Шириншо Шотемур

Даргузашти писари хурдии қаҳрамони Тоҷикистон аз коронавирус ва бемории писарбузургаш-акс

6392
(Таҷдидшуда 21:02 21.05.2020)
Рустам Шоҳтемур, писари Шириншоҳ Шоҳтемур, қаҳрамони Тоҷикистон ва яке аз асосгузорони Тоҷикистони шӯравӣ, имрӯз дар оромгоҳи Захарови шаҳри Маскав ба хок супорида шуд

ДУШАНБЕ, 21 май — Sputnik. Рустам Шоҳтемур, писари хурдии Шириншоҳ Шоҳтемур 25 январи соли 1936 дар шаҳри Маскав таваллуд шуда, бо баҳои аъло Донишкадаи ҳавонавардии Маскавро хатм намудааст. Солиёни зиёд дар бахши ҳавопаймосозӣ фаъолият карда, 17 май бар асари коронавирус даргузаштааст. Далели таъхири маросими дафн дер расидани писари Рустам Шоҳтемур будаст, ки дар Украина қарор доштааст.

Тавре Иброҳим Аҳмадов, сухангӯи намояндагии Хадамоти муҳоҷироати Тоҷикистон дар Русия, дар саҳифаи фейсбукияш хабар додааст, писари калонии Шириншоҳ Шоҳтемур, ки худ низ Шириншоҳ ном дорад, аз хабари даргузашти бародараш ранҷур шуда, дар беморхона бистарӣ шудааст ва натавонист дар маросими дафн иштирок кунад.

Рустами Шоҳтемур замони зиндагияш изҳор доштааст, ки гарчанде дар Маскав таваллуд шудааст, мехоҳад ӯро дар ватани таърихияш дафн кунанд, аммо ба далели пандемия ва марзбандӣ интиқоли ҷасад ба Ватан ғайриимкон будааст.

Рустам ва Шириншоҳ писарони Шириншоҳ Шоҳтемур, қаҳрамони Тоҷикистон мебошад. Шоҳтемур дар баробари ҳазорҳо ҳамсафону поягузорони Иттиҳоди Шӯравӣ қурбонӣ шуд ва бо иттиҳомоти бофта дар фаъолияти зиддишӯравӣ моҳи октябри соли 1937 парронда шуд.

Сарнавишти Шириншоҳ Шоҳтемур барои бисёриҳо маълум аст. Фарзанди деҳқони камбағал, ки  корманди роҳи оҳан шуду бо ҷонибдорӣ аз инқилоби шӯравӣ соли 1921 узви Ҳизби коммунист гардид. Солҳои 1921 – 1924 роҳбари Кумитаи инқилобии Помир ва масъули Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон буд.

Охирин макони инқилобчиён: қаҳрамонҳои Тоҷикистон дар кадом оромгоҳи Маскав мехобанд

Дар хотири бисёри ҳамзамонҳо ва наслҳои баъдӣ Шириншоҳ Шоҳтемур ҳамчун мубориз ва асосгузори Тоҷикистони шӯравӣ ҷой гирифтааст, ки аз аввали солҳои 20-ум ба зарурати ташкили давлати мустақили Тоҷикистони шӯравӣ ва пайвастсозии ҳавзаи Хуҷанд ба он пойфишорӣ мекардааст.

6392
Барчаспҳо:
даргузашт, Шириншоҳ Шотемур, Русия, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (683)
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

Раҳмон фармони баланд шудани маош, нафақа ва идрорпулиро имзо кард: чӣ қадар зиёд шуд?

26
Раисҷумҳури Тоҷикистон бо судури фармон маоши кормандони давлатӣ, нафақаи пиронсолону маъюбон ва идрорпулии хонандагонро афзун намуд

ДУШАНБЕ, 4 авг — Sputnik. Сар аз авоили моҳи сентябри соли ҷорӣ дар Тоҷикистон маоши кормандони давлатӣ, нафақаи маъюбону пиронсолон ва идрорпулии донишҷӯён баланд бардошта мешавад. 

Фармони афзун шудани маошу нафақа ва стипендияи донишҷӯёнро имрӯз, 4 - уми август, раисҷумҳури Тоҷикистон ба имзо расонд.

Тибқи котиботи раисҷумҳури Тоҷикистон, маоши вазифавии кормандони ташкилоту муассисаҳои соҳаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, ҳифзи иҷтимоӣ, соҳаҳои воқеии иқтисодиёт ва кормандони дигар ташкилоту муассисаҳое, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд, ба андозаи 15 фоиз зиёд карда мешавад.

Нафақа аз 1 сентябр 15 дар сад меафзояд

Ҳамчунин бо фармони Эмомалӣ Раҳмон маоши вазифавии кормандони ташкилоту муассисаҳои соҳаи тандурустӣ низ ба андозаи 15 фоиз зиёд шуд.

Гузашта аз ин маоши кормандони мақомоти идораи давлатӣ, мақомоти судӣ ва прокуратура, мудофиа, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот низ 15 дарсад баланд бардошта мешавад.

Идрорпулии донишҷӯён ва нафақа низ ба андозаи 15 фисад афзун карда шуд.

26
Рогунская ГЭС

Истеҳсоли барқ ​​дар НБО “Роғун” қариб се маротиба афзоиш ёфтааст

28
Дар маҷмӯъ, аз аввали соли 2020, тавлиди нерӯи барқ ​​дар нерӯгоҳҳои барқи обӣ ва гармидиҳии Тоҷикистон ба 8 миллиард киловатт соат расидааст.

ДУШАНБЕ, 4 авг — Sputnik.  Тибқи гузориши ҶСК “Барқи Тоҷик”, НБО “Роғун” дар шаш моҳи аввали соли 2020 истеҳсоли барқро тақрибан се маротиба афзоиш додааст.

Тибқи иттилои ширкат, дар моҳҳои январ-июни соли 2020 нерӯгоҳи Роғун 595 миллион киловатт / соат нерӯи барқ ​​истеҳсол кардааст.

Гуфта мешавад, ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 385 миллион киловатт-соат зиёдтар аст.

Ҳамзамон, ҳоло танҳо ду агрегати НБО-и “Роғун” кор мекунанд: агрегати аввал моҳи ноябри соли 2018 ва дуввум моҳи сентябри соли 2019 ба кор андохта шуданд.

Дар маҷмӯъ, дар НБО “Роғун” насб кардани шаш агрегат ба нақша гирифта шудааст. Интизор меравад, ки сохтмони ин истгоҳ то соли 2033 пурра ба анҷом расад.

Ширкати “Барқи Тоҷик” илова намудааст, ки аз аввали соли 2020, тавлиди нерӯи барқ ​​аз нерӯгоҳҳои барқи обӣ ва гармидиҳӣ ба 8 миллиард киловатт дар як соат расидааст.

Аз НБО "Роғун" то "Талко": Кумитаи андоз бузургтарин қарздоронашро ном бурд

Тибқи маълумоти пешниҳодшуда, ҷамъоварии нерӯи барқ ​​дар Тоҷикистон дар давраи ҳисоботӣ 84,9% таъмин карда шудааст.

28