Интригаи 20 рӯз: ку шифоёфтагони "вируси корона"?

1751
(Таҷдидшуда 01:16 20.05.2020)
Бо гузашти 20 рӯз аз эълони аввалин мавориди гирифторӣ ба “вируси корона” ё CОVID-19 дар Тоҷикистон теъдоди шифоёфтагон аз ин маризӣ ҳамоно маълум нест. Вазнинтарин гирифтори ин вирус то 14 рӯз сиҳат меёбад

ДУШАНБЕ, 19 май – Sputnik, Фахриддини Холбек. 30 апрел бори аввал 15 мавриди гирифторӣ ба "вируси корона" дар Тоҷикистон расман эълон шуд ва бино ба иттилои ахир, рӯзи 19 май мавориди ибтило ба 1936 ва фавт ба 41 нафар расид.

Дар таҷрибаи ҷаҳонӣ маъмулан дар баробари ин омор гуруҳҳои гирифторон – сабук, миёна ва вазнин – низ мушаххас мешаванд, ки ҳоло мо аз ин боб ҳарфе намезанем. Аммо теъдоди шифоёфтагон дар Тоҷикистон рӯз то рӯз ба як интрига ё муаммои сарбастае табдил меёбад, ончунон ки гуфтугузору баҳсҳои сари эътироф то эълони аввалин маворид буданд ва ҳам сари худи сиҳати омор ҳоло ҳастанд.

Шифоёфтагони аҷоиб

Оморе, ки ҳамарӯза Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ пешкаш мекунад, боз як аҷобати дигар дорад ва он ҳам шумораи афроде, ки таҳти назорати табибонанду дар як шабонарӯз шифо ёфта, ба хонаҳояшон рухсат мешаванд.

Тибқи иттилое, ки маркази матбуоти вазорат дирӯз, 19 май, дар ихтиёри Sputnik Тоҷикистон гузошт, теъдоди афроди таҳти назорати табибон 3781 ва дар як шабонарӯзи охир ба хона рухсатшудагон 641 нафар аст. Зоҳиран, инҳо афродеанд, ки дар қарантина қарор доранд, аммо маълум нест, бо чӣ маризӣ, ки шифо меёбанд ва ба хона мераванд.

Ин оморро вазорат аз 1 феврал ба ин сӯ ироа мекунад, аммо овардани он дар баробари гирифторону фавтидагони "вируси корона" чӣ ҳикмат дорад, агар Худову худи вазорат нафаҳманд, шахсан ба муаллифи ин сатрҳо "маълум нашуд, ки ҳеҷ маълум нашуд".

Дар ҳамин ҳол, расонаҳои мустақили расмии дохилӣ, қабл аз ҳама "Ҷумҳурият" - нашрияи ҳукумати Тоҷикистон, бо дили пуру хотири ҷамъ аз қавли вазорати тундурустиву манобеъи маҳаллӣ аз шифо ёфтани садҳо нафар аз "вируси корона" хабар медиҳанд.

Фаврӣ: шумораи гирифторони коронавирус дар Тоҷикистон зиёд шуд - омори нав

Худи ҳамин рӯз, 19 май, ин нашрия аз қавли Эмомалӣ Мирзоев, директори маркази матбуоти вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз шифо ёфтани "407 нафари дигар аз коронавирус" хабар дод ва як рӯзи қабл ҳам бо истинод ба Шифохонаи марказии ноҳияи Данғара "бо ҷаҳду талоши хастагинопазири пизишкон" аз шифо ёфтани 133 кас.

Эҳтимолан, ин расонаи муътабари ҳукумати Тоҷикистон низ ҳамон "афроди таҳти назорати табибон" – ро дар назар дорад, ки шифо ёфта, ба хона рухсат шудаанд, зеро агар такя ба он кунем, ба ин натиҷа мерасем, ки ҳоло дар кишвар нақшаи шифоёбӣ аз "вируси корона" аз марзи 100% ҳам убур кардааст.

14 рӯз

Тайи се рӯзе, ки ин мавзӯъро бо мақомоти вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба миён гузоштем, ба ҳеҷ натиҷае нарасидем. Аз як сӯ, ҳамсуҳбатони мо садҳо нафареро, ки имрӯзҳо аз назорати табибон хориҷ мешаванд, аз ҷумлаи гирифторони "вируси корона" намеҳисобанд.

Аз сӯи дигар, дар посух ба суоли "оё дар байни 20 рӯзи ахир касе аз гирифторон, ки ҳоло теъдодашон ба марзи 2 ҳазор нафар наздик мешавад, дармон ёфт?" посухи қатъӣ намедиҳанд.

