Дафни фавтида аз коронавирус дар Теҳрон, акс аз бойгонӣ

Аз шустану кафан то ҷанозаю дар қабргузории фавтида аз COVID-19: эълони Кумитаи дин

16348
(Таҷдидшуда 16:41 15.05.2020)
Кумитаи дини Тоҷикистон бо нашри як иттилоия тафсилоти маросими дафни фавтидагон аз коронавирус - аз шустан то кафан кардану ҷаноза ва дар қабргузориро баён доштааст

ДУШАНБЕ, 15 май – Sputnik. Кумитаи дини Тоҷикистон мегӯяд, ба ҷо овардани эҳтиром ба майит дар дин мақоми хоса дорад ва бояд бо фавтидагон аз бемории COVID-19 муносибати эҳтиромона ба ҷо оварда шавад. Шахсе, ки аз бемориҳои сироятӣ фавтидааст, гунаҳгор набуда, такфин ва ҷанозаи ӯ бояд бо риояи қоидаҳои санитарӣ ва арҷгузорӣ ба фавтидагон ба ҷо оварда шавад.

Ҳама гуна табъиз нисбати сироятёфтагон ё фавтидагон аз бемориҳои сироятӣ аз назари шаръӣ ҷоиз нест!

Кумитаи дини Тоҷикистон афзуд, ки дар асоси тавсияҳои Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ тартиби муносибат бо ҷасади фавтидагон аз бемории сироятии COVID-19 таҳия карда шуд. Дар дастурамали Кумитаи дини Тоҷикистон омадааст:

Тартиби муваққатии мазкур ҷиҳати истифода ва иҷро аз ҷониби ҳамаи шаҳрвандон, хусусан ходимони дин, кормандони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, намояндагони мақомоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ ва мақомоти маҳаллӣ, ки ба шахсони аз бемории сироятии COVID-19 ва ё гумонбарӣ аз он фавтидаанд, алоқамандӣ доранд, нигаронида шудааст. 

Пешниҳодоти калидӣ

Тибқи тавсияҳои Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ ҷасади одамони аз бемории COVID-19 фавтида манбаи сироят шуда наметавонад. Танҳо шушҳои майити аз зукоми пандемиявӣ фавтида дар сурати рафтори нодуруст ҳангоми колбадшикофӣ дар сардхона метавонад манбаи сироят шуда, хатари биологӣ эҷод намояд. Дар дигар ҳолатҳо майит бемориро паҳн намекунад.

Ба андешаи мутахассисони Созмони ҷаҳонии тандурустӣ одамон метавонанд аз COVID-19 дар муассисаҳои тиббӣ, хонаҳояшон ва дигар ҷойҳо фавтанд. Бинобар ин, бехатарӣ ва солимии ҳар як нафар, ки бо майит сарукор мегирад, афзалият дорад. Қабл аз сарукор гирифтан бо майит бояд боварӣ ҳосил намуд, ки дар ҷойҳо маводҳои безараргардонӣ барои дастон ва воситаҳои инфиродии муҳофизатӣ мавҷуд бошад.

Шахсоне, ки бо майит сарукор доранд (кормандони соҳаи тиб, покшӯ, кафандӯз, қабркан, имом) бояд чораҳои стандартии пешгирию бехатариро риоя намуда, аз хилъат ва дастпӯшак истифода намоянд. Агар хатари пош хӯрдани обият аз майит вуҷуд дошта бошад, истифодаи айнакҳои муҳофизатӣ ва шишасипари рӯй зарурат дорад.

Тартиби шустан ва кафан кардан

Тибқи хулосаи мутахассисони Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ ҷасад манбаи сироят намебошад. Дар ин асос, ҷасади майит бо риояи қоидаҳои динӣ бояд шуста, безарар гардонида шуда, ба кафан печонида шавад. Кафан кардани майит аз ҷониби мутахассис-кафандӯз анҷом дода мешавад. Ҳангоми ба кафан печонидан танҳо шахсоне иштирок мекунанд, ки будани онҳо барои мусоидат дар кафанпечонӣ зарур аст. Иштироки дигарон дар кафанпечонӣ манъ аст.

