Похороны человека умершего от заражения вирусом, архивное фото

Даргузашти мудири 46 - солаи мактаби миёна дар ноҳияи Рӯдакӣ аз коронавирус

945
(Таҷдидшуда 01:00 20.05.2020)
Мудири 46 - солаи мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 58 дар ноҳияи Рӯдакӣ аз маризии сироятии коронавирус даргузашт

ДУШАНБЕ, 19 май — Sputnik. Нодира Одинаева, мудири мактаби рақами 58-и ноҳияи Рӯдакӣ аз бемории сироятии коронавирус ба ҳалокат расидаст. Хабари марги ӯро Мавҷуда Ҳасанова ном корбари шабакаи иҷтимоии Фейсбук нашр намудааст.

Зебуниссо Рустамова ва модараш
Акс аз бойгонии Зебуниссо Рустамова

Ба навиштаи Ҳасанова, марҳум аз ҷумлаи омӯзгорони муваффақ буда, қаблан дар вазифаи директори гимназияи рақами 72 - и шаҳри Душанбе фаъолият мекард.

Даргузашти 4 руҳонӣ аз 1 оилаи шинохтаи Тоҷикистон тайи як ҳафта

Зимнан, чанд муддат вазифаи муовини мудири гимназияи рақами 74 дар шаҳри Душанберо низ иҷро мекард.

Дар ҳамин ҳол, Вазорати беҳдошти Тоҷикистон теъдоди умумии дардмандони коронавирус дар ҷумҳуриро ба 1936 нафар арзёбӣ мекунад.

Ба иттилои манбаъ, дар Тоҷикистон феълан аз ин маризӣ 41 бемор ба ҳалокат расиданд. 

Мавориди нахустини зуҳури ин беморӣ дар Тоҷикистон 30 - юми апрел ошкор гардид.

945
Барчаспҳо:
омӯзгор, даргузашт, Рӯдакӣ
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (500)
Свеча

Мусибат дар хонаводаи Мӯъмин Қаноат: набераи 42 - солааш ҷаҳони фониро падруд гуфт

250
(Таҷдидшуда 23:48 06.06.2020)
Баҳрин нахустнабераи шоири зиндаёд Мӯъмин Қаноат дар синни 42 - солагӣ аз олам ҷашм пӯшид. Иллати марги ӯ маризии гурда арзёбӣ мешавад

ДУШАНБЕ, 6 июн – Sputnik. Хабари фавти бармаҳали Баҳрин - нахустнабераи Мӯъмин Қаноат шоири зиндаёдро адиби тоҷик Аҳмадшоҳи Комилзода дар сафҳаи Фейсбукии худ коридаст.

акс аз сафҳаи фейсбукии Комилзода Аҳмадшоҳ
Баҳрин нахустнабераи Мӯъмин Қаноат

Ба навишати Комилзода, набераи устоди зиндаёд Мӯъмин Қаноат ҳамагӣ 42 - сол умр дошта, бар асари бемории шадиди гурда, рӯзи 6 - уми июн аз олам чашм пӯшид. 

"Баҳрин ҷавони донишманд, донанда ва тарҷумони хуби се забон – порсии тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ буд, ки бо ин се забон кору тарҷума мекард", - навиштааст Комилзода.

Хезед бобо Дарвоз мерем: арӯси хонаводаи Мӯъмин Қаноат аз вопасин суханҳои шоир нақл кард

Аз марҳум ду фарзанд Суруш ва Мумтоз, ки яке 15 - сола ва дувумӣ 13 - солаанд, ятим монданд.

Дӯстони Баҳрин, даргузашти ӯро ҳамчун шахсияти соҳибхираду соҳибғурур ва нафари ботамкин, як мусибати бузурги ҷуброннопазир арзёбӣ мекунанд.

250
Девушка в наручниках, архивное фото

Боздошти духтари 22 - сола, ки шиносашро нахуст кӯфт ва сипас мӯяшро қайчӣ зад - навор

2315
(Таҷдидшуда 23:13 06.06.2020)
Раёсати умури дохилии Тоҷикистон дар асоси муроҷиати корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ муаллифони навори даҳшатборро боздошт карданд

ДУШАНБЕ, 6 июн – Sputnik.Наворе, ки бегоҳи рӯзи 6 - уми июн ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт ,аксари корбаронро аз тарзи рафтор ва гуфтори се ҷавондухтар ғазабонӣ кард.

акс аз дафтари матбуоти Раёсати умури дохилӣ дар шаҳри Душанбе
Холиқова Шаҳноза Саидмуродовна гумонбари асосӣ дар латукӯби Ваҳобова Гулнора

Котиботи Раёсати умури дохилӣ дар шаҳри Душанбе менависад,  навори мазкурро корбарон ба идораи пулис таслим намуда, дархост карданд, ки дастандаркорони ин навор дастгир ва ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.

Авбошӣ: боздошт гардидани ноболиғ барои латукӯби ҳамсоли худ дар Душанбе

Кормандони РУД дар шаҳри Душанбе тақрибан пас аз 20 дақиқаи ба шабакаҳо роҳ ёфтани навор, муаллифони онро боздошт карданд. Навор аз саҳнаи латукӯб ва ҳақоратҳои гӯшхарош иборат аст.

Бар тибқи иттилои манбаъ, се ҷавонзан: ҷабрдида – Ваҳобова Гулноза, гумонбар – Холиқова Шаҳноза ва наворбардор – Дадахонова Мадина бо ҳам шинос буда, макони содиршавии ҳодиса манзили истиқоматии гумонбар Холиқова Шаҳноза мебошад.

Тибқи пурсиши ҷабрдида, гумонбар ва нафари сеюм, нахуст байни онҳо баҳси лафзӣ сурат гирифта, баъдан дастгиршуда Холиқова ҷабрдидаро мавриди латукӯб ва дашному ҳақорат қарор дода, бо истифода аз қайчӣ мӯи сари ӯро мебурад.

"Дар ин лаҳзаҳои мудҳиши ҷиноӣ шаҳрванд Дадахонова Мадина ба ҷои халос кардан, баръакс ин саҳнаи хушунатро ба навор гирифта, нахуст дар саҳифаи шахсиаш дар Инстаграм гузошта, сипас тавассути дигар шабакаҳо паҳн менамояд", - таъкид мешавад дар хабар.

РВУД дар шаҳри Душанбе мегӯяд, дар асоси далелҳои дар боло овардашуда, айни ҳол нисбати гумонбарон тибқи талаботи моддаи 237 (авбошӣ дар ҳайати гуруҳӣ) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, гумонбари асосӣ Холиқова Шаҳноза Саидмуродовна дар боздоштгоҳи муваққатии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе қарор дорад.

2315
Барчаспҳо:
навор, латукӯб, духтар, Раёсати ВКД Душанбе, боздошт