Губернатор Согдийской области Раджаббой Ахмадзода в больнице Канибадама

Иқдоми масъулин дар Суғд: барои ба бозори серодам нарафтан, Гӯшаҳои деҳқон ташкил карданд

354
(Таҷдидшуда 14:38 16.05.2020)
Ин тадбир барои пешгири ва риоя намудани меъёрҳои фосилави паҳншавии бемори бе зарурат тарк накардани манзили истиқомати амалӣ карда мешавад.

ДУШАНБЕ, 16 май — Sputnik. Ҷиҳати пешгирии паҳншавӣ ва табобати мубталоёни бемории нави короновирус — COVID-19 дар Суғд дар назди хонаҳои баландошёнаи шаҳрҳои саноатӣ барои дастрасӣ ёфтани сокинон ба меваҳои тару тоза ва сабзавот Гӯшаҳои деҳқон ташкил карда шуд.

Ин иқдом бо ташабуси ҳукумати вилояти Суғд ва раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода сурат гирифт, менависад дафтари матбуоти раиси вилоят.

"Ин тадбир барои пешгири ва риоя намудани меъёрҳои фосилави паҳншавии бемори бе зарурат тарк накардани манзили истиқомати амалӣ карда мешавад", - омадааст дар иттилои манбаъ.

Гуфта мешавад, деҳқонон фурӯши меваю сабзавоти баҳориро дар назди хонаҳои баландошёна оғоз карданд. Дар Гӯшаҳои деҳқон сабзавоти барвақтӣ аз қабили пиёз, картошка, сабзӣ, шалғам, бодиринг, помидор, сирпиё, мевагиҳо, зардол, гелос ва қулфинай ба сокинон бо нархи дастрас пешниҳод карда мешавад.

Раҳимзода карантинро зиёновар хонд: дар 2 моҳ 16 миллиард сомонӣ зарар мерасид

 

354
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (469)
Охотничье ружье, архивное фото

Тирпарронӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ва маҷрӯҳ шудани як нафар

31
(Таҷдидшуда 11:51 02.06.2020)
Ҷабридида фавран ба бемористон мунтақил шуд ва феълан дар ҷойи ҳодиса мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз ҳар ду ҷониб тафтишот мебаранд

ДУШАНБЕ, 2 июн – Sputnik. Дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон шаби гузашта тирпарронӣ сурат гирифт. Ба гуфтаи мақомоти қирғиз, афроди номаълум аз сӯи Тоҷикистон ба ҷониби як шаҳрванди Қирғизистон оташ кушодаанд. Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон то ба ҳол қазияро шарҳ надодаанд.

Гуфта мешавад, тирпарронӣ соати 01:30 дақиқа дар деҳаи Эки - Таши вилояти Бодканд рух додааст. 

Афроди номаълум аз ҷониби Тоҷикистон ба сӯйи шаҳрванди 38 - солаи Қирғизистон оташ кушоданд ва ӯро маҷрӯҳ намуданд.

Тирпаронӣ дар марз: КДАМ гуфт, марди қирғиз ҷавонзани тоҷикро паронд

Хадамоти марзбонии Қирғизистон мегӯяд, ронандае,ки самти Ош - Исфана ҳаракат дошт аз тири милтиқи шикорӣ ҷароҳат бардошт ва фавран ба бемористон интиқол дода шуд.

Дар ҳамин ҳол, шаби гузашта мулоқоти намояндагони пулиси ду кишвар баргузор шуд ва феълан низ гуфтушуниди ҳар ду ҷониб идома дорад. 

Манбаъ меафзояд, айни замон вазъият дар марз мӯътадил аст.

Қаблан, маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон хабар дод, ки соати 11:55-и  27 майи соли 2020 бархилофи созишномаҳои қаблан баимзорасида, шаҳрванди Қирғизистон Бахтибеков Соат, сокини деҳаи Куктоши ҷамоати деҳоти Оқсой ба сӯйи ҷавонзани 25-сола, шаҳрванди Тоҷикистон тир холӣ кард.

Манбаъ аз шаҳрванди тирхӯрдаи Тоҷикистон, Шаропова Шукрона Зуҳурбоевна (Муътабархонуми Зухриддин), соли таваллудаш 1995, истиқоматкунандаи маҳаллаи Қақири Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ ва коргари бригадаи №14-уми тухмипарварии ҳамин маҳалла ном бурд. Шаропова аз қисмати рости баданаш захмӣ шуда буд.

31
Барчаспҳо:
тирпарронӣ, марз, Қирғизистон, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
То кай?: танишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон
Преступник за решеткой

Боздошти ронандае, ки нимашаб ҷавонзани роҳрӯбро пахш намуда, фирор кард

55
(Таҷдидшуда 11:28 02.06.2020)
Раёсати умури дохилӣ дар шаҳри Душанбе аз боздошти ронандае хабар медиҳад, ки пас аз пахш намудани роҳрӯб аз ҷойи ҳодиса фирор кардаст

ДУШАНБЕ, 2 июн – Sputnik. Саъдуллоева Холӣ сокини 34 - солаи шаҳри Душанбе, ки ба тамиз намудани роҳу хиёбонҳои пойтахт машғул аст, аз ҷониби ронадаи номаълум пахш шуда буд.

Ба иттилои котиботи Раёсати умури дохилӣ дар шаҳри Душанбе, ҳодисаи мазкур санаи 31 - уми май дар кӯчаи Н.Қарабоев рух додааст.

ВУД: дар ду рӯзи истироҳат дар се садамаи нақлиётӣ панҷ нафар ба ҳалокат расид

Ҷавонзани роҳрӯб соати 03:10 дақиқа ба тамиз кардани роҳи кӯчаи Неъмат Қарабоев машғул буд, ки ронандаи шахсияташ номаълум ӯро бо автомашинаи худ пахш кард ва фавран аз ҷойи ҳодиса фирор кард.

Зимнан, кормандони пулис аснои баргузор кардани корҳои ҷустуҷӯӣ, ронандаи фироркардаро боздошт намуданд.

"Муайян карда шуд, ки ронандаи автомашинаи тамғаи Опел-Астра рақами қайди давлатиаш 7222 СМ 01, шаҳрванд Алиев Сангмаҳмад Валиевич соли таваллудаш 1992, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Чортут мебошад, ки дар ҳақиқат рӯзи 31-уми майи соли ҷорӣ тақрибан соати 03:10 дақиқа ҳангоми идора намудани воситаи нақлиёташ дар кӯчаи Н. Қарабоев ҷавонзани роҳрӯбро пахш намудааст", - таъкид мешавад дар хабар.

Зикр мегардад, ки ронандаи ҷавон ба ҷойи расондани кӯмак ба роҳрӯби ҷароҳатбардошта, баръакс аз ҷойи ҳодиса рӯ ба гурез мениҳад.

РВУД мегӯяд, вобаста ба ҳолати мазкур маводҳои дахлдор тартиб дода шуда, таҳқиқ ҷараён дорад.

Манбаъ меафзояд, Саъдуллоева Холбӣ пас аз муоинаи тиббӣ аз бемористон мураххас шуд.

55
Барчаспҳо:
фирор, пахш, ронанда, боздошт