Дар асоси фатвои коршиносони Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон беҳтар аст, ки барои пешгирии сироятёбии эҳтимолӣ, як қабати кафан бо маҳлули хлордор тар карда шавад. Тибқи хулосаи Раёсати фатвои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин амал хилофи таълимоти шариат набуда, дар ҳолатҳои зарурӣ ҷоиз мебошад. Мутахассисони соҳа тасдиқ мекунанд, ки маҳлули хлордор маводи покиза буда, ба истилоҳи динӣ чизи нопок маҳсуб намеёбад.

Ҳангоми шустан ва кафан кардан ҳамаи шахсоне, ки дар ин маросим иштирок мекунанд, бояд ҳатман либоси махсуси тиббӣ, ниқоб, дастпӯшак ва айнаки муҳофизатӣ дошта бошанд.

Зарурати дар халтаҳои полиэтиленӣ гирифтани ҷасад танҳо дар ҳолати вуҷуд доштани баромадани соил аз бадан вуҷуд дорад. Маҳкам намудани шикофиҳои бадан тибқи дастури табибон сурат мегирад.

Маросими видоъ баъд аз кафан кардан ва безараргардонӣ

Маросими видоъ бо майит агар дар муассисаҳои тиббӣ сурат гирад, беҳтар аст дидани руйи майит барои хешовандонаш барои якчанд лаҳза аз пушти шиша ва ё аз пушти пардаҳои полиэтилении шаффоф ба роҳ монда шавад. Дар маросими видоъ танҳо якчанд нафар хешовандон ва дӯстони наздик иштирок менамоянд. Иштироки ноболиғон ва шахсони синнашон аз 60 сола боло, инчунин шахсони бемор ё иммунитеташон суст (масалан, бемориҳои роҳи нафас, бемориҳои дил, диабети қанд ё системаи заифии масуният), қатъиян манъ аст.

Ба майит даст расонидан ё бӯса кардан зарурияти динӣ надорад ва дар ҳолати фавтидан аз бемориҳои сироятӣ, даст расонидан ба майит манъ аст.

Интиқоли ҷасад

Интиқоли ҷасад ба қабристон бояд дар нақлиёти махсус ба роҳ монда шавад. Ҷасадро танҳо шахси масъул – қабркан ё кафандӯз ё шахсе, ки майитро ба қабр мегузорад, бо риояи қоидаҳои шадиди санитарӣ ва пӯшидани либоси махсус ҳамроҳӣ мекунад.

Ҷаноза

Дини ислом дафн кардани шахси фавтидаро фарзи кифоя ҳукм кардааст, ки агар дар он чанд нафар иштирок кунанд, кофӣ аст. Бинобар ин, бо дарназардошти шароити кунунӣ намози ҷаноза дар назди қабристон ё ҷойҳои махсус бо иштироки теъдоди ками хешовандон ва дӯстони наздик хонда шавад, беҳтар аст. Тибқи таълимоти мазҳаби ҳанафӣ дуо аз ҳар ҷо қабул мегардад. Бинобар ин, дигарон дар ҳаққи майит дуо кунанд, кифоя аст.

Намози ҷанозаро имом бо риояи талаботи шариат анҷом дода, дар масофаи на камтар аз 2 метр аз тобут меистад.

Дар қабр гузоштан

Ҷасади майитро мутасаддиёне, ки либосҳои махсуси муҳофизатӣ пӯшидаанд, дар қабр мегузоранд.

