День16 мая

Ҷашнҳои рӯзи 16 май дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

141
(Таҷдидшуда 19:37 15.05.2020)
Соли 2013 гурзандози тоҷик Дилшод Назаров дар Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба варзиши сабук аз силсилаи "IAAF World Challenge" дар шаҳри Белеми Бразилия гурзро ба масофаи 78 метру 49 сантиметр партофта, медали тилло ба даст овард.

Рӯзи 16 май дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1929 аввалин бор дар ҳотели "Roosevelt" дар Ҳолливуд (ИМА) маросими супоридани Ҷоизаи ҳоло машҳури "Оскар" доир гардид. Ин маросим ҳамагӣ 15 дақиқа давом карда, дар он тақрибан 250 нафар ширкат намуданд.

Рӯзи 16 май дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2010 дар шаҳри Душанбе бо мақсади ташвиқу тарғиби ҳаракати байналмилалии олимпӣ, тарзи ҳаёти солим ва рушди варзиш Рӯзи дави миллӣ баргузор гардид.

День 15 мая
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария
Соли 2012 Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои шиносоӣ бо мавзеъҳои аз заминларзаи 13 майи ҳамон сол зарардида ба ноҳияҳои Рашт ва Тавилдара сафар карданд.

Ҷашнҳои рӯзи 14 май дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 2012 муносиботи дӯстию ҳамшарикӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Федератсияи Русия дар мулоқоти хосаи дуҷонибаи Сарони ҳарду давлат- Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин муҳокима гардид.

Соли 2013 гурзандози тоҷик Дилшод Назаров дар Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба варзиши сабук аз силсилаи "IAAF World Challenge" дар шаҳри Белеми Бразилия гурзро ба масофаи 78 метру 49 сантиметр  партофта, медали тилло ба даст овард.

 

Дилшод Назаров на летних Азиатских играх 2018 в Джакарте
© AP / Lee Jin-man
Дилшод Назаров на летних Азиатских играх 2018 в Джакарте

 

Соли 2013 масоили вобаста ба рушди ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Қирғизистон, аз ҷумла дар бахшҳои сиёсат, иқтисод ва савдо, амнияти минтақавӣ ва илму фарҳанг баррасӣ гардиданд.

Соли 2015 масъалаҳои ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки рушди исломӣ  дар заминаҳои гуногун баррасӣ шуданд.

Соли 2016 дар ҷараёни сафари расмӣ ба Давлати Кувайт дар Маркази тиҷоратӣ — фароғатии «"Авеню" Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Директори генералии «Маҷмуату шарикот ал Шоеъ» Муҳаммад Ҳамад ал-Шоеъ мулоқот карданд.

Соли 2018 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко дар шаҳри Ҳисор марҳилаи аввали корхонаи муштараки Тоҷикистону Беларус – Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи "Агротехсервис"-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Ҷашнҳои рӯзи 16 май

  • Рӯзи биографҳо.
  • Рӯзи байналмилалии рушноӣ.
141
Барчаспҳо:
ҷашн, ҷаҳон, Тоҷикистон
Меваю сабзавот дар бозор, акс аз бойгонӣ

Азми мақомоти Хатлон барои содироти 90 ҳазор тон меваю сабзавот ба хориҷа

91
(Таҷдидшуда 20:54 27.05.2020)
Мақомоти Хатлон мегӯянд, имрӯз, 27 май, аз вилоят ба Русия боз 50 тонна олу содир карда шуд. Соҳибкорони маҳаллӣ олуро аз ноҳияи Кӯшониён дар қуттиҳои махсус бор карда, тавассути мошинҳои борбар роҳии Санкт-Петербург намуданд

ДУШАНБЕ, 27  май — Sputnik. Тибқи иттилои мақомоти Хатлон, рӯзе пеш боғпарварони ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ низ бо мусоидати бахши намояндагии Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят ба хориҷи кишвар 51 тонна меваҷотро содир карда буданд.

Президент Эмомали Рахмон открыл спортивный комплекс в Ховалингском районе
© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook.

Манбаъ таъкид намудаст, ки имрӯз аз вилояти Хатлон, асосан навоҳии Ҷ. Балхӣ, Кӯшониён ва Ҷайҳун ба хориҷи мамлакат ҷамъан 139 тонна мева бо иловаи лимӯ содирот шудааст.

“Мавсими содироти меваҷот, тавре ки мутахассисон таъкид мекунанд, тоза шурӯъ шудааст. Имсол, тибқи дурнамо аз шаҳру навоҳии вилояти Хатлон ба мамолики хориҷи дуру наздик 90 ҳазор тонна меваю сабзавот содирот хоҳад шуд”, - омадааст дар иттилоия.

