Бистарӣ шудани собиқ ноиби раиси парлумон дар шуъбаи эҳёи бемористони сироятӣ-акс

2690
(Таҷдидшуда 17:38 23.05.2020)
Академик Акрамшо Фелалиев, собиқ муовини раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, дар шӯъбаи эҳёи беморхонаи касалиҳои сироятии шаҳри Душанбе бистарӣ шудааст

ДУШАНБЕ, 23 май — Sputnik. Муҳаммад Султон, рӯзноманигори тоҷик, хабар дод, ки академик Фелалиев, доктори фанҳои кишоварзӣ, гирифтори коронавирус шуда, дар беморхонаи касалиҳои сироятии воқеъ дар маҳаллаи Зарафшон бистарӣ гардид.

Муҳаммад Султон аз Фелалиев ҳамчун марди фурӯтану хоксору фозил, инсони некӯхоҳу неккирдор тавсиф карда, хостори дуо дар ҳаққи бемор шудааст.

Фелалиев Акрамшо Саидшоевич дар даъвати гузаштаи Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Хоруғ № 41 вакил интихоб шуда, мақоми муовини роҳбари Маҷлиси намояндагонро ба уҳда дошт.

Фелалиев 62 сол дошта, Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленинро  соли 1982 бо  ихтисоси биолог хатм кардааст.   

Аз соли 2005 вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон буда, тайи ду даъвати охир то моҳи марти соли равон дар вазифаи муовини раиси Маҷлиси намояндагон кор мекард.

2690
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (485)

Ҳайати Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт ба қарибӣ дубора ба Тоҷикистон меояд

28
Дар нишасти матбуотии Дафтари минтақавии аврупоии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ бораи сафари такрории ҳайати ин ташкилот ба Тоҷикистон гуфтанд

 

ДУШАНБЕ, 4  июн — Sputnik. Ҳайати Созмони ҷаҳонии беҳдошт  дар ояндаи наздик ба Тоҷикистон дубора меояд. Дар ин бора дар нишасти матбуотӣ аз ҷониби Дафтари минтақаи ТУТ дар Аврупо хабар дода шуд.

Доктор Олег Стороженко, корманди маркази ҳамоҳангсозӣ оид ба вокуниш ба пандемияи COVID-19 ва ҳамзамон узви ҳайати СҶБ, ки ба Тоҷикистон омада буд, дар посух ба суоли Sputnik Тоҷикистон гуфт, мубориза бо коронавирус як равиши хеле ҳамаҷонибаест, ки захираҳои муайянро лозим дорад ва ҳамзамон дар баробари табибон кор бо аҳолиро талаб мекунад.

"Дар ҳолати зарурӣ, ТУТ омода аст шарикони худро барои кӯмак, пешниҳоди таҷрибаи зарурӣ ва таҷҳизоти муҳофизати шахсӣ сафарбар намояд. Мо хуб медонем, ки ҳеҷ кишваре ва ҳеҷ як ташкилот наметавонад танҳо ба пандемия мубориза барад. Мо барои муттаҳидӣ дар ин ҷоем ва агар лозим бошад, дасти худро дароз кунем ", гуфт Стороженко.

Ҳамзамон  Луба Негру, сухангӯи Дафтари минтақавии СУТ дар Аврупо илова намуд, ки ҳайати ташкилот ба наздикӣ боз ба Тоҷикистон ташриф меорад.

“Хеле сахту ногувор буд”: набарди Абдуллоҳи Раҳнамо бо “вируси корона” поён ёфт

 Ёдовар мешавем, сафари охирини гурӯҳи махсуси ТУТ чанде пеш баргузор шуда буд, ки коршиносони он ду ҳафтаи аввали моҳи майро дар Тоҷикистон гузарониданд.

28
Юношеская сборная Таджикистана  (U-16)

Қуръакашии чемпионати футболи Осиё-2020: рақиби мунтахаби кишвар ки хоҳад буд?

44
(Таҷдидшуда 09:45 04.06.2020)
Қуръакашии чемпионати Осиё-2020, ки дар он дастаҳои ҷавонони (U-16) ва ҷавонони (U-19) Тоҷикистон рақибони худро хоҳанд шинохт, рӯзи 18 июн дар қароргоҳи Конфедератсияи футболи Осиё дар Куала-Лумпур баргузор мешавад

ДУШАНБЕ, 4  июн — Sputnik. Тибқи иттилои сомонаи ФФТ, қуръакашии чемпионати Осиё-2020 миёни наврасон соати 17:00 ба вақти Душанбе шуруъ мешавад ва қуръакашӣ барои чемпионати Осиё барои мунтахабҳои ҷавонон соати 19:30 баргузор мешавад.

Конфедератсияи футболи Осиё таркиби сабади  қуръакашӣ барои финали Чемпионати Осиё-2020-ро эълон кард.

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) бо тимҳои Баҳрайн, Ҷопон ва Кореяи Ҷанубӣ дар сабади аввал қарор гирифт.

ФФТ мегӯяд,  ин маънои онро дорад, ки мунтахаби мо бешубҳа бо ин дастаҳо дар марҳилаи гурӯҳии чемпионат бозӣ намекунад.

Тибқи тақвими АФК, чемпионати Осиё байни наврасони зери 16-сола аз 16 сентябр то 3 октябр дар Баҳрайн баргузор мешавад.

Манбаъ мегӯяд, дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) дар сабқати Чемпионати Осиё-2020 дар якҷоягӣ бо дастаҳои Япония, Австралия ва Индонезия, ки бо онҳо, бешубҳа, дар ин мусобиқот дар ҳамон гурӯҳ бозӣ намекунанд, дар сабади дуввум ҷойгир шуданд.

Зепп Блаттер, собиқ президенти ФИФА гуфт, бо фишори ИМА аз мақомаш рафт

Чемпионати Осиё байни ҷавонон 2020 бояд аз 14 то 31 октябр дар Ӯзбекистон баргузор шавад.

Бояд қайд кард, ки чаҳор дастаи беҳтарини чемпионатҳои наврасон ва ҷавонони Осиё- 2020 ба мусобиқоти  ҷаҳонии соли 2021 роҳхат мегиранд, ки мутаносибан дар Перу (U-17) ва Индонезия (U-20) баргузор мешаванд.

44