Тибқи урфу одати маҳаллӣ дар аксар минтақаҳои Тоҷикистон қабр ба шакли долондор канда мешавад. Барои даровардани майт ба чунин қабр лозим аст, ки як нафар ба даруни лаҳад даромада, аз дохили он ҷасадро қабул кунад, ки ин кори мураккаб аст. Аз ин рӯ, тавсия дода мешавад, ки қабрҳо ба усули шомӣ, яъне рост ба поён ва сипас дар тарафи рост лаҳад ба шакли тоқ ба андозаи ҷасад канда шавад. Дар чунин намуди қабрҳо ба хок супоридани майит мушкиле эҷод намекунад.

Баъд аз пӯшонидани болои лаҳад ва каме хок партофтан, дигар иштирокдорон метавонанд ба қабр хок партоянд.

Шахсоне, ки дар хона мефавтанд...

Шахсоне, ки дар хона фавтидаанду дар онҳо аломатҳои шабеҳ ва ё гумонбарӣ ба ин беморӣ дида мешавад, аммо бемории COVID-19 дар онҳо тасдиқ нашудааст, ба хотири пешгирии паҳншавии беморӣ ба ҳамин тартиб маросими ҷанозаи онҳо баргузор карда мешавад.

Мувофиқи хулосаи Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити кунунӣ барои фотиҳахонӣ ба хонаи майит омадан зарурат надорад. Тибқи таълимоти шариат савоби дуо ба рӯҳи гузаштагон аз ҳар куҷо ҳатман мерасад. Таъзиябаёнкунӣ бо риояи фосилагирии иҷтимоӣ анҷом дода мешавад.

16348
В Центральном военном округе приступили к вакцинации личного состава от коронавируса

COVID - 19 нест: омори нави Вазорати тандурустии Тоҷикистон

105
(Таҷдидшуда 19:09 24.01.2021)
Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, шабонарӯзи гузашта чун рӯзҳои қаблӣ дар кишвар ягон ҳолати гирифторӣ ба коронавирус сабт нашудааст

ДУШАНБЕ, 24 январ - Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, дар ҷумҳурӣ аз 10 январ то ҳол ягон ҳолати гирифторӣ ба бемории коронавирус сабт нашудааст.

Расман: рӯзи бозкушоии масҷидҳо дар Тоҷикистон эълон шуд

Расман бори охир дар Тоҷикистон рӯзи 10 январ се ҳолати гирифторӣ ба коронавирус сабт шуда буд.

"Дар маҷмӯъ то имрӯз, 24 январ дар кишвар 13308 нафар гирифторони сирояти коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора то санаи зикргардида 13218 нафар ё 99,3% шифо ёфтаанд", - омадааст дар хабарнома.

Манбаъ афзуда, ки аз аввали ҳамагирии коронавирус то кунун 90 нафар бар асари ин беморӣ фавтидаанд.

Намоз бо ниқоб: қоидаҳои масҷидравӣ дар Тоҷикистон

Ёдрас мешавем, ки дар Тоҷикистон нахустин ҳолати гирифторшавӣ ба коронавирус 30 апрели соли 2020 эълон шуда буд.

105
Барчаспҳо:
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ, вируси корона, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Военный парад в Хороге по случаю приезда президента Таджикистана

Коршинос гуфт, чаро бештари ҷавонони тоҷик майли аскарӣ надоранд: роҳи ҳалро нишон дод

470
(Таҷдидшуда 17:03 24.01.2021)
Қонуни навсозӣ гумон аст, ки мавқеи артишро дар Тоҷикистон беҳтар кунад, мегӯяд Сергей Кривенко, мудири ғайринизомии артиш

ДУШАНБЕ, 24 янв – Sputnik. Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон рӯзи 20 январ таҳрири нави қонун "Дар бораи ӯҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ" -ро тасдиқ кард.

Тахмин меравад, ки қоидаҳо як қатор масъалаҳои муҳимро, ки ҳоло бо артиши кишвар алоқаманданд, ҳал мекунад.

