Президент Узбекистана Шавкат Мирзиеев

Тағйироти кадрӣ дар Ӯзбекистон

860
(Таҷдидшуда 19:54 16.05.2020)
Мирзиёев ҳамчунин Шерзод Қудбиев- мушовири худ дар масоили хадамоти давлатӣ ва ҳамкорӣ бо созмонҳои маҳаллиро низ ба унвони раиси Кумитаи давлатии андоз таъин кард

ДУШАНБЕ, 16 май — Sputnik. Тавре расонаҳои Ӯзбекистон хабар доаанд,бар асоси фармони Шавкат Мирзиёев- раиси  ҷумҳури Ӯзбекистон дар кишвар таъиноти кадрӣ сурат гирифт.

Тавре "Прас тудэй" менависад, дар кишвар симатҳои муовини нахуствазир дар масоили тавсеаи иҷтимоӣ, мушовири нахуствазир- раиси Идораи масоили тавсеаи технологиҳои иттилоърасонӣ, мухобирот ва фаолияти навоварӣ, мушовири нахуствазир –раиси Идораи масоили тавсеаи саноат ва заминаҳои пояии он ва ҳамчунин равобити таовунӣ эҷод шуд.

Тибқи ин дастур ҳамчунин маҷмӯае аз вазоифи ҷадид бар уҳдаи нахуствазир гузошта шуда, ки аз ҷумла, вай бар умури ба кор бурдани технологиҳои иттилоърасонӣ ва давлати электроникӣ, таъмини амнияти иттилоотӣ, тавсеаи мухобирот, дониш, мутолиоти илмӣ ва навовариҳо мудирият мекунад.

7 ҳолати нави гирифторшавӣ ба COVID-19 дар Ӯзбекистон: cе мариз аз Тоҷикистон ворид шуданд

Раиси ҷумҳури Ӯзбекистон Беҳзод Мусоифрро, ки қаблан симати раиси Кумитаи давлатии андозро ба уҳда дошт, ба мақоми муовини масоили тавсеаи иҷтимоии нахуствазир мансуб кард.

Мирзиёев ҳамчунин Шерзод Қудбиев- мушовири худ  дар масоили хадамоти давлатӣ ва ҳамкорӣ бо созмонҳои маҳаллиро низ ба унвони раиси Кумитаи давлатии андоз таъин кард.

860
Открытие нового здания хирургии в районе Шахристан, архивное фото

Хушхабар: Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерология дар Душанбе аз маризони COVID - 19 орӣ шуд

210
Тамоми маризони COVID -19, ки дар Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерология дар шаҳри Душанбе бистарӣ буданд, шифо ёфта мураххас шуданд

ДУШАНБЕ, 4 июн — Sputnik. Вазорати тандурустии Тоҷикистон аз орӣ шудани Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерология дар шаҳри Душанбе аз маризони коронавирус хабар дод.

Ба иттилои манбаъ, ҳамаи маризони коронавирус, ки дар ин беморхона бистарӣ буданд, шифо ёфта ба хонаҳои худ баргаштанд.  

Ду донишҷӯи тоҷик мубталои коронавирус шуда, ба бемористон бистарӣ шуданд

Зимнан, вазорат таъйид намудаст, ки дар чанд рӯзи ахир қисме аз муассисаҳои тандурустӣ, ки  муддати муайян дар онҳо беморони гирифтори коронавирус табобат мегирифтанд, ба фаъолияти муқаррарӣ баргаштанд.

"Муассисаи давлатии "Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои дил" ва Маркази бемориҳои урологӣ, воқеъ дар Муассисаи давлатии Маркази миллии тиббии Тоҷикистон "Шифобахш" ва бахши таваллудхонаи Муассисаи давлатии Маҷмааи тандурустии "Истиқлол", ки ба муоинаву муолиҷаи гирифторони бемории коронавирус машғул буданд,  ба фаъолияти муқаррарии корӣ баргардонида шуданд", - таъкид мешавад дар хабар.

Манбаъ меафзояд, ҳоло  дар аксар минтақаҳои мамлакат, бахусус дар шаҳри Душанбе ҳолатҳои сироятёбии сокинон аз бемории  COVID-19 то андозае поён рафта, ҳамзамон муроҷиати шаҳрвандони мамлакат низ ба муассисаҳои тиббӣ бо нишонаҳои сироятёбӣ аз коронавирус кам шудааст.

Мутахассисони соҳаи тандурустӣ бар он назаранд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон давраи авҷи сироятёбии сокинон ба бемории COVID-19 паси сар шудааст.

