Вазорати фарҳанг: ба овозаю ҳангомаҳо дар атрофи бемории коронавирус бовар накунед

© Sputnik / © Sputnik / Амир ИсаевМужчина в защитной маске на улице
Мужчина в защитной маске на улице - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон дар як баёнияе таъкид доштааст, ки имрӯзҳо набояд ба ҳар гуна овозаю ҳангомаҳо дар атрофи бемории коронавирус бовар кард ва гирифтори тарсу воҳима нашавем

ДУШАНБЕ, 20 май – Sputnik. Дар ин баёния гуфта шудааст, ки имрӯз хоинони миллат берун аз Ватан овозаҳои зиёди бардурӯғ паҳн менамоянд, ки мақсади онҳо на ғамхорӣ ба миллат, балки халал расондан ба кори давлат, воҳимаафканӣ  ва ноором намудани авзои ҷомеа будааст.

Жители города Душанбе в защитных масках на улице - Sputnik Тоҷикистон
Теъдоди мубталоёни коронавирус дар Тоҷикистон наздики 2 ҳазор шуд

Вазорати фарҳанг қайд кардааст, ки  дар ин рӯзҳои ҳассосу душвор ҳар як фард бояд ба ҷои  иллатҷӯию суханҳои зишт  нисбат ба  Ватан ва ҳамватанони худ пайи ислоҳи нуқсонҳои ҷомеа бошад, барои фароҳам овардани фазои мусоид ва зиндагии шоиста, солимии ҷомеа ва пешгирии паҳншавии беморӣ саҳми арзанда гузорад.

“Халқи тоҷик табиатан соҳиби хиради азалӣ ва фарҳанги ҷаҳонгир буда, дар тӯли таърихи зиёда аз шашҳазорсолаи худ ба мушкилоти зиёде мувоҷеҳ гардида, фитрати азалии худро, ки бо сабру субот устувор аст, аз даст надода, дар баробари ҳама гуна маҳрумиятҳо мондагору пирӯз ва устувору побарҷо мондааст”, - омадааст дар баёния.

Вазорат зикр кардааст, ки бо иттиҳоду ҳамбастагӣ дар атрофи Президенти Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон метавонад ба ин беморӣ пирӯз шавад.

“Бо арзи эҳтироми самимӣ аз шумо ҳамватанони азиз – мардуми шарифи Тоҷикистон даъват ба амал меорем, ки дар раванди мубориза бар зидди ин бемории сироятӣ даст ба дасти ҳам ниҳода, ҷиҳати пурзӯр намудани чораҳои пешгирии паҳншавии бемории сироятии коронавирус дар ҷумҳурӣ ва пайравӣ ба иқдомҳои хайрхоҳонаи Сарвари давлат мусоидат намоед. Тавсияҳои Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қатъиян риоя намоем”, - таъкид доштаааст вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ.

Масъулини вазорати ҳамзамон қайд карданд,ки чӣ қадаре масофаи байни одамон зиёд бошад, ҳамон қадар хатари мубтало гардидан ба вируси сироятии COVID–19 кам мегардад.

“Бо маҳдуд кардани робитаҳои иҷтимоӣ мо метавонем захираҳои муассисаҳои тиббиро барои беморони вазнини сироятёфта сарфа намоем”, - омадааст дар баёния.

Лентаи хабарҳо
0