Председатель Согдийской области Раджаббой Ахмадзода

Аҳмадзода дар Рӯзи Оила аз ҷуфте хабар гирифт, ки 52 сол якҷоянд

306
(Таҷдидшуда 21:06 15.05.2020)
Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд, ба муносибати Рӯзи байналмилалии оила хонаводаҳои нисбатан шинохтаи шимоли Тоҷикистонро шодбоош гуфта, туҳфаҳо тақдим кардааст

ДУШАНБЕ, 15 май – Sputnik. Паёми шодбошӣ ва туҳфаҳои раиси вилояти Суғдро 55 оилаи барӯманд аз шаҳру навоҳии вилоят гирифтаанд, хабар дод котиботи раис.

Манбаъ афзуд, ки инчунин  Раҷаббой Аҳмадзода ба муносибати рӯзи байналмилалии Оила ба хабаргирии оилаи намунавии шаҳри Хуҷанд арбоби шинохтаи хизмати давлатӣ собиқадорони меҳнат Биҳоҷал Раҳимова ва Ҷӯрабой Негматов рафтаст.

Котиботи раиси Суғд мегӯяд, Биҳоҷал Раҳимова арбоби намоёни хизмати давлатӣ дар вазифаҳои масъулиятноки давлатӣ садоқатмандона ба халқу Ватан хизмат намудааст.

“Хизматҳои шоёни Биҳоҷал Раҳимова бо мукофотҳои арзандаи ҳукумати қадрдонӣ гардида, бо унвони корманди Шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ордени нишони фахрӣ сарфароз карда шудаанд. Шавҳарашон Ҷӯрабой Негматов собиқадори соҳаи нақлиёт буда, 52 сол ҳамҷоя зиндагонӣ карда истодаанд. Соҳиби ду фарзанд 5 набера ва 3 абера ҳастанд”, - омадааст дар иттилоия.

Раиси вилоят баён дошт, ки таҷрибаи оиладорӣ, меҳру муҳаббати самимӣ, тарбияи фарзанд ва зиндагиномаи намунавии ин ҷуфт  барои оилаҳои ҷавон намунаи ибрат мебошад.

306
Тонущий человек, архивное фото

Ғарқшавии ду ҷавон дар Хатлону Ҳисор: ҷасади яке ёфт ва дигаре то ҳол бедарак аст

8
(Таҷдидшуда 16:04 04.06.2020)
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон аз ду ҳодисаи ғарқшавии сокинони Хатлон ва Ҳисор хабар медиҳад

ДУШАНБЕ, 4 июн — Sputnik. Наҷотбахшони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон давоми ду рӯз ҷасади дар об ғарқшудаи як сокини  23 - солаи деҳаи Пахтакори ноҳияи Кушониёнро меҷӯянд.

Ба иттилои котиботи КҲФ, Дониёр Азизов сокинои ноҳия Кушониён ҳангоми оббозӣ дар дарёи Вахш аз беэҳтиётӣ ғарқ шудааст.

"Хабари ғарқи дарё шудани ӯ ба Раёсати КҲФ дар Хатлон рӯзи 3-уми июн расид ва худи ҳамон лаҳза кормадони наҷот, ба ҷойи ҳодиса рафтанд ва то бегоҳ ҷасадро кофтанд. Вале ҷустуҷӯҳои рӯзи аввал натиҷа надод ва имрӯз, 4-уми июн корҳои кофтуков аз сар гирифта шуданд", - таъкид мешавад дар хабар.

Манбаъ аз ғарқшавии як ҷавони 18 - солаи дигар дар ноҳияи Ҳисор хабар медиҳад, ки баъди аз зуҳри рӯз 3 - уми май иттифоқ афтодааст.

Гуфта мешавад, сокини 18 - солаи деҳаи Мирзочӯли ноҳияи Рӯдакӣ ҳангоми оббозӣ дар канали калони Ҳисор ғарқ шуд.

Боқимондаҳои ҷасади сайёҳи рус, ки дар рӯди Хингоб ғарқ шуда буд, пайдо гардид

"Корҳои ҷустуҷӯи ҷасади ғарқшуда дирӯз то соати 20:05 дақиқа идома дошт, вале он бенатиҷа анҷомид", - омадааст дар хабар.

Зимнан, субҳи имрӯз, соати 03:00 сокинони деҳа ҷасадро тақрибан 70 метр поёнтар аз ҷойи ҳодиса мушоҳида карданд ва он аз об берун оварда шуда, ба пайвандонаш супурда шуд.

8
Парк Душанбе

Барқарор кард: боздошти ронандае, ки дар "Наврӯзгоҳ" дарахти "Каштанка" - ро шикаст

137
(Таҷдидшуда 13:45 04.06.2020)
Раёсати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти ронандае хабар медиҳад, ки аз беэҳтиётӣ дар назди боғи "Наврӯзгоҳ" дарахти "Каштанка" - ро шикаст

ДУШАНБЕ, 4  июн — Sputnik. Раҷабов Умарҷони 19 - сола ронандаи автомашинаи тамғаи Мерседе-Бенс 1 - адад дарахти ороишии бо номи "Каштанка" - ро шикастааст, хабар медиҳад котиботи Раёсати умури дохилӣ дар шаҳри Душанбе.

Ба иттилои манбаъ, номбурда санаи 30 - юми май ҳангоми ҳаракат тавассути кӯчаи Ҳофизи Шерозӣ дар назди боғи "Наврӯзгоҳ" аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, дар қисми кабудизоршудаи канори роҳи автомобилгард 1-адад дарахтони ороиширо шакастааст.

Дастури Президент: вакилон тӯли панҷ сол 20 дарахт мешинонад

Зимнан, нисбати ӯ тибқи талаботи моддаи 334-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, ҳамзамон номбурда зарари расонидашударо барқарор намудааст.

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ба иттилои шаҳрвандон ва ронандагони воситаҳои нақлиёт мерасонад, ки нисбати ободиву зебогиҳои кишвар арҷ гузоранд ва барои боз ҳам зебо гардонидани гулгашту хиёбон ва муҳити атроф саҳмгузор бошанд.

137
Барчаспҳо:
решакан шудани дарахтон, ронанда, Тоҷикистон