Мензурка в руках

Пас аз тавсияи Созмони ҷаҳонии беҳдошт: Суғд соҳиби озмоишгоҳи вирусологӣ мешавад

273
(Таҷдидшуда 12:28 21.05.2020)
Бо фаъол шудани ин озмоишгоҳ, акнун ташхиси сокинони вилояти Суғдро барои муайян кардан на ба пойтахт, балки дар худи вилоят дақиқ мекунанд

ДУШАНБЕ, 21 май — Sputnik. Интизор меравад, то авохири ҳафтаи равон дар шаҳри Хуҷанд озмоишгоҳи вирусологӣ барои дақиқ намудани ташхиси сокинон аз коронавирус шурӯъ ба кор мекунад, хабар медиҳад котиботи раиси вилояти Суғд.

Ин озмоишгоҳ тоза дар вилояти Суғд фаъол мегардад ва он акнун дувумин озмоишгоҳи вирусологӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ хоҳад буд.

Зимнан, раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода зимни вохӯрӣ бо кормандони тиббии марказҳои саломатии шаҳри Хуҷанд хабар дод, ки акнун тамоми ашхоси шубҳанок ба ин намуди беморӣ  дар вилоят  мавриди санҷиш қарор хоҳанд гирифт.

Даргузашти Саидшоҳ Акрамов, ҷарроҳи шинохта аз коронавирус

Ёдовар мешавем, ки қаблан роҳбари гурӯҳи СҶБ дар Тоҷикистон Патрик О. Конор  зимни ҷамъбаста натиҷаҳои кори ин гурӯҳ изҳор дошт, ки дар Тоҷикистон бояд иқтидори озмоишӣ васеъ карда шавад, то ки он на танҳо дар Душанбе, балки дар дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ гузаронида шавад. 

"Зеро як озмоишгоҳ дар пойтахти Тоҷикистон барои тамоми кишвар кифоя нест", - таъкид намуда буд ӯ.
273
Барчаспҳо:
озмоишгоҳ, Суғд
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (454)
Самолет компании Уральские авиалинии, архивное фото

49 муҳоҷиру 13 ҷасад: ҳавопаймои Русия шаҳрвандони Тоҷикистонро ба Ватан расонд

130
Мақомоти Тоҷикистон элон намудааст, ки аз 19 то 30 майи соли равон дар ҳамоҳангӣ бо Русия 680 нафар шаҳрвандони кишвар ба Ватан баргардонида шуд

ДУШАНБЕ, 1 июн - Sputnik. Санаи 29 май бо парвозҳои махсуси ширкати “Уральские авиалинии” 49 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки тайи чанд моҳи охир дар марказҳои нигоҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷии Русия қарор доштанд, аз Маскав ба Душанбе баргардонида шуданд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон.

Ҳамчунин тибқи иттилои манбаъ бо ин парвози махсус 13 ҷасади шаҳрвандони кишвар ба Ватан интиқол ёфтанд.

Манбаъ зикр кардааст, ки ҳамин тариқ, аз 19 то 30 майи соли равон дар ҳамоҳангӣ бо Русия аз марказҳои нигоҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷии он кишвар ба Тоҷикистон дар маҷмӯъ 680 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ҳуҷҷатҳои омодашудаи зарурӣ барои сафар доштанд, инчунин ҷасадҳои 58 ҳамватан баргардонида шуданд.

Вазорат умури хориҷаи Тоҷикистон таъкид доштааст, ки барои иҷрои дастури раисҷумҳури кишвар доир ба татбиқи нақшаи тадриҷан ва марҳила ба марҳила баргардонидани шаҳрвандон, айни замон имконияти анҷом додани парвозҳои махсус (чартерӣ) ба/аз Русия ва дигар кишварҳо аз ҷониби ширкатҳои ҳавоии ватанӣ мавриди корбарӣ қарор дорад.