Ҳамин тариқ, муқаррароти нав на танҳо аз фасод, балки аз найрангҳои маккоронаи ҷавонон барои саркашӣ аз хидмат ҷилавгирӣ хоҳанд кард.

Ба гуфтаи Сергей Кривенко, директори "Гражданин. Армия. Право"-и ҳуқуқи башар ва узви собиқи шӯрои гурӯҳи корӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқи хизматчиёни ҳарбии шӯрои президент оид ба ҳуқуқи инсон, Тоҷикистон бояд масъалаи ҷорӣ кардани артиши шартномавиро баррасӣ кунад. 

Танку тӯпу зиреҳпӯш: қудрати ҳарбии Тоҷикистон дар рақамҳо

Роҳҳои кунунии ислоҳот, ба гуфтаи коршинос, саволҳои зиёдеро ба миён меоранд.

"Дар ҷаҳони муосир ба ҷуз артиши шартномавӣ, ки вазъи ҳам даъват ба артишу худи артиш, коҳиш додани сатҳи ҷиноятҳои зӯроварӣ чизе беҳтар андешида нашудааст. Масири асосӣ, ба мисли Русия ва дар бисёр кишварҳои дигар, гузариш ба артиши шартномавӣ аст", - гуфт Кривенко дар мусоҳиба бо Sputnik Тоҷикистон.

Ниёз ба артиши тавоно: Ғаффоров хост, дар хизмат адабиёт таълим дода шавад

Ин гузариш метавонад дарозтар ё кӯтоҳтар бошад. Артиши шартномавӣ ҷавононро ҳавасманд мекунад ва мушкилоти зиёдеро бартараф мекунад, гуфт коршинос.

"Бо чунин сатҳи рушди технология, сатҳи омодагии зарурии ҷангӣ, ки ба артиши муосир пешниҳод карда мешавад, тайёр кардани сарбози касбӣ дар муддати камтар аз 2 ё 3 сол ғайриимкон аст", - қайд кард Кривенко.

Аммо Тоҷикистон, ба гуфтаи коршинос, ин роҳро пеш намегирад, усули даъватро тарк мекунад ва амалан чизе ислоҳ намекунад.

"То ҷое ки ман дидам, чандин гузоришҳо аз созмонҳои ҳифзи ҳуқуқ мавҷуданд, ки дар артиш мушкилии калон сари шиканҷа (дедовшина) аст, бинобар ин, бисёр бачаҳо аз рафтан метарсанд",- гуфт мутахассис.

Навигариҳои хизмати ҳарбӣ: хизмати пулакӣ, дипломдорҳо ҳам раванд, ба кор намегиранд

Навоварие, ки хидмати яксолаи донишҷӯёнро дар баробари сарбозони оддӣ пешбинӣ мекунад, ба омезиши ҷараёни ду категорияи кормандони низомӣ мусоидат хоҳад кард.

"Ин аксар вақт боиси афзоиши ҷинояткорӣ мегардад. Ин ҷараёнҳоро ҷудо кардан лозим аст",- гуфт Кривенко.

"Пас барои комиссариати ҳарбӣ интихоб пайдо мешавад, ки чунин имкониятро фароҳам орад ё не. Мо бояд бубинем, ки дар инҷо ҳеҷ гуна имкониятҳои тавлиди фасод вуҷуд надорад. Агар ин роҳро сабук кунад, хатари дигаре ба миён меояд. Артиш метавонад ба "артиши камбизоатон" табдил ёбад, зеро он қишрҳои аҳолӣ ба он ҷо хоҳанд рафт, ки пардохт карда наметавонад",-таъкид кард Кривенко.

Ғайр аз ин, дар Тоҷикистон то ҳол қонун дар бораи хидмати алтернативии шаҳрвандӣ вуҷуд надорад, ки тақрибан дар ҳамаи кишварҳои минтақаи пасошӯравӣ ҳаст.

