Женщина в защитной маске на улице города Душанбе

Раҷабзода гуфт, чӣ гуна метавон аз паҳншавии COVID -19 дар Тоҷикистон пешгирӣ кард

474
(Таҷдидшуда 22:08 22.05.2020)
Музаффар Раҷабзода, доктори илмҳои тиб, мегӯяд, барои пешгирӣ аз сирояти коронавируси нави COVID -19 бояд мардум  ҳамаи он тавсияҳое, ки аз ҷониби табибон пешниҳод карда мешаванд, қатъиян риоя намоянд

ДУШАНБЕ, 22 май – Sputnik. Музаффар Раҷабзода, мудири Муассисаи давлатии "Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои дил”  аз тамоми сокинони кишвар даъват ба амал меорад, ки дар ин рӯзҳо дар паҳлӯи кормандони соҳаи тандурустӣ бошанд, менависад Вазорати тандурустии Тоҷикистон.

"Баъди ба қайд гирифтани бемории коронавируси нави КОВИД-19 дар мамлакат бо  дастгирии бевоситаи Президент Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ тамоми муассисаҳои тандурустии ҷумҳурӣ, аз ҷумла Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии клиникии  бемориҳои дил”  бо маводҳои доруворӣ, хӯрока ва  либосҳои муҳофизатӣ барои табибон таъмин карда шуданд. Роҳбарият ва кормандони Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои дил” тамоми кӯшиш ва талоши хешро ба он равона сохтаанд, ки сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббиро боз ҳам беҳтар намуда, ҷавобан ба дастгирӣ ва ғамхориҳои Пешвои муаззами миллат дар беҳтар намудани солимии аҳолӣ саҳми хешро гузоранд"- гуфтааст Раҷабзода.

Тибқи иттилои манбаъ, чанде қабл аз Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои дил” 182 нафар шаҳрвандоне, ки зери назорати духтурон қарор доштанд, ба хонаҳояшон рухсат дода шуда, айни замон дар муассисаи мазкур 73 нафари дигар зери назорати табибон қарор доранд.

Дар ҷараёни рухсат шудан шифоёфтагон аз сатҳи хизматрасонии табибони муассиса изҳори қаноатмандӣ намуда, ба табибон ва роҳбарияти муассиса изҳори миннатдорӣ баён намудаанд.

"Давоми 14 рӯзе, ки дар ин муассиса қарор доштам, гумон кардам, ки дар хонаи худам табобат гирифта истодаам. Табибони ин даргоҳ бениҳоят меҳрубон, ҳалим ва ғамхор  буданд. Бинобар ин, аз онҳо сидқан миннатдорам. Ҳазорон ташаккур мегӯям ба роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат, ба табибони ин даргоҳ ки барои сокинони мамлакат чунин шароити мусоидро фароҳам овардаанд",- гуфтааст як тан аз шифоёфтагон.

Ҳамзамон, гуфта мешавад, ки аз ҷониби афроди хайрхоҳ ба 81 нафар табибон, ҳамшираҳои  шавқат ва фаррошони Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои дил“ маводҳои хӯрока кӯмак расонида шудааст.

Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои дил” сармуассисаи махсусгардонидашудаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки фаъолияти он ба пешгирӣ, ташхис ва муолиҷаи бемориҳои дилу шараён, расонидани ёрии ташкиливу дастурӣ ба марказҳои кардиологии вилоятӣ, бахшҳои бемориҳои дилу шараён дар ноҳияҳо, ҳамоҳанг сохтани фаъолияти соҳа ва тайёр намудани дилпизишкон равона карда шудааст. Марказ дорои 192 кат буда, аз сохторҳои зерин: бахши қайду-қабул ва дармонгоҳи машваратӣ, коргоҳи клиникиву-ташхисӣ, бахши реабилитатсия, бахши ташхис, бахши наҷот–12 кат, бахши сактаи дил-50 кат, бахши бемориҳои музмини ишемиявии дил–40 кат,  бахши фишорбаландии шараёнӣ–50 кат, бахши аритмия ва нуқсонҳои дил-40 кат иборат мебошад.

Дар марказ миқдори умумии кормандон 272 нафар аз инҳо табибон 46 нафарро ташкил медиҳад. Дар марказ 5 нафар номзади илмҳои тиб ва 1 нафар доктори илмҳои тиб  фаъолият  менамоянд.

474
Барчаспҳо:
вируси нав, беморӣ, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (485)

Ҳайати Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт ба қарибӣ дубора ба Тоҷикистон меояд

111
(Таҷдидшуда 10:16 04.06.2020)
Дар нишасти матбуотии Дафтари минтақавии аврупоии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ бораи сафари такрории ҳайати ин ташкилот ба Тоҷикистон гуфтанд

 

ДУШАНБЕ, 4  июн — Sputnik. Ҳайати Созмони ҷаҳонии беҳдошт  дар ояндаи наздик ба Тоҷикистон дубора меояд. Дар ин бора дар нишасти матбуотӣ аз ҷониби Дафтари минтақаи ТУТ дар Аврупо хабар дода шуд.

Доктор Олег Стороженко, корманди маркази ҳамоҳангсозӣ оид ба вокуниш ба пандемияи COVID-19 ва ҳамзамон узви ҳайати СҶБ, ки ба Тоҷикистон омада буд, дар посух ба суоли Sputnik Тоҷикистон гуфт, мубориза бо коронавирус як равиши хеле ҳамаҷонибаест, ки захираҳои муайянро лозим дорад ва ҳамзамон дар баробари табибон кор бо аҳолиро талаб мекунад.

