Председатель ГБАО Ёдгор Файзов

Мақомоти ВМКБ овозаи гирифтории Ёдгор Файзов ба COVID - 19 - ро бепоя хонд

988
(Таҷдидшуда 19:53 20.05.2020)
Сухангӯи раиси ВМКБ Ғолиб Ниятбеков мегӯяд, овозаҳо оиди гирифтор шудани раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон Ёдгор Файзов ба бемории сироятии короновирус асос надорад

ДУШАНБЕ, 20 май — Sputnik. Ахиран дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар оиди сироят шудани раиси ВМКБ Ёдгор Файзов ба бемории коронавирус паҳн шуд.

Мақомоти ҳокимияти вилоят ин хабарро рад кард.

Ғолиб Ниятбеков сухангӯи раиси ВМКБ мегӯяд, овозаҳо оиди гирифтор шудани раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон Ёдгор Файзов ба бемории сироятии короновирус асос надорад.

"Раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон мӯҳтарам Ёдгор Файзов дар утоқи корӣ қарор доранд, ба фаъолияти ҳаррӯзаи хеш машғул ҳастанд ва ба хотири эмин нигоҳ доштани сиҳатии кормандон ҷаласаҳо ва вохӯриҳоро дар як вақти муайян маҳдуд кардаанд", - навиштааст ӯ дар саҳифааш дар Facebook.

Қаблан дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин хабар нашр шуд, ки Ёдгор Файзов, раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ба маризии “вируси корона” гирифтор шудааст. Далел ҳам ин оварда шуд, ки мавсуф як гурӯҳи волонтёрони ҳукумати вилоятро қабул накардааст.
988
Барчаспҳо:
ВМКБ, Тоҷикистон
В московском Музее Востока открылась выставка В тени вершин

Ифтитоҳи намоишгоҳи саноати дастӣ ва маҳсулоти кишоварзии Афғонистон дар Душанбе

25
(Таҷдидшуда 20:10 16.01.2021)
Намоишгоҳи саноати дастӣ ва маҳсулоти кишоварзии Афғонистон дар шаҳри Душанбе баргузор шуд

ДУШАНБЕ, 16 янв — Sputnik. Маҳсулоти 27 ширкати афғонистонӣ ва корҳои дастии афғонҳои муқими Тоҷикистон дар 40 ғурфаи ин намоишгоҳ арза шудааст, иттилоъ додааст АМИТ  “Ховар”.

Бино бар иттилои манбаъ, ширкатҳои афғонистонӣ дар ин намоишгоҳ колоҳое монанди саноати дастӣ, фарши дастбоф, зарфҳои суфолӣ ва мисӣ, либосҳои суннатӣ ва маҳсулоти кишоварзиро дар маърази диди умум қарор додаанд.

Муҳаммадзоҳир Ағбар, сафири Афғонистон дар Душанбе дар маросими ифтитоҳи ин намоишгоҳ гуфт, ки дар ояндаи наздик низ намоишгоҳи сангҳои қимматӣ ва нимақиматии кишвараш дар пойтахти Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вай таъкид кард, ки баргузории чунин намоишгоҳҳо мӯҷиби тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷории Афғонистону Тоҷикистон хоҳад шуд.

Сафирон ва масъулони теъдоде аз кишварҳои хориҷии муқими Душанбе, намояндагони утоқи саноат ва бозаргонии Тоҷикистон ва фаъолони бахши хусусии ин кишвар аз намоишгоҳи саноати дастӣ ва маҳсулоти кишоварзии Афғонистон боздид карданд.

25
Барчаспҳо:
баргузор, саноат, Душанбе, намоишгоҳ, Афғонистон
Карабиненко Александр

Коршинос сабаби нест шудани коронавирус дар Тоҷикистонро шарҳ дод

162
(Таҷдидшуда 20:44 16.01.2021)
Табиби хизматнишондодаи Русия, Александр Карабиненко маълумоти Вазорати тандурустии Тоҷикистонро дар бораи якбора коҳиш ёфтани ҳолатҳои нави сироятёбӣ аз коронавирус шарҳ дод

ДУШАНБЕ, 16 янв — Sputnik. Дар Тоҷикистон аз аввалҳои моҳи январ якбора шумораи ҳолатҳои нави гирифторӣ ба коронавирус коҳиш ёфт. Дар давоми ду ҳафта дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 12 ҳолати нави сироятёбӣ ба қайд гирифта шуд.

Зичии аҳолӣ дар Тоҷикистон, фарз кунем  нисбат ба вилояти Маскав хело кам аст. Маҳз ҳамин далел шароит фароҳам меоварад, ки паҳншавии вирус бозистад, мегӯяд коршинос.

Ҳамчунин, Карабиненко дар сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки шароити экологӣ ва климати кишвар метавонист боиси камшавии омори коронавирус шавад.

"Феълан ин масъала пажӯҳиш нашудааст, бояд солҳо мушоҳида кард ва он вақт метавон ҷавоби дақиқ дод", - меафзояд ӯ.

Ба гуфтаи табиби рус, бадани одамони гуногун иммунитетро гуногун коркард мекунад. Бархе нафарон умуман ба ин беморӣ антитела ҳосил намекунанд.

"Дар ин ҳолат эмгузаронӣ боиси ҳосил шудани иммунитет дар бадан мешавад ва дар ин ҳолат аз коронавирус антитела ҳосил мегардад", - таъкид кард Карабиненко.

Вазири тоҷик: табибони кишвар аз имтиҳони бузург дар самти пешгирӣ аз COVID-19 гузаштанд

Ба гуфтаи вай, ваксинаи зидди грипп низ кӯмак мекунад, ки бемории коронавирус сабуктар гузарад ва барои ҳамин бояд ҳама эм карда шаванд.

"Инфексияи коронавирус то абад дар бадани инсон мемонад. Аз вирус ҷои гурез нест ва ба он иммунитети коллективӣ пайдо мешавад", - тавзеҳ дод вай дар анҷом.

162