Исматуллозода Ширин Исматулло муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон

Исматулозода: мақомоти кишвар маблағҳои зарурӣ барои мубориза бо вируси корона ҷудо кард

616
(Таҷдидшуда 10:52 20.05.2020)
Дар ноҳияи Деваштич Ширин Исматуллозода, муовини cарвазири Тоҷикистон бо роҳбарони муассисаҳои тандурустӣ мулоқот кард

ДУШАНБЕ, 20 май – Sputnik. Зимни мулоқот Ширин Исматуллозода таъкид доштааст, ки бо вуҷуди нисбатан кам будани мубталоёни бемории короновирус дар ноҳия, бояд аз ҷониби масъулини дахлдор оид ба пешгирии вируси корона (СОVID-19) корҳои безараргардониро дар тамоми кӯчаю хиёбонҳои ноҳия боз ҳам пурзӯр карда шавад.

Ҳамзамон ӯ қайд кардааст, ки имрузҳо давлату ҳукумат ва мақомоти маҳаллӣ маблағҳои зарурӣ барои мубориза бо ин вирус ҷудо карда ва барои беморхонаҳо ва Марказҳои саломатии ноҳия маводҳои зарурӣ харидорӣ дорад.

“Ҳамзамон аз ҳисоби ҷавонон, занҳо гурӯҳи корӣ (волонтёр) ташкил карда шуда, ба духтурҳои оилавӣ ёрии амалӣ расонанд ва гардиши хона ба хонаро пурзӯр намоянд”, - зикр кардааст муовини сарвазир.

Манбаъ ҳамчунин қайд кардааст, ки пас аз анҷоми ҷаласа гурӯҳи корӣ аз вазъи бунгоҳҳои тиббӣ, Марказҳои саломатӣ ва беморхонаҳои ҳудуди ноҳия дидан намуда, барои боз ҳам ба беҳтарсозии хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ дастуру супоришҳо доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар тамоми деҳаҳои ҳудуди ноҳия гурӯҳи ихтиёрии маҳаллӣ таъсис дода шуда, гурӯҳҳои мазкур дар даромадгоҳҳои асосии ноҳия ва ҳудуди деҳаҳои ҷамоатҳои шаҳраку деҳот нуқтаҳои дидбонгоҳ ташкил карда шудааст.

Ҳамзамон зикр гардидааст, ки гурӯҳи ихтиёрон тозагӣ ва ҳифзи муҳити зистро назорат намуда, ҷиҳати истифодаи ниқобу дастпӯшакҳо, риояи қоидаҳои санитарӣ-гигиенӣ корҳои фаҳмонидадиҳӣ ба роҳ монда, безараргардонии нақлиёт ва бо ҳароратсанҷи фосилавӣ (тепловизор) санҷиш гузаронида мешавад.

616
Барчаспҳо:
вирус, маблағ, мулоқот, тандурустӣ, роҳбар, муовини сарвазир, Ширин, Тоҷикистон
Тонущий человек, архивное фото

Ғарқшавии ду ҷавон дар Хатлону Ҳисор: ҷасади яке ёфт ва дигаре то ҳол бедарак аст

54
(Таҷдидшуда 16:04 04.06.2020)
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон аз ду ҳодисаи ғарқшавии сокинони Хатлон ва Ҳисор хабар медиҳад

ДУШАНБЕ, 4 июн — Sputnik. Наҷотбахшони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон давоми ду рӯз ҷасади дар об ғарқшудаи як сокини  23 - солаи деҳаи Пахтакори ноҳияи Кушониёнро меҷӯянд.

Ба иттилои котиботи КҲФ, Дониёр Азизов сокинои ноҳия Кушониён ҳангоми оббозӣ дар дарёи Вахш аз беэҳтиётӣ ғарқ шудааст.

"Хабари ғарқи дарё шудани ӯ ба Раёсати КҲФ дар Хатлон рӯзи 3-уми июн расид ва худи ҳамон лаҳза кормадони наҷот, ба ҷойи ҳодиса рафтанд ва то бегоҳ ҷасадро кофтанд. Вале ҷустуҷӯҳои рӯзи аввал натиҷа надод ва имрӯз, 4-уми июн корҳои кофтуков аз сар гирифта шуданд", - таъкид мешавад дар хабар.

Манбаъ аз ғарқшавии як ҷавони 18 - солаи дигар дар ноҳияи Ҳисор хабар медиҳад, ки баъди аз зуҳри рӯз 3 - уми май иттифоқ афтодааст.

Гуфта мешавад, сокини 18 - солаи деҳаи Мирзочӯли ноҳияи Рӯдакӣ ҳангоми оббозӣ дар канали калони Ҳисор ғарқ шуд.