Ҳамзамон манбаъ қайд кардааст, ки раванди бозгардонидани шаҳрвандон аз хориҷа ба Ватан ба фароҳам оварда шудани шароити зарурӣ, аз ҷумла омода будани ҷойҳои кофӣ барои карантин ё муроқибати тиббии онҳо дар Тоҷикистон вобаста хоҳад буд.

130
Барчаспҳо:
ҷасад, Ватан, баргардонидан, кишварҳо, Тоҷикистон

Ҷашнҳои рӯзи 1 июн дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

70
(Таҷдидшуда 23:23 31.05.2020)
Рӯзи якуми июн ҳамчун Рӯзи умумиҷаҳонии муҳофизати кӯдакон қайд мешавад. Ҳамчуниндар Тунис Рӯзи Конститутсия ва дар Муғулистон Рӯзи модару кӯдак таҷлил мешавад

Рӯзи 1 июн дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1862 дар саросари ИМА ғуломдорӣ манъ карда шуд.

Насилие, архивное фото
© CC0 / Pixabay
Насилие, архивное фото

Соли 1869 бақайдгирандаи электронии  овоздиҳӣ ихтироъ карда шуд.

Соли 1935 дар Англия барои гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ ва рақами автомобил имтиҳон ҷорӣ карда шуд.

Соли 1858 дар Канада аввалин танга истеҳсол карда шуд.

Соли 1938 аввалин шумораи маҷаллаи ҳаҷвии "Action Comics" нашр шуд.

Рӯзи 1 июн дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2009 раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон "Дар бораи таҷлили зодрӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ" фармон имзо карданд, ки пас аз он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол 30 сентябр чун Рӯзи Мавлоно таҷлил карда мешавад.

День 31 мая
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 2012 сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин аз музофоти Фуҷиан, ки дар ҷанубу шарқи ин кишвар қарор дорад, оғоз ёфт. Cоли 2014 Сарвари давлат  Эмомалӣ Раҳмон ба  боғи "15-солагии истиқлоли Тоҷикистон", ки бунёдаш 8 сол пеш, 18 феврали соли 2006 бо иштироки бевоситаи Сарвари давлат оғоз ёфта буд, ташриф оварданд. Ин боғи 450-гектара пурра ба ҳосил омада, соли дуюм аст, ки аз он ҳазорон нафар ризқи фарох ҳосил мекунанд.

Соли 2010 маросими ботантанаи ба истифода додани бинои нави Муассисаи давлатии "Маркази миллии тавонбахшии кӯдакони маъюб "Чорбоғ" дар ноҳияи Варзоб"  баргузор гардид. Барои бунёди бинои мазкур аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 800 ҳазор сомонӣ ҷудо гардида буд.

Ҷашнҳои рӯзи 30 май дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 2010 дар қароргоҳи Конфедератсияи футболи Осиё дар шаҳри Куала Лумпури Малайзия  рӯйхати дастаҳои футболе, ки дар бозиҳои олимпии Лондон-2012 иштирок мекарданд, ба тасвиб расид. Ба он  34 дастаи футболбозон, аз ҷумла, дастаи миллии Тоҷикистон низ шомил шуд.

Соли 2011 Парлумони Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни ҶТ "Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон"-ро ба тасвиб расонид.

Моли 2016 дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев ба муносибати 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон даври ниҳоии фестивал-озмуни чумҳуриявии "Тараннуми истиқлол" баргузор гардид.

Соли 2018 дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ҷаласаи Шўрои сарони ҳукуматҳо-сарвазирони кишварҳои аъзои ИДМ доир гардид

Ҷашнҳои рӯзи 1 июн

  • Рӯзи  умумиҷаҳонии муҳофизати  кӯдакон.
  • Дар Самоа —  Рӯзи истиқлолият.
  • Дар Тунис- иди умумимиллӣ- Рӯзи Консититутсия.
  • Дар Муғулистон — Рӯзи модару кӯдак.
  • Дар Ҷумҳурии Палау — Рӯзи президент
70
Барчаспҳо:
ҷашн, ҷаҳон, Тоҷикистон