Пробирка с тестом на коронавирус в руках

Омори нави коронавирус дар Тоҷикистон: рӯзе ки аз КОВИД-19 касе нафавтид

3019
(Таҷдидшуда 22:03 22.05.2020)
Тайи чанд рӯзи ахир, ки Вазорати тандурустии Тоҷикистон омори гирифторони коронавирус ва маргумирро аз ин вабои нав эълон мекунад. Ба иттилои Вазорат тайи шабонарӯзи гузашта касе аз КОВИД-19 нафавтидааст

ДУШАНБЕ, 22 май – Sputnik. То соати 19:30 дақиқаи 22 май дар Тоҷикистон 2551 нафар бо ташхиси сирояти коронавируси нави COVID-19 ошкор гардида, аз ин беморӣ то кунун дар мамлакат 1089 нафар шифо ёфтаанд.

Ҳамин тавр дар як рӯзи ахир дар ҷумҳурӣ 201 ҳолати нави сироятёбӣ тасдиқ шудааст.

Ҳамзамон, теъдоди ҳолатҳои фавти беморони мубтало ба ин вирус бетағйир боқӣ монда, 44 нафар мебошад, гузориш медиҳад Вазорати тандурустии Тоҷикистон.

То имрӯз дар мамлакат 3151 нафар зери назорати табибон қарор дошта, дар як шабонарӯзи охир 455 нафар пас аз шифо ёфтан ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.

"Дар ин  лаҳзаҳои ҳассос аз тамоми сокинони кишвар даъват ба амал оварда мешавад, ки ҷиҳати пешгирии сирояти мазкур пеш аз ҳама, қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя  намоянд, зеро, дар урфият беҳуда нагуфтаанд, ки табиби ҳар шахс худи ӯст", - таъкид мекунад вазорати тандурустӣ.

Хушхабари Вазорати тандурустӣ: 70 нафар шифо ёфта, ҷавоб шуданд

Ёдрас мешавем, ба ҳолати 21 - уми май дар ҷумҳурӣ 2350 ҳолати гирифторшавӣ ба маризии коронавирус сабт гардида, омори муриш ба 3 тан зиёд шуда буд.

 

3019
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (453)
Авария на трассе Р-22 Тамбов - Волгоград - Астрахань

ВУД: дар ду рӯзи истироҳат дар се садамаи нақлиётӣ панҷ нафар ба ҳалокат расид

41
(Таҷдидшуда 10:47 01.06.2020)
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон эълон доштааст, ки дар садамаҳои нақлиётие, ки санаи 30-31 май, рӯзҳои шанбе ва якшанбе дар роҳҳои ҷумҳурӣ рух додааст, се нафар ҷони худро аз даст додааст

ДУШАНБЕ, 1 июн - Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти вазорати умури дохила, санаи 30-уми майи соли равон, ронандаи автомашинаи тамғаи “ДЭУ-Сиело” Мусоев Мамараҷаб, сокини ҷамоати шаҳраки 20-солагии Истиқлолияти ноҳияи Дустӣ ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Хуросон, ба самти ноҳияи Қубодиён, дар ҳудуди деҳаи Тоҷикобод, аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, хкдравашро ба ҷуйбори обгузари канори роҳ чаппа намудааст.

Тибқи иттилои манбаъ, дар натиҷа ронанда Мусоев М.Ҳ ва мусофири худрави мазкур Холиқов Маҳмадбобо, сокини ҷамоати шаҳраки 20-солагии Истиқлолияти ноҳияи мазкур дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расиданд.

Ҳамзамон, мусофирони дигари ин худрав Бобоев Рустам ва Қурбоналиев Абдувалӣ, ки ҳарду сокинони ҷамоати шаҳраки 20-солагии Истиқлолияти ҳамин ноҳия мебошанд дар беморхона бистарӣ гардидаанд.

Инчунин ВУД ТОҷикистон хабар медиҳад, ки як садамаи марговар санаи 30-уми май дар ҳудуди ҷамоати шаҳраки Оби-киики ноҳияи Хуросон рух додааст.