Боқимондаҳои ҷасади сайёҳи рус, ки дар рӯди Хингоб ғарқ шуда буд, пайдо гардид

"Корҳои ҷустуҷӯи ҷасади ғарқшуда дирӯз то соати 20:05 дақиқа идома дошт, вале он бенатиҷа анҷомид", - омадааст дар хабар.

Зимнан, субҳи имрӯз, соати 03:00 сокинони деҳа ҷасадро тақрибан 70 метр поёнтар аз ҷойи ҳодиса мушоҳида карданд ва он аз об берун оварда шуда, ба пайвандонаш супурда шуд.

54
Парк Душанбе

Барқарор кард: боздошти ронандае, ки дар "Наврӯзгоҳ" дарахти "Каштанка" - ро шикаст

155
(Таҷдидшуда 13:45 04.06.2020)
Раёсати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти ронандае хабар медиҳад, ки аз беэҳтиётӣ дар назди боғи "Наврӯзгоҳ" дарахти "Каштанка" - ро шикаст

ДУШАНБЕ, 4  июн — Sputnik. Раҷабов Умарҷони 19 - сола ронандаи автомашинаи тамғаи Мерседе-Бенс 1 - адад дарахти ороишии бо номи "Каштанка" - ро шикастааст, хабар медиҳад котиботи Раёсати умури дохилӣ дар шаҳри Душанбе.

Ба иттилои манбаъ, номбурда санаи 30 - юми май ҳангоми ҳаракат тавассути кӯчаи Ҳофизи Шерозӣ дар назди боғи "Наврӯзгоҳ" аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, дар қисми кабудизоршудаи канори роҳи автомобилгард 1-адад дарахтони ороиширо шакастааст.

Дастури Президент: вакилон тӯли панҷ сол 20 дарахт мешинонад

Зимнан, нисбати ӯ тибқи талаботи моддаи 334-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, ҳамзамон номбурда зарари расонидашударо барқарор намудааст.

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ба иттилои шаҳрвандон ва ронандагони воситаҳои нақлиёт мерасонад, ки нисбати ободиву зебогиҳои кишвар арҷ гузоранд ва барои боз ҳам зебо гардонидани гулгашту хиёбон ва муҳити атроф саҳмгузор бошанд.

155
Барчаспҳо:
решакан шудани дарахтон, ронанда, Тоҷикистон
Протесты в США

Эътирозҳои густурда дар Амрико: пулис 4400 нафарро боздошт кард

0
Амрико пас аз фавти марди сиёҳпӯсти амрикоӣ аз дасти кормандони пулис ба майдони шадиди тазоҳурот мубаддал гашт

ДУШАНБЕ, 4 июн — Sputnik. Садҳо ҳазор сокинони Амрико пас аз қатли Флоид марди сиёпӯсти амрикоӣ ба кӯчаву хиёбонҳо рехтанд.

Ба гузориши "Форс", эътирозот аз шаҳри Миннеполис ва Миннесота оғоз шуд ва дар даҳҳо шаҳри дигари саросари Амрико густариш ёфт.

"Пас аз марги фаҷеи марди сиёҳпӯсти амрикоӣ бар асари хушунати афсари сафедпӯст, шаҳрҳои мухталифи Амрико ба саҳнаи эътирозоти саросарӣ ба ин рафтори полиси Амрико алайҳи ақаллияти рангинпӯсти ин кишвар табдил шудааст ва ҳамчунон идома дорад", - таъкид мешавад дар хабар.

Тибқи ин гузориш, садҳо нафар дар авоили ҳафтаи ҷорӣ дар Миннасето ва дигар шаҳрҳои Амрико боздошт шуданд ва полис дар шаҳрҳои Вашингтон, Ню-Йорк ва дигар шаҳрҳои муҳими Амрико алайҳи эътирозгарон аз хушунат истифода кард.

Дар ҳамин ҳол, Доналд Трамп раисҷумҳури Амрико ҳамчунон сиёсати истифода аз зӯр ва саркӯби муътаризонро дар рӯзҳои ахир дар пеш гирифтааст ва бо нодида гирифтани хушунат ва рафторҳои табъизомези полиси Амрико, эътирозотро террористӣ хондааст.

Оташ мезананду ғорат мекунанд: мавҷи эътирозҳо дар Амрико - видео

Раисҷумҳури Амрико гуфт, ки аз нерӯҳои горди миллӣ хостаам то ба теъдоди кофӣ дар иёлатҳои мухталиф мустақар шаванд.  Трамп гуфт, ки нахустин вазифааш ҳимоят ва дифоъ аз мардум ва кишвар буда ва хушунатҳои ахир иқдомоти террористӣ будааст.

0
Барчаспҳо:
боздошт, эътироз, Амрико