Жители города Душанбе в медицинских масках на улице

Омори тозаи Вазорати тандурустӣ: 29 фавт ва 907 мубталои коронавирус дар Тоҷикистон

2546
(Таҷдидшуда 17:31 14.05.2020)
Вазорати тандурустӣ иттилоъ медиҳад, ки то имрӯз, 14 майи соли равон дар муассисаҳои табобатии кишвар 4299 нафар зери назорати табибон қарор дошта, дар шабонарӯзи охир 403 нафар пас аз шифо ёфтан аз беморхонаҳо мураххас шудаанд

ДУШАНБЕ, 14 май — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ, давоми 24 соати гузашта дар Тоҷикистон 106 ҳолати нави сироятёбӣ аз навъи коронавируси COVID-19 ба қайд гирифта шуда, 6 нафар бар асари ин беморӣ ҷони худро аз даст додааст.

Ҳамин тавр, шумораи умумии гирифторони коронавирус дар Тоҷикистон ба 907 нафар расиду, теъдоди ҷонбохтагон ба 29 кас.

"То 14 майи соли равон дар муассисаҳои табобатии кишвар 4299 нафар зери назорати табибон қарор дошта, дар як шабонарӯзи охир 403 нафар пас аз шифо ёфтан аз муассисаҳои тандурустӣ ба хонаҳояшон ҷавоб дода шуданд", - омадааст дар хабарнома.

Вазорат гуфт, шабонарӯзи гузашта касе аз коронавирус дар Тоҷикистон нафавтидааст

То рӯзи 14 май дар ҷаҳон 4 миллиону 452 ҳазору 820 нафар гирифтори коронавируси нави CОVID-19 шуда, 298 ҳазору 737 нафар бар асари он фавтидаанд. Ҳамзмон, 1 миллиону 675 ҳазору 935 нафар  гирифторони ин беморӣ шифо ёфтаанд.

Манбаъ афзуда, ки Ҳукумати Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ айни замон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир  ва чораҳои заруриро амалӣ намуда истодаанд.

Вазорати аз тамоми сокинони кишвар даъват кардааст, ки ҷиҳати пешгирии сирояти мазкур пеш аз ҳама, қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя  намоянд.

2546
Барчаспҳо:
вируси нав, Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (453)
Свечка, архивное фото

Марги боз як афсари тоҷик: подполковиник Мӯминҷон Раҳимзода даргузашт

39
(Таҷдидшуда 11:13 01.06.2020)
Мӯминҷон Раҳмизода, подполковники милитсия ва сардори Шуъбачаи минтақавии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил дар гурӯҳи ноҳияи Панҷакент аз олам даргузашт

ДУШАНБЕ, 1 июн – Sputnik. Манобеъ аз мақомоти милитсия бо тасдиқи ин хабар гуфтанд, ки Раҳимзода дар бемористони сироятии вилояти Суғд, воқеъ дар шаҳри Хуҷанд табобат мегирифт, аммо аз коми беморие, ки ба ӯ дарафтод раҳо ёфта натавонист ва аз ин дунёи фонӣ реҳлат кард.

“Ӯ ҳамагӣ 36 сол дошт, вале дар кори пешакардаи худ рағбати зиёд дошт. Сатҳи одобу ахлоқаш низ хеле баланд буд ва ҳамеша бо ҳамкорон бо самимият муносибат мекард”, - гуфт манбаъ.

Ин манбаъ дар бораи бемории Раҳмизода изҳори бехабарӣ кард, вале гуфт, эҳтимол марҳум аз хуруҷи “бемории сироятӣ” даргузашт, зеро дар бемористони сироятии Хуҷанд, ҳоло беморон барои гирифтори ин навъ беморӣ ба он ҷо интиқол дода мешаванд.

Бино ба иттилоъи дарёфтӣ Мӯминҷон Раҳмизода, 13-уми сентябри соли 1984 дар шаҳри Конибодом таваллуд шуда, ахиран дар мақомоти милитсия ба вазифаи сардори Шуъбачаи минтақавии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил дар гурӯҳи ноҳияи Панҷакент таъин карда шуд.

Баъзе аз дӯстонаш бо нашри хабари даргузашти Раҳимзода, дар ҳаққи марҳум дуои хайр карда, барои пайвандонаш изҳори тасаллият арз намудаанд.

 Даргузашти подполковник Раҳимзода, дар ҳолест, ки ахиран аз мусибати ҷуброннопазири фавти ду бародар собиқ кормандони мақомоти милитсия дар оилаи Искандарзодаҳо дар вилояти Хатлон иттилоъ дода мешуд.