Ин ба сабук кардани вазъи он ҷавононе, ки хидмати ҳарбиро барои эътиқоди худ қабул намекунанд, кӯмак мекунад, хулоса кард коршинос.

Ҷой доштани муносибатҳои ғайриоинномавиро Шералӣ Мирзо, вазири мудофиаи кишвар низ дар посух ба пурсиши вакили парлумон Саидҷаъфар Усмонзода, тасдиқ кард.

Тоҷикистон дар радабандии байналмилалии қудрати низомӣ: Ӯзбекистон қавитар аз ҳама дар ОМ

" Мутаассифона, чунин ҳолат ҷой дорад. Вазорати мудофиа ҳама чораро меандешад, ки ба чунин вазъ хотима диҳад. Ҳарчанд теъдоди чунин вайронкуниҳо тӯли солҳои охир ду — се маротиба кам шудааст, вале то ҳол он хотима наёфтааст", - изҳори нигаронӣ кардааст вай.

Шералӣ Мизо афзуд, бо қабули қонун дар таҳрири нав ба масъалаи зикршуда боз ҳам бештар диққат дода хоҳад шуд.

470
Барчаспҳо:
хизмат, шиканҷа, сарбоз, артиши миллӣ, вазорати мудофиаи ҶТ
Граждане Таджикистана на рынке труда в городе Худжанде

Тасвиби грант барои таъмини тоҷикистониён бо кор

0
(Таҷдидшуда 21:21 24.01.2021)
Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон созишномаи грантӣ бо Бонки Осиёии Рушдро тасвиб кардааст, ки ба татбиқи лоиҳаи “Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ” равона мешавад

ДУШАНБЕ, 24 янв— Sputnik. Юсуф Маҷидӣ, муовини вазири молияи Тоҷикистон, зимни муаррифии лоиҳа гуфт, ки маблағи умумии лоиҳа 34,65 миллион доллари амрикоӣ мебошад.

“Аз он 30,0 млн. доллар аз ҳисоби гранти Бонки Осиёии Рушд, 1,5 млн. доллар аз ҳисоби гранти Хазинаи Ҷопон оид ба технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ ва 3,15 млн. доллар ҳамчун саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври озодкунӣ аз андозҳо пешбинӣ гардидааст”, - изҳор дошт Маҷидӣ.

Ноиби вазири молия афзуд, мақсади лоиҳа беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имконияти бакортаъминшавии ҷавонон, занон ва муҳоҷирони меҳнатӣ дар бозори меҳнати дохилӣ ва беруна мебошад.

“Аз ҷумла сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии Маркази омӯзиши соҳаи туризм ва хизматрасонӣ дар шаҳри Душанбе, Маркази омӯзиши соҳаи энергетика дар шаҳри Роғун ва Маркази омӯзиши соҳаи агросаноатӣ дар ноҳияи Данғара, инчунин, се маркази хизматрасонии муҳоҷирон дар ноҳияи Восеъ, шаҳрҳои Бохтар ва Хуҷанд дар назар дошта шудаанд”, - иттилоъ дод Маҷидӣ.

Нашрияи парлумонии “Садои мардум” аз қавли ноиби вазири молия афзуд, дар доираи лоиҳа инчунин идрорпулӣ барои занҳои танҳо, аз оилаҳои камбизоат, хариди ҳашт адад микроавтобус дар марказҳои омӯзишӣ ва  чор воситаи нақлиёти хизматрасонии маъмурӣ дар назар аст.

Ташкили низоми нави иттилоотии бозори меҳнат тавассути таҷҳизоти иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ, омӯзиши ҳайати коргарон ва баҳрагирандагони лоиҳа оид ба рушди технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсион, ташкили курсҳои касбомӯзӣ ва тақвияти рушди касбии муҳоҷирони меҳнатӣ аз бандҳои дигари лоиҳаи мазкур арзёбӣ шудааст.

0
Барчаспҳо:
грант, Тоҷикистон