"Дар ҳолати зарурӣ, ТУТ омода аст шарикони худро барои кӯмак, пешниҳоди таҷрибаи зарурӣ ва таҷҳизоти муҳофизати шахсӣ сафарбар намояд. Мо хуб медонем, ки ҳеҷ кишваре ва ҳеҷ як ташкилот наметавонад танҳо ба пандемия мубориза барад. Мо барои муттаҳидӣ дар ин ҷоем ва агар лозим бошад, дасти худро дароз кунем ", гуфт Стороженко.

Ҳамзамон  Луба Негру, сухангӯи Дафтари минтақавии СУТ дар Аврупо илова намуд, ки ҳайати ташкилот ба наздикӣ боз ба Тоҷикистон ташриф меорад.

“Хеле сахту ногувор буд”: набарди Абдуллоҳи Раҳнамо бо “вируси корона” поён ёфт

 Ёдовар мешавем, сафари охирини гурӯҳи махсуси ТУТ чанде пеш баргузор шуда буд, ки коршиносони он ду ҳафтаи аввали моҳи майро дар Тоҷикистон гузарониданд.

111
Юношеская сборная Таджикистана  (U-16)

Қуръакашии чемпионати футболи Осиё-2020: рақиби мунтахаби кишвар ки хоҳад буд?

75
(Таҷдидшуда 09:45 04.06.2020)
Қуръакашии чемпионати Осиё-2020, ки дар он дастаҳои ҷавонони (U-16) ва ҷавонони (U-19) Тоҷикистон рақибони худро хоҳанд шинохт, рӯзи 18 июн дар қароргоҳи Конфедератсияи футболи Осиё дар Куала-Лумпур баргузор мешавад

ДУШАНБЕ, 4  июн — Sputnik. Тибқи иттилои сомонаи ФФТ, қуръакашии чемпионати Осиё-2020 миёни наврасон соати 17:00 ба вақти Душанбе шуруъ мешавад ва қуръакашӣ барои чемпионати Осиё барои мунтахабҳои ҷавонон соати 19:30 баргузор мешавад.

Конфедератсияи футболи Осиё таркиби сабади  қуръакашӣ барои финали Чемпионати Осиё-2020-ро эълон кард.

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) бо тимҳои Баҳрайн, Ҷопон ва Кореяи Ҷанубӣ дар сабади аввал қарор гирифт.

ФФТ мегӯяд,  ин маънои онро дорад, ки мунтахаби мо бешубҳа бо ин дастаҳо дар марҳилаи гурӯҳии чемпионат бозӣ намекунад.

Тибқи тақвими АФК, чемпионати Осиё байни наврасони зери 16-сола аз 16 сентябр то 3 октябр дар Баҳрайн баргузор мешавад.

Манбаъ мегӯяд, дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) дар сабқати Чемпионати Осиё-2020 дар якҷоягӣ бо дастаҳои Япония, Австралия ва Индонезия, ки бо онҳо, бешубҳа, дар ин мусобиқот дар ҳамон гурӯҳ бозӣ намекунанд, дар сабади дуввум ҷойгир шуданд.

Зепп Блаттер, собиқ президенти ФИФА гуфт, бо фишори ИМА аз мақомаш рафт

Чемпионати Осиё байни ҷавонон 2020 бояд аз 14 то 31 октябр дар Ӯзбекистон баргузор шавад.

Бояд қайд кард, ки чаҳор дастаи беҳтарини чемпионатҳои наврасон ва ҷавонони Осиё- 2020 ба мусобиқоти  ҷаҳонии соли 2021 роҳхат мегиранд, ки мутаносибан дар Перу (U-17) ва Индонезия (U-20) баргузор мешаванд.

75
Верующий на намазе в мечети, архивное фото

Масоҷид ва марказҳои мусалмонӣ дар вилояти Маскав дубора ба кор даромаданд

0
Ҳоло масҷидҳо танҳо барои ташрифи инфиродӣ дастрасанд ва бо риояи қатъии қоидаҳои санитарӣ ба роҳ монда шуданд

ДУШАНБЕ, 4  июн — Sputnik. Дар вилояти Маскав  пас аз сабукгардонии чораҳои маҳдудсозӣ вобаста ба пандемия масҷидҳо ва марказҳои мусалмонӣ боз шуданд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Шӯрои Муфтиёни Русия.

Аммо, ҳоло онҳо танҳо барои боздидҳои инфиродӣ дастрасанд ва бо риояи қатъии қоидаҳои санитарӣ амалӣ карда мешаванд.

Қайд карда мешавад, ки намози ҷумъа танҳо дар ҳавои кушод дар Ногинск, Старая Купавна, Орехово-Зуево, Шелково, Солнечногорск, Наро-Фоминск, Звенигород, Родники, Коломна, Яхрома, Зарайск, Домодедово, Тучково ва Шаховский баргузор мешавад.

Дар ҷамоаҳои боқимондаи мусулмонони вилояти Маскав намози ҷумъа баргузор нахоҳад шуд.

То беҳтар шудани вазъи эпидемиологӣ онҳо онлайнӣ баргузор карда мешаванд.

Гуфта мешавад, ҳамзамон риояи қатъии меъёрҳои санитарӣ ҳатмӣ мебошад. Мӯъминон бояд бо худ ниқобҳои тиббӣ ва дастпӯшак дошта бошанд ва инчунин пешниҳод мешавад, ки бояд масофаи иҷтимоӣ риоя шавад.

Ёдрас мешавем, қаблан маълум шуда буд, ки аз 6 июн дар Маскав масҷидҳо боз хоҳанд шуд. Ва ду рӯз пеш  1 июн, дар пойтахти Русия, дар реҷаи озмоишӣ, Масҷиди марказӣ дарҳои худро барои намозгузорон боз кард.

0
Барчаспҳо:
макони ибодати мусулмонон, мусалмонон, кушодашавӣ, масоҷид, Русия