Премьер-министр Таджикистана Кохир Расулзода

Сарвазири Тоҷикистон куҷост? Тафсири ғайбати чандрӯзаи Қоҳир Расулзода

2990
(Таҷдидшуда 20:41 20.05.2020)
Маркази матбуоти президенти Тоҷикистон гирифтории Қоҳир Расулзода, сарвазири кишвар ба “вируси корона” – ро рад кард. Мавсуф бегоҳи 20 май зоҳир шуд

ДУШАНБЕ, 20 май – Sputnik. Як манбаъ дар ин марказ ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, сарвазир сари ҳол буда, субҳи имрӯз дар мулоқоти президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони соҳаи тиб ширкат кардааст.

“Рӯзҳои қаблӣ ҳам сари кор буданд. Масруфиятҳои дигар доштанд, ки эҳтимолан дар расонаҳо инъикос наёфта ва ин овозаҳоро ба вуҷуд овардааст”, - гуфт ин манбаъ.

Як корманди телевизиони “Тоҷикистон” низ дар таъйиди ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, имрӯз сарвазири Тоҷикистон пас аз мулоқоти президент бо кормандон соҳаи тандурустӣ дар ифтитоҳи чанд корхона ширкат кард.

Дар ҳамин ҳол, ба мушоҳидаи бархе, як ҳафтаи ахир дар бораи сарвазир Қоҳир Расулзода, ки ҳамзамон раиси Ситоди ҷумҳуриявии мубориза бо “вируси корона” ё CОVID-19 мебошад, расонаҳо қариб ки иттилое ҳам пахш накардаанд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки чанд моҳ ба ин сӯ ин Ситоду ҷаласаву қарорҳо ва раисаш дар сархати хабарҳои расмӣ қарор доранд.

Ҳамзамон интизор мерафт, ки дар ҷаласаи ситоди фаврии ҳолатҳои фавқулодда, ки дар пайи эътирозҳои ноҳияи Хуросон баргузор шуд, шахсан сарвазир ширкат кунад, аммо дар он муовини сарвазир Давлатшоҳ Гулмуҳаммадзода ва раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ширкат карданд.

Маркази матбуоти президенти Тоҷикистон бо радди ин овозаҳо гуфт, ки то чанд лаҳзаи дигар аксҳои сарвазир аз ширкаташ дар маросими ифтитоҳи як корхона чоп хоҳад шуд. То лаҳзаи омода шудани ин гузориш аксҳо ҳанӯз нашр нашудаанд. Аммо бегоҳи 20 май дар як гузориши тасвирии Маркази матбуоти президенти Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо иттифоқи президент Эмомалӣ Раҳмон ва раиси Маҷлиси миллӣ, ҳамзамон раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ зоҳир шуд.

2990
Барчаспҳо:
рад, вирус, сарвазир, Қоҳир Расулзода, Тоҷикистон
Приветственная Стелла в город Шахристон, архивное фото

Рушди қутоспарварӣ: аз ВМКБ ба Шаҳристон 10 сар қутос бурданд

5
Қутоспарварӣ дар вилояти Cуғд таҷрибаи нав набуда, ин навъи ҳайвонот то имрӯз дар навоҳии Айниву Куҳистони Мастчоҳ парвариш карда мешаванд

ДУШАНБЕ, 26 окт — Sputnik. Дар минтақаҳои кӯҳии ноҳияи Шаҳристон парвариши қутос ба роҳ монда шуд.

Бино ба гузориши хадамоти матбуотии раиси вилояти Суғд, бо мусоидати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят аз ВМКБ ба ноҳияи Шаҳристон 10 сар қутос оварда шуд, ки дар мавзеи Кимқули ноҳия ба таври таҷрибавӣ парвариш карда мешавад.

Минтақаи Кимқул аз минтақаҳои нисбатан сарди ноҳия маҳсуб ёфта, бино ба гуфти мутахассисон барои парвариши қутос мусоид аст.

Тавре маълум аст, қутос давоми ҳазорҳо сол тавассути интихоби табиӣ дар иқлими хунуки кӯҳистон ташаккул ёфта, дар минтақаҳои экологию ҷуғрофии мухталиф зиста наметавонад ва гармиро дар бадани худ зуд ҳис карда, дар ҷустуҷӯи ҷои сард мешавад.

Аз ин лиҳоз интихоби ин мавзеъ барои парвариши қутос ҳадафмандона буда, дар сурати зиёд шудани саршумор ин таҷриба дар дигар минтақаҳо низ истифода мегардад.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни суҳбат бо ҷангалбонон таъкид карда, ки қутоспарварӣ аз бахшҳои сердаромади чорводорӣ аст ва дар сурати мутобиқ шудан саршумори он дар ҷангалзори ноҳия афзоиш меёбад.

Қутоспарварӣ дар вилоят таҷрибаи нав набуда, ин навъи ҳайвонот то имрӯз дар навоҳии Айниву Куҳистони Мастчоҳ парвариш мегардад.

Тибқи иттилои масъулин саршумори қутос дар вилоят ба 2000 сар баробар гардида, теъдоди он сол аз сол зиёд шуда истодааст.

Ёдовар мешавем, ки моҳи июни соли ҷорӣ бо мақсади рушди хоҷагии ҷангали ноҳияи Шаҳристон ба мавзеи Кимқули ноҳия 23 сар оҳуи навъи муфлони урупоӣ оварда шуда буд.

Масъулини хоҷагии ҷангал мегӯянд, ки аз ин оҳуҳо то ин замон се сар насл гирифта шуда, шумораашон ба 26 сар баробар шудааст.

5
Барчаспҳо:
соҳаи иқтисод, қутос, Тоҷикистон
Сомони и рубли, архивное фото

Бонки миллӣ арзиши рубл, доллар ва евроро барои имрӯз эълон кард

88
(Таҷдидшуда 11:43 26.10.2020)
Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ барои имрӯз, 26 октябр эълон кардааст

ДУШАНБЕ, 26 окт — Sputnik. Тибқи нишондодҳои Бонки миллии Тоҷикистон арзиши 1 рубли русӣ барои имрӯз 0.1345 сомонӣ  ва дар бозори нақд бошад то 0.1380 сомонӣ нишон дода шудааст.

Национальный банк Таджикистана
© Фото : Пресс-служба президента Таджикистана
Ин ниҳод қурби миёнаи фурӯши 1 доллари ИМА дар муассисаҳои қарзии Тоҷикистонро аз 10.3392 то 10.3400 сомонӣ арзёбӣ кардааст. 

Бонки миллӣ қурби миёнаи фурӯши 1 евроро аз 12.2551 то 12.5000  сомонӣ арзёбӣ кардааст.

Дар бонкҳои дигари кишвар, аз ҷумла "Бонки Эсхата" нишондоди асъор нисбат ба дигарон каме болотар нишон дода шудааст.

Ин бонк хариду фурӯши 1 рублро имрӯз аз 0,1390 то 0,1410 сомонӣ муқаррар кардааст.

Дар “Спитаменбонк” бошад арзиши 1 рубл аз 0.134 то 0.141 ва дар “Алифбонк” бошад 1 рубл аз 0,1340 то 0,1430 сомонӣ нишон дода шудааст.

Пешгӯии коршинос аз ҷаҳиши рекордии доллар то охири октябр

БМТ огоҳ менамояд, ки “берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад”.

 

88