Мақомоти Хатлон мегӯянд, то 27 май ин нақша ба андозаи 40,5% иҷро гардида, ба хориҷа 36 ҳазору 429,1 тонна меваю сабзавот, аз ҷумла 36 ҳазору 255,2 тонна пиёз содир карда шудааст. Дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2019 ба хориҷи мамлакат ба андозаи қариб 15 ҳазор тонна маҳсулоти бештар содирот шудааст.

Манбаъ таъкид кардаст, ки маҳсулоти кишоварзии истеҳсоли вилояти Хатлон асосан ба Қазоқистон, Покистон, Афғонистон, Федератсияи Русия ва Қирғизистон равона гардидааст.

91
Мужчина в защитной маске

Омори хушҳолкунанда: бидуни фавт ва шифо ёфтани 1575 нафар аз коронавирус дар Тоҷикистон

1041
(Таҷдидшуда 18:16 27.05.2020)
Вазорати тандурустии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки шабонарӯзи гузашта дар ҷумҳури аз маризии коронавирус ягон бемор нафавтид

ДУШАНБЕ, 27 май — Sputnik. То соати 17:30 дақиқаи 27 май дар кишвар 3424 нафар бо ташхиси сирояти коронавируси нави COVID-19 ошкор гардида, аз ин беморӣ то кунун дар мамлакат 1575 нафар шифо ёфтаанд.

Ба иттилои котиботи Вазорати тандурустӣ, шабонарӯзи гузашта ягон мавриди фавт аз ин беморӣ сабт нагардидааст. Теъдоди қурбониён дар Тоҷикистон ҳамоно 47 нафар арзёбӣ мешавад.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мегӯяд, то 27 майи соли равон дар мамлакат 2501 нафар зери назорати табибон қарор дошта, дар як шабонарӯзи охир 385 нафар пас аз шифо ёфтан ба хонаҳояшон рухсат дода шудаанд.

Вазорат аз шумораи дигари қурбониёни коронавирус дар Тоҷикистон хабар дод

Манбаъ тавзеҳ медиҳад, ки  имрӯзҳо дар 85 беморхонаи ҷумҳурӣ зиёда аз 7 ҳазору 500 табиб ва 25 ҳазор корманди миёнаи тиб сафарбар шудаанд.

Ба ғайр аз ин дар муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии ҷумҳурӣ 7 ҳазору 600 табиб ва зиёда аз 24 ҳазор корманди миёнаи соҳаи тиб бо мақсади дарёфт, пешгирӣ ва расонидани кумаки аввалия ба мардум хизмат мерасонанд.

 

1041
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Свеча

Мотам дар хонаводаи Сатторовҳо, соҳибкорони хайрхоҳи тоҷик-акс

2610
Шамсулло Сатторов, яке аз бародарон Сатторовҳо, ки ахиран барои хайрашон ба табибони Ҳисор дар сархати расонаҳо қарор гирифта буданд, даргузашт

ДУШАНБЕ, 27  май — Sputnik. Раёсати ҷамъияти миллӣ-фарҳангии тоҷикони вилояти Иркутск, аз марги Сатторов Шамсулло Ҳикматуллоевич, ки дар синни 47-солагӣ аз бемории саратон даргузашт, изҳори андуҳ кардааст.

Садбарг Боқиева, рӯзноманигор ва фаъоли ҷамъиятӣ, дар бораи марги Сатторов дар саҳифаи фейсбукияш хабар дода, ҳамдардии ҷамъияти тоҷикони Иркутскро ба хонаводааш баён доштааст.

Ахиран бародарон Сатторовҳо ба маркази саломатӣ дар Ҳисор 16500 кило орд, 1650 кило биринҷ, 1650 литр равған, 1650 кило шакар, 1650 кило макарон, 3300 дона собун ва 3000 дона ниқоби тиббӣ дастрас кардаанд.

Бародарон Давронҷон, Баҳромҷон, Убайдулло, Рустамҷон, Шамсулло ва Суҳробшо Сатторовҳо - соҳибкорони тоҷик, зодаҳои шаҳри Ҳисор мебошанд, ки дар Русия ба соҳибкорӣ машғуланд.

Давронҷон Сатторов, яке аз шаш бародарон  дар пайи хайри охирашон изҳор дошта буд, ки  "ману бародаронам ятим калон шудем ва дар тарбияи модарамон  Хосиятбону Азизова, рӯҳаш шод бод, бузург шудем. Аз ин рӯ хуб медонам, ки кӯдакони ятим ба чӣ ниёз доранд ва қалби кӯчакашон чӣ мехоҳад".

2610
Барчаспҳо:
хайрхоҳӣ, Русия, Тоҷикистон