Взятка медику, архивное фото

Парвандаи ду масъули идораи барқ: талаби ришваи 20 ҳазор сомонӣ барои трансформатор

977
(Таҷдидшуда 17:56 20.05.2020)
Суҳроб Турсунов сармуҳандис ва Муҳаммад Тошматов назоратчии Шабакаҳои барқии шаҳри Конибодом барои даст доштан дар содир намудани ҷинояти ришвадиҳӣ гумонбор дониста шуда, алайҳи онҳо парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шудааст

ДУШАНБЕ, 20 май – Sputnik. Акбар Шарифӣ, сухангӯи РВКД дар вилояти Суғд бо тасдиқи ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, Турсунов ва Тошматов барои содир намудани ҷинояти порадиҳии тиҷоратӣ гумонбар дониста мешаванд.

 Ин ду масъули идораи барқи Конибодом барои кӯчонидани зеристогоҳи барқӣ аз дохили манзил, аз соҳибхона 20 ҳазор сомонӣ пора талаб намудаанд.

“Гумонбаршавандаҳо дар кӯчонидани зеристогоҳи барқие, ки дар ҳудуди собиқ сехи лимонадбарорӣ воқеъ дар кӯчаи ба номи Бобомансури шаҳри Конибодом, ки айни ҳол ҳамчун манзили истиқоматӣ ба сокини 33 солаи ҳамин шаҳр тааллуқ дорад, аз соҳибмулк 20 ҳазор сомонӣ ба сифати пора талаб намуда, ҳангоми гирифтани 150 ҳазор рубли русӣ дастгир шудаанд”, - гуфт Шарифӣ.

Сухангуи РВКД дар Суғд афзуд, мақомоти милистия дар ҳоле сармуҳандис ва назоратчии Шабакаҳои барқ дар шаҳри Конибодомро дастгир намудаанд, ки онҳо бо истифода аз мақоми мансабии худ ба амали ғайриқонунӣ даст задаанд.

 “Тибқи фарзияи оперативӣ эҳтимол аст, дар алоқамандӣ ба ҷинояти мазкур ба ғайр аз сармуҳандис ва назоратчии барқ, боз олудагии дигар шахсони аз маблағи ришва манфиятдор ошкор шавад”, - гуфт манбаъ.

Ҳоло нисбати гумонбаршудаҳо дар прокуратураи шаҳри Конибодом бо моддаи 279 (ришвадиҳии тиҷоратӣ) и Кодекси ҷиноӣ парванда оғоз карда шудааст.

977
Барчаспҳо:
парвандаи ҷиноӣ, парванда, ришвадиҳӣ, ҷиноят, содир, Конибодом, барқ, Тоҷикистон
Юношеская сборная Таджикистана  (U-16)

Ҳайати яккачини кишвар барои рақобати дӯстона бо Баҳрайн ва АМА дақиқ шуд

10
(Таҷдидшуда 12:55 21.10.2020)
Ҳайати мунтахаби Тоҷикистон барои ду рақобати дӯстона бо кишварҳои арабӣ дақиқ шуд

ДУШАНБЕ, 21 окт - Sputnik. Усмон Тошев, сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон  ҳайати яккачини кишварро барои бозиҳои дӯстона бо тимҳои миллии Баҳрайн ва АМА муаян кард.

Тибқи иттилои Федератсия футболи Тоҷикистон, бозиҳои дӯстонаи миллипӯшони кишвар бо тибҳои Баҳрайн ва АМА 7 ва 12-уми ноябр дар Дубай баргузор мешавад.

Тошев барои рақобатҳои дӯстона 27 бозигар: 3 дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 9 нимҳимоятгар ва 6 ҳамлагарро даъват кардааст.

Гуфта мешавад, яккачини кишвар барои ин рақобат 4-уми ноябр ба Дубай хоҳанд рафт.

Ҳайати яккачини Тоҷикистон дар рақобат бо тимҳои миллии Баҳрайн ва АМА аз ин қабил аст:

Дарвозабонҳо: Рустам Ятимов (Истиқлол), Шоҳрух Кирғизбоев (Локомотив-Помир), Муҳриддин Ҳасанов (Хуҷанд).

Ҳимоятгарон: Давронҷон Эгашев (Бунёдкор, Ӯзбакистон), Аҳтам Назаров, Искандар Ҷалилов, Зоир Ҷӯрабоев, Табрези Давлатмир, Ваҳдат Ҳанонов (Истиқлол), Манучеҳр Сафаров (Локомотив-Помир), Алишер Баротов (Худҷанд).

Тими "Равшан" - и Кӯлоб дар қаҳрамонии Тоҷикистон миёни наврасон пирӯз омад

Нимҳимоятгарон: Парвизҷон Умарбоев (Локомотив, Пловдив, Булғористон), Эҳсони Панҷшанбе (Навбаҳор, Ӯзбекистон), Комрон Турсунов (ТРАУ, Ҳиндустон), Илҳом Баротов (Истаравшан), Алишер Ҷалилов, Амирҷон Ҷурабоев ("Истиқлол"), Абдулмӯъмин Забиров ("Хуҷанд"), Шарафҷон Солеҳов ("Файзканд").

Ҳамлагарон: Манучеҳр Ҷалилов, Шериддин Бобоев, Рустам Соиров (Истиклол), Ҷаҳонгир Эргашев, Тоҳир Малодустов (Хуҷанд), Ислом Зоиров (Локомотив-Помир).

10
Служба в армии, архивное фото

Вазорат: Нақшаи даъват 89% иҷро шуд, касе аз “облава” шикоят накардааст

98
(Таҷдидшуда 11:03 21.10.2020)
Вазорати дифои Тоҷикистон аз иҷрои 89 дарсади нақшаи тирамоҳии даъвати ҷавонон ба сафи артиш хабар медиҳад.

ДУШАНБЕ, 21 октябр - Sputnik. Аз ин ниҳод ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, тайи 20 рӯзи даъват дар баробари вилояти мухтори куҳистони Бадахшон (ВМКБ) нақшаи даъватро шаҳри Душанбе низ сад фисад иҷро кард.

Тибқи иттилои манбаъ, нақшаи даъват дар вилояти Хатлон 91%, дар Суғд 80%  ва ноавҳоии тобеи марказ 92%  иҷро шудааст.

Манбаъ мегӯяд, то ҳол ба унвонии ин вазорат ягон шикоят аз облава ворид нашудааст ва масъалаи даъвати имсола нисбати солҳои пеш дар сатҳи беҳтар ба роҳ монда шуда шумори ихтиёриён бештар шудааст

Дар Бадахшон ҷавононро пеш аз хизмат ронандагӣ меомӯзонанд

Бар асоси фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон даъвати тирамоҳии ҷавонон ба артиш якуми октябр шурӯъ гардида, то ноябр идома хоҳад кард. Имсол ҷавонони соли таваллудашон 1993-2002 ба хидмати ҳарбӣ мераванд.

 

98