“Ронандаи худрави “Лексус”, Хусрави Маҳмасаид, сокини ҷамоати деҳоти Навободи ноҳияи Ҷ.Балхӣ, ҳангоми ҳаракат кардан аз самти шаҳри Бохтар ба самти шаҳри Душанбе, дар ҳудуди ҷамоати шаҳраки Оби-киики ноҳияи Хуросон пиёдагардон, Шералиев Убайдулло Абдуҷалилович, соли таваллудаш 1952, сокини ҷамоати деҳоти Ғаллаободи ноҳияи мазкур ва Олимова Гулбаҳор Абдуҷалиловна, соли таваллудаш 1975, сокини ҳамон ҷоро пахш намудааст”, - таъкид дошт ВУД Тоҷикистон.

Дар натиҷа Шералиев У.А. ва Олимова Г.А. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.

Мутаасифона Шералиев Убайдулло дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Ин ҳам дар ҳолест, ки рӯзи 31-уми май тахминан соати 16:10-дақиқа, ронандаи худрави “Опел-Астра” Қадамов Озодӣ, сокини ноҳияи Ванҷ ҳангоми ҳаракат кардан дар шоҳроҳи “Душанбе-Сангвор-Дарвоз”, воқеъ дар мавзеи “Шаъидон”-и ноҳияи Дарвоз аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба чуқурии баландиаш 300-метр чаппа шудааст.

Дар натиҷа мусофирони автомашинаи мазкур Худоиев Асламшо Ақбердиевич, ва Худоиев Умар, сокиони ноҳияи, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.

Худи ронанда, Қадамов Озодӣ ва мусофири дигар, Нодулёбов Амруло Аҳёевич, сокини ноҳияи Ванҷ, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.

Дар ҳоли ҳозир кормандони милитсияи кишвар аз руи ин ҳодисаҳо таҳқиқотро идома доранд.

41
Барчаспҳо:
истироҳат, ҳалокат, ҷумҳурӣ, роҳҳо, нақлиёт, садама, Тоҷикистон
Самолет компании Уральские авиалинии, архивное фото

49 муҳоҷиру 13 ҷасад: ҳавопаймои Русия шаҳрвандони Тоҷикистонро ба Ватан расонд

235
Мақомоти Тоҷикистон элон намудааст, ки аз 19 то 30 майи соли равон дар ҳамоҳангӣ бо Русия 680 нафар шаҳрвандони кишвар ба Ватан баргардонида шуд

ДУШАНБЕ, 1 июн - Sputnik. Санаи 29 май бо парвозҳои махсуси ширкати “Уральские авиалинии” 49 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки тайи чанд моҳи охир дар марказҳои нигоҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷии Русия қарор доштанд, аз Маскав ба Душанбе баргардонида шуданд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон.

Ҳамчунин тибқи иттилои манбаъ бо ин парвози махсус 13 ҷасади шаҳрвандони кишвар ба Ватан интиқол ёфтанд.

Манбаъ зикр кардааст, ки ҳамин тариқ, аз 19 то 30 майи соли равон дар ҳамоҳангӣ бо Русия аз марказҳои нигоҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷии он кишвар ба Тоҷикистон дар маҷмӯъ 680 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ҳуҷҷатҳои омодашудаи зарурӣ барои сафар доштанд, инчунин ҷасадҳои 58 ҳамватан баргардонида шуданд.

Вазорат умури хориҷаи Тоҷикистон таъкид доштааст, ки барои иҷрои дастури раисҷумҳури кишвар доир ба татбиқи нақшаи тадриҷан ва марҳила ба марҳила баргардонидани шаҳрвандон, айни замон имконияти анҷом додани парвозҳои махсус (чартерӣ) ба/аз Русия ва дигар кишварҳо аз ҷониби ширкатҳои ҳавоии ватанӣ мавриди корбарӣ қарор дорад.

Ҳамзамон манбаъ қайд кардааст, ки раванди бозгардонидани шаҳрвандон аз хориҷа ба Ватан ба фароҳам оварда шудани шароити зарурӣ, аз ҷумла омода будани ҷойҳои кофӣ барои карантин ё муроқибати тиббии онҳо дар Тоҷикистон вобаста хоҳад буд.

235
Барчаспҳо:
ҷасад, Ватан, баргардонидан, кишварҳо, Тоҷикистон