Мужчина в маске смотрит на телефон

Телефони боварӣ ба гирифторони коронавирус чӣ кӯмак карда метавонад?

353
(Таҷдидшуда 19:49 14.05.2020)
Бо мақсади сари вақт қабул намудани муроҷиати шаҳрвандон ва фавран расонидани ёрии аввалини тиббӣ дар назди марказҳои саломатии шаҳри Душанбе телефонҳои боварӣ ташкил шудаанд

ДУШАНБЕ, 14 май — Sputnik. Дар назди Вазорати тандурустӣбо мақсади сари вақт пайдо намудани гирифторони COVID-19  ва ба табобат фаро гирифтани онҳо телефонҳои боварӣ бо рақамҳои 511 ва 311 ташкил шудаанд.

Шаҳрвандоне, ки ба вируси корона сироят ёфтаанд, метавонанд мутахассисони телефони боварӣ муроҷиат намоянд.

Тавре Вазорати тандурустӣ хабар медиҳад, имрӯз Шодихон Ҷамшед, муовини Вазири тандурустӣ масъалаи фаъолияти телефонҳои боварии марказҳои саломатии пойтахтро баррасӣ намудааст.

"Бояд масъулини телефонҳои боварии марказҳои саломатӣ мутахассисоне таъйин карда шаванд, ки тавонанд ба муроҷитакунандагон тавсияҳои дуруст ва дақиқ диҳанд", - қайд кардааст муовини вазир.

Шаҳрвандон низ метавонанд дар ҳолати пайдо шудани нишонаҳои сирояти коронавирус ба табибони оилавӣ ва маркази саломатии маҳалли худ занг бизананд.

Муроҷиати раиси Хатлон ба тоҷирону доруфурӯшон: аз вазъияти пешомада сӯйистифода накунед

Вазорати тандурустӣ мегӯяд, мақсад аз ташкили телефони боварӣ, қабул намудани  муроҷиати шаҳрвандон ва  фавран расонидани ёрии аввалини тиббӣ дар назди марказҳои саломатии шаҳри Душанбе мебошад.

353
Тонущий человек, архивное фото

Ғарқшавии ду ҷавон дар Хатлону Ҳисор: ҷасади яке ёфт ва дигаре то ҳол бедарак аст

22
(Таҷдидшуда 16:04 04.06.2020)
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон аз ду ҳодисаи ғарқшавии сокинони Хатлон ва Ҳисор хабар медиҳад

ДУШАНБЕ, 4 июн — Sputnik. Наҷотбахшони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон давоми ду рӯз ҷасади дар об ғарқшудаи як сокини  23 - солаи деҳаи Пахтакори ноҳияи Кушониёнро меҷӯянд.

Ба иттилои котиботи КҲФ, Дониёр Азизов сокинои ноҳия Кушониён ҳангоми оббозӣ дар дарёи Вахш аз беэҳтиётӣ ғарқ шудааст.

"Хабари ғарқи дарё шудани ӯ ба Раёсати КҲФ дар Хатлон рӯзи 3-уми июн расид ва худи ҳамон лаҳза кормадони наҷот, ба ҷойи ҳодиса рафтанд ва то бегоҳ ҷасадро кофтанд. Вале ҷустуҷӯҳои рӯзи аввал натиҷа надод ва имрӯз, 4-уми июн корҳои кофтуков аз сар гирифта шуданд", - таъкид мешавад дар хабар.

Манбаъ аз ғарқшавии як ҷавони 18 - солаи дигар дар ноҳияи Ҳисор хабар медиҳад, ки баъди аз зуҳри рӯз 3 - уми май иттифоқ афтодааст.

Гуфта мешавад, сокини 18 - солаи деҳаи Мирзочӯли ноҳияи Рӯдакӣ ҳангоми оббозӣ дар канали калони Ҳисор ғарқ шуд.

Боқимондаҳои ҷасади сайёҳи рус, ки дар рӯди Хингоб ғарқ шуда буд, пайдо гардид

"Корҳои ҷустуҷӯи ҷасади ғарқшуда дирӯз то соати 20:05 дақиқа идома дошт, вале он бенатиҷа анҷомид", - омадааст дар хабар.

Зимнан, субҳи имрӯз, соати 03:00 сокинони деҳа ҷасадро тақрибан 70 метр поёнтар аз ҷойи ҳодиса мушоҳида карданд ва он аз об берун оварда шуда, ба пайвандонаш супурда шуд.

22
Парк Душанбе

Барқарор кард: боздошти ронандае, ки дар "Наврӯзгоҳ" дарахти "Каштанка" - ро шикаст

143
(Таҷдидшуда 13:45 04.06.2020)
Раёсати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти ронандае хабар медиҳад, ки аз беэҳтиётӣ дар назди боғи "Наврӯзгоҳ" дарахти "Каштанка" - ро шикаст

ДУШАНБЕ, 4  июн — Sputnik. Раҷабов Умарҷони 19 - сола ронандаи автомашинаи тамғаи Мерседе-Бенс 1 - адад дарахти ороишии бо номи "Каштанка" - ро шикастааст, хабар медиҳад котиботи Раёсати умури дохилӣ дар шаҳри Душанбе.

Ба иттилои манбаъ, номбурда санаи 30 - юми май ҳангоми ҳаракат тавассути кӯчаи Ҳофизи Шерозӣ дар назди боғи "Наврӯзгоҳ" аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, дар қисми кабудизоршудаи канори роҳи автомобилгард 1-адад дарахтони ороиширо шакастааст.

Дастури Президент: вакилон тӯли панҷ сол 20 дарахт мешинонад

Зимнан, нисбати ӯ тибқи талаботи моддаи 334-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, ҳамзамон номбурда зарари расонидашударо барқарор намудааст.

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ба иттилои шаҳрвандон ва ронандагони воситаҳои нақлиёт мерасонад, ки нисбати ободиву зебогиҳои кишвар арҷ гузоранд ва барои боз ҳам зебо гардонидани гулгашту хиёбон ва муҳити атроф саҳмгузор бошанд.

143
Барчаспҳо:
решакан шудани дарахтон, ронанда, Тоҷикистон