День 20 мая

Ҷашнҳои рӯзи 20 май дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

164
(Таҷдидшуда 23:19 19.05.2020)
Рӯзи бистуми май ҳамчун Рӯзи байналмилалии метрология ва травмотология ҷашнг гирифта мешавад. Зимнан, дар Украина Рӯзи кормандони соҳаи бонкдорӣ таҷлил мешавад

Рӯзи 20 май дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1851 аввалин маротиба дар Канада тамғаи почта бароварда шуд.

Соли 1927 Британияи Кабир истиқлолияти Арабистони Саудиро эътироф намуд.

Соли 1972  — дар Камерун раъйпурсӣ баргузор гардид ва ин мамлакат аз давлати федеративӣ ба унитарӣ табдил ёфт.

Рӯзи 20 май дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2009 дар арафаи ҷашни 15-солагии Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи лоиҳаи корхонаҳо оид ба муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази таълимии Идораи асосии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими кушодашавии Маркази азнавтайёркунии мутахассисон дар соҳаи назорати сарҳадӣ баргузор гардид.

День 19 мая
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 2009 дар Москва шоми фарҳангии "Дӯстии халқҳо" баргузор гардид, ки дар он намояндагони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва дигар ташкилоти ҷамъиятию байналмилалӣ иштирок карданд. 

Соли 2011 Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва намояндаи махсуси маъмурияти Амрико оид ба Афғонистон ва Покистон Марк Гроссман оид ба масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистон ва ИМА гуфтугӯи судманд намуданд

Ҷашнҳои рӯзи 18 май дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 2014  Эмомалӣ Раҳмон ва сарони давлатҳои дигар, ки барои иштирок ба ҳамоиши кишварҳои аъзои Машварати ҳамгироӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё ба шаҳри Шанхайи Ҷумҳурии Мардумии Чин ташриф оварда буданд, дар чорабинии бошукӯҳи фарҳангӣ иштирок намуданд.

Соли 2015 дар шаҳри Хуҷанд ҷаласаи Кумитаи Шӯроҳои амнияти давлатҳои узви СААД баргузор гардид.

Соли 2015 Дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои роҳбарон ва намояндагони  дипломатӣ ва созмонҳои байналмилалии аккредитатсияшуда, ки ба шаҳри Душанбе барои иштирок  дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба натиҷагирии Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои ҳаёт", 2005-2015 омаданд ва дар он Дабири кулли СММ иштирок намуд, брифинг ташкил шуд.

Соли  2017 дар шаҳри  Душанбе  веломарафон баргузор гардид.

Ҷашнҳои рӯзи 20 май

  • Рӯзи умумиҷаҳонии метрология.
  • Рӯзи байналмилалии травматолог.
  • Дар Украина – Рӯзи кормандони  соҳаи бонкдорӣ.
164
Барчаспҳо:
ҷашн, ҷаҳон, Тоҷикистон
Юношеская сборная Таджикистана  (U-16)

Ҳайати яккачини кишвар барои рақобати дӯстона бо Баҳрайн ва АМА дақииқ шу

0
Ҳайати мунтахаби Тоҷикистон дар ду рақобати дӯстона бо кишварҳои арабӣ дақиқ шушд

ДУШАНБЕ, 21 окт - Sputnik. Усмон Тошев, сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон  ҳайати яккачини кишварро барои бозиҳои дӯстона бо тимҳои миллии Баҳрайн ва АМА муаян кард.

Тибқи иттилои Федератсия футболи Тоҷикистон, бозиҳои дӯстонаи миллипӯшони кишвар бо тибҳои Баҳрайн ва АМА 7 ва 12-уми ноябр дар Дубай баргузор мешавад.

Тошев барои рақобатҳои дӯстона 27 бозигар: 3 дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 9 нимҳимоятгар ва 6 ҳамлагарро даъват кардааст.

Гуфта мешавад, яккачини кишвар барои ин рақобат 4-уми ноябр ба Дубай хоҳанд рафт.

Ҳайати яккачини Тоҷикистон дар рақобат бо тимҳои миллии Баҳрайн ва АМА аз ин қабил аст:

Дарвозабонҳо: Рустам Ятимов (Истиқлол), Шоҳрух Кирғизбоев (Локомотив-Помир), Муҳриддин Ҳасанов (Хуҷанд).

Ҳимоятгарон: Давронҷон Эгашев (Бунёдкор, Ӯзбакистон), Аҳтам Назаров, Искандар Ҷалилов, Зоир Ҷӯрабоев, Табрези Давлатмир, Ваҳдат Ҳанонов (Истиқлол), Манучеҳр Сафаров (Локомотив-Помир), Алишер Баротов (Худҷанд).

Нимҳимоятгарон: Парвизҷон Умарбоев (Локомотив, Пловдив, Булғористон), Эҳсони Панҷшанбе (Навбаҳор, Ӯзбекистон), Комрон Турсунов (ТРАУ, Ҳиндустон), Илҳом Баротов (Истаравшан), Алишер Ҷалилов, Амирҷон Ҷурабоев ("Истиқлол"), Абдулмӯъмин Забиров ("Хуҷанд"), Шарафҷон Солеҳов ("Файзканд").

Ҳамлагарон: Манучеҳр Ҷалилов, Шериддин Бобоев, Рустам Соиров (Истиклол), Ҷаҳонгир Эргашев, Тоҳир Малодустов (Хуҷанд), Ислом Зоиров (Локомотив-Помир).

0
Служба в армии, архивное фото

Вазорат: Нақшаи даъват 89% иҷро шуд, касе аз “облава” шикоят накардааст

84
(Таҷдидшуда 11:03 21.10.2020)
Вазорати дифои Тоҷикистон аз иҷрои 89 дарсади нақшаи тирамоҳии даъвати ҷавонон ба сафи артиш хабар медиҳад.

ДУШАНБЕ, 21 октябр - Sputnik. Аз ин ниҳод ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, тайи 20 рӯзи даъват дар баробари вилояти мухтори куҳистони Бадахшон (ВМКБ) нақшаи даъватро шаҳри Душанбе низ сад фисад иҷро кард.

Тибқи иттилои манбаъ, нақшаи даъват дар вилояти Хатлон 91%, дар Суғд 80%  ва ноавҳоии тобеи марказ 92%  иҷро шудааст.

Манбаъ мегӯяд, то ҳол ба унвонии ин вазорат ягон шикоят аз облава ворид нашудааст ва масъалаи даъвати имсола нисбати солҳои пеш дар сатҳи беҳтар ба роҳ монда шуда шумори ихтиёриён бештар шудааст

Дар Бадахшон ҷавононро пеш аз хизмат ронандагӣ меомӯзонанд

Бар асоси фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон даъвати тирамоҳии ҷавонон ба артиш якуми октябр шурӯъ гардида, то ноябр идома хоҳад кард. Имсол ҷавонони соли таваллудашон 1993-2002 ба хидмати ҳарбӣ мераванд.

 

84