Мутахассисон мегӯянд, маризии "вируси корона" ё CОVID-19 ҳам ба монанди як қатор маризиҳои гузаранда ҳолатҳои сабук, миёна ва вазнинро дорад. Ба қавли Ҳакима Ахмедова, коршиноси аршади озоди вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, мудири шуъбаи риёшиносии Маркази миллии тиббии Тоҷикистон, ҳар шахс вобаста ба ҳолати гирифториаш табобат мегирад ва хатарро паси сар мекунад.

"Ҳоло тибқи маълумотҳое, ки аз кишварҳои ҷаҳон ироа мешавад, то 60% - и гирифторон ин маризиро сабук мегузаронанд. 3 – 4 рӯз тасф мекунанд, ки бо як табобати сода рафъ мешавад. Ҳолатҳои миёна то 7 – 8 табобат мешаванд. Аммо ҳолатҳои вазнин асосан 14 рӯзи табобат доранд. Дар Русия пас аз 7 – 8 рӯз низ ҷавоб дода истодаанд. Дар ҳама ҳолат боз 14 рӯзи дигар мариз бояд худро қарантина кунад, то пурра сиҳат ёбад ва ба дигарон хатар наофарад", - гуфт Ҳакима Ахмедова.

Миёнаҳо

Зоҳиран, чандин нафаре, ки то ба имрӯз, ба қавли худашон, аз маризии "вируси корона" дармон ёфтаанд, ба Sputnik Тоҷикистон таъйид карданд, ки табобати онҳо дар шифохонаҳо аз як ҳафта зиёд тӯл накашид.

Мирсаиди Сатториён, муҳаррири сомонаи "Оила", ки ба қавли худаш, ба "вируси корона" гирифтор шуда буд, 6 рӯз дар шифохонаи "Истиқлол" табобат гирифта, рухсат шудааст.

"Ташхисам бронхит буд, аммо духтур гуфт, ки дар ренген доғҳои пневмония (илтиҳоби шуш) низ аён аст. Аммо мегуфтанд, маризии ман хатарнок нест. Миёна аст. Баъди шаш рӯз пурра шифо ёфтам. Табибон дигарбора ташхис карданду аз беморхона ҷавобам доданд. Ҳозир хубам ва аз чизе шикоят надорам", - гуфт Мирсаиди Сатториён.

Мутахассисоне, ки бо Sputnik Тоҷикистон суҳбат карданд ва нахостанд номашонро зикр кунем, ба ин нукта иттифоқи назар доранд, ки ангезандаи пневмония, маризии дилу қанд ва ғайра, ки аксари фавтҳо аз онҳо гуфта мешавад, маҳз ҳамин "вируси корона" аст, ки ҳоло теъдоди бузурги одамонро дар Тоҷикистон даст ба гиребони маргу зиндагӣ кардааст.

Барномаи рушди СММ барои мубориза бо коронавирус ба Тоҷикистон 600 ҳазор доллар медиҳад

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон низ дар шарҳи рухсат шудани дастикам се баландмақоми кишвар аз шифохонаҳо расман эълон кард, ки онҳо ҳамагӣ 5 рӯз аз пневмония табобат гирифта, сари по ва ба хона рухсат шудаанд. Пас, мантиқан, дар миёни 1936 гирифтори "вируси корона", ки расман таъйид шудаанд, шифоёфтагон буда метавонанд.

Шодихони Ҷамшед, муовини вазири тандурустӣ ва Sputnik Тоҷикистон гуфт, дақиқан дар ин миён афроди зиёде шифо ёфтаанд ва теъдоди онҳо ҳам назаррас аст.

"Ҳамин ки ба пурра шифо ёфтани онҳо мутмаин шудем, ҳатман эълон хоҳем кард", - гуфт ӯ.

Воқеан, шояд вазорати тандурустӣ мунтазири ҳамон 14 рӯзи пас аз рухсатии маризон асту мехоҳад мутмаин шавад, ки онҳо пурра шифо ёфтаанд ва пас аз он сарпӯшро аз рӯи ин муаммо хоҳад гирифт? Ҳеҷ аҷобате надорад.

