Тоҷикистон таъкид кард,ки аз тамоми ронандагони мошинҳои боркаш ҳангоми вуруд ба Тоҷикистон озмоиши Корона гирифта мешавад ва дар сурати доштани алоими бемори карантина мешаванд.

Тоҷикистон дар пайи таҳдиди паҳншавии коронавирус ҳанӯз аввалҳои моҳи апрел гузаргоҳҳои марзиро баста буд.

282

Кумитаи кор бо ҷавонон мутахассиси касбӣ меҷӯяд, аммо маош 868 сомонӣ

270
(Таҷдидшуда 19:36 28.05.2020)
Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон барои ишғоли мансабҳои холӣ озмуни кушода эълон намудааст

ДУШАНБЕ, 28  май — Sputnik. Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон барои мансабҳои холӣ дар шаҳри  дар Душанбе, вилояти Хатлон, Суғд, ВМКБ, ва шаҳру ноҳияиҳои тобеи ҷумуҳрӣ озмун элон намудааст.

Масъулини кумитаи таъкид намудааснд, ки маоши вазифавии мутахассисоне, ки ба кор ҷалб карда мешаванд аз 868 то 1400 сомониро ташкил медиҳад. Манбаъ зикр намудааст, ки дар дастгоҳи марказӣ ба ҳафт мутахассис, дар вилояти Хатлон ба 6 мутахассис, Суғд  ба 5 нафар, дар ВМКБ ба 2 нафар ва дар Шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба 3 нафар дар Душанбе ба 2 нафар мутахассиси ҳирфаӣ, ки тариқи озмун интихоб мешаванд ниёз дорад. Дар маҷмӯъ ин Кумита ба  25 мутахассис ниёз дорад.

Манбаъ таъкид намудааст, ки нафароне, ки барои мансаби сардори Шуъба даъво хоҳанд кард, бояд дорои таҳсилоти олии касбӣ, чаҳор соли собиқаи хизмати давлатӣ ё 5 сол собиқаи умумии меҳнатӣ, донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ бошанд.

Барои ишғоли мансаби сармутахассис, таҳсилоти олии касбӣ, ду сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ, малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ лозим будааст.

Аммо барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбар ва мутахассис таҳсилоти олии касбӣ,  ва як соли собиқаи умумии меҳнатӣ.

Рӯйхати пурраи вазифаҳои холӣ дар сомонаи расмии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди ҳукумати Тоҷикистон нашр шудааст.

270
Барчаспҳо:
маош, мутахассисон, озмун, мансаб, Кумитаи ҷавонон, Тоҷикистон
Президент Кыргызской Республики Сооронбай Жээнбеков

Сооронбой Жээнбеков барои таҷлили Рӯзи Пирӯзӣ ба Маскав меравад

0
(Таҷдидшуда 18:43 28.05.2020)
Гузашти низомӣ ба муносибати Рӯзи Пирӯзӣ дар Маскав рӯзи 24 июн баргузор мешавад. Рӯзи таҷлили ид дар Маскав чораҳои амниятӣ шадид мешавад

ДУШАНБЕ, 28  май — Sputnik. Президенти Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков дар гузашти низомӣ ба муносибати 75-умин солгарди Рӯзи Пирӯзӣ ширкат хоҳад кард, хабар медиҳад Sputnik Қирғизистон.

Ин хабарро раҳбари хадамоти матбуотии президент, Толгонай Стамалиев таъйид кардааст.

Ёдрас мешавем, ки имсол ба далели паҳншавии коронавируси навъи COVID - 19 таҷлили оммавии Рӯзи Пирӯзӣ дар Русия, ки ҳамасола рӯзи 9 май, баргузор мешуд, лағв шуд.

Президенти Русия Владимир Путин, рӯзи 26 май фармон дод, ки омодагӣ барои таҷлили 75-умин солгарди Пирӯзӣ дар Ҷанги Бузурги Ватаниро дар пойтахти Русия шаҳри Маскав ва дигар шаҳрҳо оғоз шавад.

Беш аз миллион нафар аз 60 кишвари ҷаҳон суруди "Рӯзи Пирӯзӣ" - ро сароиданд - видео

Ӯ қайд кард, ки рӯзи 24 июн барои таҷлили ин иди бузург рӯзи мувофиқ аст, чун маҳз дар ин таърих нахустин бор соли 1945 гузашти низомии қаҳрамонон баргузор шуда буд.

Дақиқаи хомӯшӣ барои поси хотири қурбониёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ

Дар баробари ин президент ба вазири дифоъ Сергей Шойгу фармуд, то замони таҷлили ид амнияти шаҳрвандон қатъиян таъмин шавад ва хатари сироятёбӣ ба коронавирус дар он рӯз кам карда шавад.

0
Барчаспҳо:
ҷашни рӯзи Ғалаба, Маскав, сафар, Сооронбой Жээнбеков, Маскав
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (437)