День 18 мая

Ҷашнҳои рӯзи 18 май дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

183
(Таҷдидшуда 19:38 17.05.2020)
Рӯзи ҳаждаҳуми май ҳамчун Рӯзи умумиҷаҳонии осорхонаҳо ҷашн гирифта мешавад. Ҳамзамон дар ин рӯз Туркманистон аз Рӯзи парчам ва нишони давлатӣ таҷлил мегирад

Рӯзи 18 май дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1974 Ҳиндустон ҳамчун 6-умин давлате, ки дорои бомбаи ҳастаӣ мебошад, шинохта шуд.

Рӯзи 18 май дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2001 дар шаҳри Токио семинар бахшида ба робитаҳои тиҷоратӣ-сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Япония  доир гашт.

День 17 мая
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи 37-уми Шўрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Созмони конфронси исломӣ, ки дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуданд.

Соли 2010 шаҳри Душанбе аз ҷониби ISESCO ҳамчун пойтахти тамаддуни исломӣ муаррифӣ гардид.

Ҷашнҳои рӯзи 16 май дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли  2012 Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон Намояндаи вижаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибати ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъни инсон ва ҷазои бераҳмона Хуан Мендесро ба ҳузур пазируфтанд.

Соли 2013 раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар Форуми дуввуми об барои кишварҳои минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором дар мавзӯи "Амнияти вобаста ба об ва таҳдидҳои офатҳои табиии марбут бо об" аз пойтахти Шоҳигарии Таиланд шаҳри Бангкок ба шаҳри Чиангмай омаданд.

Соли 2015 Эмомалӣ Раҳмон ноиби президенти Бонки давлатии рушди Чин Сиаою Жаоро ба ҳузур пазируфтанд.

Ҷашнҳои рӯзи 18 май

  •  Рӯзи умумиҷаҳонии осорхонаҳо.
  • Рӯзи парчам ва нишони давлатии Туркманистон.
183
Барчаспҳо:
ҷашн, ҷаҳон, Тоҷикистон
Тонущий человек, архивное фото

Ғарқшавии ду ҷавон дар Хатлону Ҳисор: ҷасади яке ёфт ва дигаре то ҳол бедарак аст

4
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода Тоҷикистон аз ду ҳодисаи ғарқшавии сокинони Хатлон ва Ҳисор хабар медиҳад

ДУШАНБЕ, 4 июн — Sputnik. Наҷотбахшони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон давоми ду рӯз ҷасади дар об ғарқшудаи як сокини  23 - солаи деҳаи Пахтакори ноҳияи Кушониёнро меҷӯянд.

Ба иттилои котиботи КҲФ, Дониёр Азизов сокинои ноҳия Кушониён ҳангоми оббозӣ дар дарёи Вахш аз беэҳтиётӣ ғарқ шудааст.

"Хабари ғарқи дарё шудани ӯ ба Раёсати КҲФ дар Хатлон рӯзи 3-уми июн расид ва худи ҳамон лаҳза кормадони наҷот, ба ҷойи ҳодиса рафтанд ва то бегоҳ ҷасадро кофтанд. Вале ҷустуҷӯҳои рӯзи аввал натиҷа надод ва имрӯз, 4-уми июн корҳои кофтуков аз сар гирифта шуданд", - таъкид мешавад дар хабар.

Манбаъ аз ғарқшавии як ҷавони 18 - солаи дигар дар ноҳияи Ҳисор хабар медиҳад, ки баъди аз зуҳри рӯз 3 - уми май иттифоқ афтодааст.

Гуфта мешавад, сокини 18 - солаи деҳаи Мирзочӯли ноҳияи Рӯдакӣ ҳангоми оббозӣ дар канали калони Ҳисор ғарқ шуд.

Боқимондаҳои ҷасади сайёҳи рус, ки дар рӯди Хингоб ғарқ шуда буд, пайдо гардид

"Корҳои ҷустуҷӯи ҷасади ғарқшуда дирӯз то соати 20:05 дақиқа идома дошт, вале он бенатиҷа анҷомид", - омадааст дар хабар.

Зимнан, субҳи имрӯз, соати 03:00 сокинони деҳа ҷасадро тақрибан 70 метр поёнтар аз ҷойи ҳодиса мушоҳида карданд ва он аз об берун оварда шуда, ба пайвандонаш супурда шуд.

4
Парк Душанбе

Барқарор кард: боздошти ронандае, ки дар "Наврӯзгоҳ" дарахти "Каштанка" - ро шикаст

136
(Таҷдидшуда 13:45 04.06.2020)
Раёсати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти ронандае хабар медиҳад, ки аз беэҳтиётӣ дар назди боғи "Наврӯзгоҳ" дарахти "Каштанка" - ро шикаст

ДУШАНБЕ, 4  июн — Sputnik. Раҷабов Умарҷони 19 - сола ронандаи автомашинаи тамғаи Мерседе-Бенс 1 - адад дарахти ороишии бо номи "Каштанка" - ро шикастааст, хабар медиҳад котиботи Раёсати умури дохилӣ дар шаҳри Душанбе.

Ба иттилои манбаъ, номбурда санаи 30 - юми май ҳангоми ҳаракат тавассути кӯчаи Ҳофизи Шерозӣ дар назди боғи "Наврӯзгоҳ" аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, дар қисми кабудизоршудаи канори роҳи автомобилгард 1-адад дарахтони ороиширо шакастааст.

Дастури Президент: вакилон тӯли панҷ сол 20 дарахт мешинонад

Зимнан, нисбати ӯ тибқи талаботи моддаи 334-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, ҳамзамон номбурда зарари расонидашударо барқарор намудааст.

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ба иттилои шаҳрвандон ва ронандагони воситаҳои нақлиёт мерасонад, ки нисбати ободиву зебогиҳои кишвар арҷ гузоранд ва барои боз ҳам зебо гардонидани гулгашту хиёбон ва муҳити атроф саҳмгузор бошанд.

136
Барчаспҳо:
решакан шудани дарахтон, ронанда, Тоҷикистон