210
Барчаспҳо:
маризон, бемористон, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Человек в воде, архивное фото

Оғози мавсими оббозӣ ва ҳушдори КҲФ ба сокинон: эҳтиёт кунед

16
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон бо фаро расиии фасли гармо ва мавсими оббозӣ ба сокинон ҳушдор додааст, ки аввал қоидаҳои шиновариро аз худ карда, пасон вориди об шаванд ва аз эҳтиёт кор бигиранд

ДУШАНБЕ, 4  июн — Sputnik. Тибқи иттилои сомонаи Кумита ин ниҳод чанд қоидаҳоро ба шаҳрвандон пешниҳод карда, хостааст дар масими оббозӣ онро риоя кунанд.

 Кумита сабаби ғарқшавии одамонро шарҳ дода гуфтааст, одамон на барои он ғарқ мешаванд, ки шиноварӣ наметавонанд, балки аз он ба фоҷеа мепечанд, ки аз соҳил дур мераванд ва ҳангоми бозгашт қувваташон намерасад. Дар ин ҳол онҳо ба воҳима дода мешаванд ва ҳисси боварӣ ба худ гум мешавад.

Ин ниҳод чандин тавсияҳоро ба сокинон пешниҳод карда гуфтааст, - танҳо баъди 1,5 - 2 соати ғизо хӯрдан, метавон дар обҳои озод дар ҳарорати на камтар аз 15 дараҷа гармии об оббозӣ кард

Барои оббозӣ ҳатман ҷойеро интихоб кард, ки махсус муайян шудааст ва набояд дар ҷойҳое, ки ношиносанд ғаввосӣ кард, зеро ба қаъри он метавонад санг, кундаҳои гурмдор, арматурҳои сохтмонӣ бошанд; 

Дар ҷойҳое, ки обсабзаҳо мерӯянд, набояд шино кард, чунки хатари ба онҳо печидан ва дар гирдоб ғарқ шудан пайдо мегардад.

Ғарқшавии се ноболиғ ва як ҷавондухтари 25 - сола дар Тоҷикистон

Набояд баъди дар офтоб гарм шудан ва ё сардии об, дар ҳоли  мастӣ оббозӣ кардан қаъиян манъ аст.

Тибқи омори Кумита  танҳо дар соли 2019 дар натиҷаи риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ дар обҳо ҳангоми оббозиву шиноварӣ 141 нафар дар кишвар ғарқ шуданд.

Аз ин шумор 11 нафари онҳо бачаҳои то 4-сола буданд. 14 нафар бачаҳои аз 5 то 11-сола; 31 нафарашон аз 11 то 16-сола, 50 тани дигар синнашон аз 17 то 35 буд ва 35 нафари боқимонда афроде буданд, ки синнашон аз 35 сол боло будаанд. 

16
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон и глава Беларуси Александр Лукашенко

Лукашенко нақл кард, ки чӣ гуна дӯсташ Раҳмон бо пулемёт вориди Душанбе шуд

595
(Таҷдидшуда 18:41 04.06.2020)
Александр Лукашенко, раисиҷумҳури Белорус, дар пайи таъйини ҳукумати нави кишвараш изҳор дошт, ки аз ҳама муҳим ҳифзи сулҳу субот мебошад

ДУШАНБЕ, 4 июн — Sputnik. Лукашенко зимни суханронияш баъди таъйини ҳукумати нав изҳор дошт, ки Белорус ягон кишвари пасошӯравӣ аст, ки мусибатро надид.

Ӯ аз ҷумла танишҳо дар Украина, Гурҷистон, Молдова, Озарбойҷону Арманистон, Литваро зикр карда, солҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистонро мисол овард.

Лукашенко нақл кард, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо пулемёт ба пеш вориди Душанбе шуд, то тартиботро ҷорӣ кунад, хабар дод нашрияи "Беларусь сегодня".

“Касе намедонад, ки чигуна дӯстам Раҳмон бо пулемёт вориди пойтахти Тоҷикистон шуд, то тартиботро ҷорӣ кунад. Чандин нафар он ҷо мурд. Чигуна бо ришдорҳо мубориза мебурданд”, - гуфт Лукашенко.

Раисиҷумҳури Белорус инчунин аз он нақл кард, ки чигуна Ислом Каримов, раисиҷумҳури пешини Ӯзбекистон дар Андиҷон бо парондани ҳазор нафар ошӯбро шинонд.

“Ҳама ӯро маҳкум мекарданд, аммо вақте фавтид, ба зону зада фиғон бардоштанд, гиря мекарданд. Мо чунинро аз сар нагузарондаем ва намехоҳем онро дарк кунем. Бархе намехоҳанд, аммо мо ёдрас мекунем”, - гуфт Лукашенко.

Раисиҷумҳури Белорусия дар ҳузури ҳукумати ҷадиди кишвараш аҳамияти ҳифзи сулҳу суботро таъкид намудааст.

595