Абдулваҳҳоб Искандарзода, сардори пешини Раёсати вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар минтақаи Кӯлоб ва Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ва бародараш, Абдусалом Искандарзода, собиқ сардори Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии ВКД Тоҷикистон дар гуруҳои навоҳии минтақаи Кӯлоб дар тули ду ҳафтаи охир ҷон ба ҷонофарин супориданд.

 Пештар аз даргузашти ин ду бародар, собиқ кормандони мақомоти милитсия, Абдулло Ҳабибов, собиқ муовини вазири дифоъ, Абдураҳмон Азимов, фармондеҳи собиқи нирӯҳои сарҳадии Тоҷикистон, Абдулназар Абдуласанов, собиқ муовини вазири дифоъи Тоҷикистон айни даврони бознишастагӣ даъвати ҳақ пайвастанд.

39
Барчаспҳо:
Рёсати мубориза бо ҷинояти мутташакили ВКД, Афсар, даргузашт, Панҷакент, милитсия, Тоҷикистон
Авария на трассе Р-22 Тамбов - Волгоград - Астрахань

ВУД: дар ду рӯзи истироҳат дар се садамаи нақлиётӣ панҷ нафар ба ҳалокат расид

101
(Таҷдидшуда 10:47 01.06.2020)
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон эълон доштааст, ки дар садамаҳои нақлиётие, ки санаи 30-31 май, рӯзҳои шанбе ва якшанбе дар роҳҳои ҷумҳурӣ рух додааст, се нафар ҷони худро аз даст додааст

ДУШАНБЕ, 1 июн - Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти вазорати умури дохила, санаи 30-уми майи соли равон, ронандаи автомашинаи тамғаи “ДЭУ-Сиело” Мусоев Мамараҷаб, сокини ҷамоати шаҳраки 20-солагии Истиқлолияти ноҳияи Дустӣ ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Хуросон, ба самти ноҳияи Қубодиён, дар ҳудуди деҳаи Тоҷикобод, аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, хкдравашро ба ҷуйбори обгузари канори роҳ чаппа намудааст.

Тибқи иттилои манбаъ, дар натиҷа ронанда Мусоев М.Ҳ ва мусофири худрави мазкур Холиқов Маҳмадбобо, сокини ҷамоати шаҳраки 20-солагии Истиқлолияти ноҳияи мазкур дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расиданд.

Ҳамзамон, мусофирони дигари ин худрав Бобоев Рустам ва Қурбоналиев Абдувалӣ, ки ҳарду сокинони ҷамоати шаҳраки 20-солагии Истиқлолияти ҳамин ноҳия мебошанд дар беморхона бистарӣ гардидаанд.

Инчунин ВУД ТОҷикистон хабар медиҳад, ки як садамаи марговар санаи 30-уми май дар ҳудуди ҷамоати шаҳраки Оби-киики ноҳияи Хуросон рух додааст.

“Ронандаи худрави “Лексус”, Хусрави Маҳмасаид, сокини ҷамоати деҳоти Навободи ноҳияи Ҷ.Балхӣ, ҳангоми ҳаракат кардан аз самти шаҳри Бохтар ба самти шаҳри Душанбе, дар ҳудуди ҷамоати шаҳраки Оби-киики ноҳияи Хуросон пиёдагардон, Шералиев Убайдулло Абдуҷалилович, соли таваллудаш 1952, сокини ҷамоати деҳоти Ғаллаободи ноҳияи мазкур ва Олимова Гулбаҳор Абдуҷалиловна, соли таваллудаш 1975, сокини ҳамон ҷоро пахш намудааст”, - таъкид дошт ВУД Тоҷикистон.

Дар натиҷа Шералиев У.А. ва Олимова Г.А. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.

Мутаасифона Шералиев Убайдулло дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Ин ҳам дар ҳолест, ки рӯзи 31-уми май тахминан соати 16:10-дақиқа, ронандаи худрави “Опел-Астра” Қадамов Озодӣ, сокини ноҳияи Ванҷ ҳангоми ҳаракат кардан дар шоҳроҳи “Душанбе-Сангвор-Дарвоз”, воқеъ дар мавзеи “Шаъидон”-и ноҳияи Дарвоз аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба чуқурии баландиаш 300-метр чаппа шудааст.

Дар натиҷа мусофирони автомашинаи мазкур Худоиев Асламшо Ақбердиевич, ва Худоиев Умар, сокиони ноҳияи, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.

Худи ронанда, Қадамов Озодӣ ва мусофири дигар, Нодулёбов Амруло Аҳёевич, сокини ноҳияи Ванҷ, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.

Дар ҳоли ҳозир кормандони милитсияи кишвар аз руи ин ҳодисаҳо таҳқиқотро идома доранд.

101
Барчаспҳо:
истироҳат, ҳалокат, ҷумҳурӣ, роҳҳо, нақлиёт, садама, Тоҷикистон