1751

Назорати шабонарӯзӣ: муовинони вазир аз чанд беморхонаҳои шаҳри Душанбе дидан карданд

16
(Таҷдидшуда 11:10 26.05.2020)
Роҳбарияти вазорати тандурустӣ Тоҷикистон бо мақсади аз наздик ошнои пайдо кардан бо фаъолияти муассисаҳои тандурустии кишвар гаштҳои шабонаро низ ба роҳ мондааст

ДУШАНБЕ, 26 май – Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти вазорати тандурустии Тоҷикистон, ахиран бо ин мақсад муовинони Вазири тандурустӣ Саида Умарзода ва Шодихон Ҷамшед аз як қатор марказҳои саломатии шаҳри Душанбе дидан намуданд.

Манбаъ қайд намудааст, ки зимни боздид аз марказҳои саломатии мазкур муовинони Вазири тандурустӣ бо табибон вохӯрӣ анҷом дода,  дар рафти он масъалаҳои пурзӯр намудани корҳои омодагӣ барои пешгирии сирояти коронавирус баррасӣ намуданд.

Инчунин зимни боздид масоили таъмини муассисаҳои тандурустӣ бо маводҳои тиббӣ ва зиддивирусӣ, пурзӯр намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ бо мақсади пешгирӣ аз вируси мазкур низ баррасӣ шуданд.

Манбаъ зикр намудааст, ки ҳадаф аз сафарҳои масъулони вазорат аз наздик ошно шудан бо фаъолияти табибон ва ҷараёни табобати беморони гирифтори сирояти коронавирус дар муассисаҳои тандурустӣ, саривақт фаро гирифтани онҳо ба табобати хонагӣ, таъмини беморон бо доруворӣ ва бемористонҳо бо таҷҳизоти тиббӣ, таъмини табибон бо либосҳои муҳофизатӣ, ошкор намудани камбудиҳои муассисаҳо, мушкилоти табибон ва саривақт ба онҳо расидагӣ кардан мебошанд.

16
Барчаспҳо:
Душанбе, беморхона, назорат, шабона, тандурустӣ, муассисаҳо, ошноӣ, вазорати тандурустӣ, Тоҷикистон
Арест, архивное фото

ВУД: мақомдор барои ситонидани 5 ҳазору 400-сомонӣ пора дастгир шуд

322
(Таҷдидшуда 10:55 26.05.2020)
Кормандони вазорати умури дохилаи Тоҷикистон сармутахассиси заминсози ҷамоати шаҳраки 20-солагии Истиқлолияти ҳамин ноҳияро барои ситонидани пора дастгир карданд

ДУШАНБЕ, 26 май – Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, кормандони милитсия марди 52-солаи сокини ноҳияи Дӯстӣ, сармутахассиси заминсози ҷамоати шаҳраки 20-солагии Истиқлолияти ҳамин ноҳия бо гумони гирифтани пора дастгир намуданд.

ВУД тоҷикистон  таъкид доштааст, ки номбурда, аввалҳои моҳи ноябри соли равон, барои тартиб додани санад ва пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои қитъаи замини наздиҳавлигӣ ба мақомоти дахлдори ноҳияи Дӯстӣ аз марди 65-солаи ноҳияи мазкур 5 ҳазору 400-сомониро ҳамчун пора талаб карда гирифтааст.

Ҳамзамон манбаъ қайд намудааст, ки дар ҳоли ҳозир оид ба ин ҳолат нисбати гумонбаршаванда аз ҷониби Прокуратураи ноҳияи Дӯстӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Ёдрас мешавем, ки чанде пеш Оҷонсии мубориза бо коррусияи Тоҷикистон аз боздошти як корманди ҳукумати шаҳри Кӯлоб хабар дод, ки дар фиреби 12 сокини аҳаллӣ муттаҳам мешавад.

Ба иттилои манбаъ, Саидмумин Давлатов, мутахассиси пешбари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кулоб моҳҳои май-июни соли 2019 ба боварии шаҳрванд Умаров Ҷ.О. даромада аз ӯ барои аз ҳудуди заминҳои шаҳри Кулоб ҷудо карда додани 0,06 га. қитъаи замини наздиҳавлигӣ, маблағи 9000 сомонӣ талаб карда гирифта, ба фоидаи худ сарф кардааст.

“Ғайр аз ин, номбурда. бо ҳамин тарзу усул аз 12 нафар шаҳрвандони дигар дар маҷмуъ маблағи 139000 сомонӣ талаб карда гирифта тасарруф намудааст”,-афзуд Оҷонсӣ.

Гуфта мешавад, вобаста ба ин ҳолат нисбат ба Саидмумин Давлатов бо моддаи 247 қисми 4 банди “б” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтиши пешакии он идома дорад.

322
Барчаспҳо:
сомонӣ, ришва, дастгир, пора, вазорати умури дохила, Тоҷикистон