День 24 мая

Ҷашнҳои рӯзи 24 май дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

226
(Таҷдидшуда 19:38 23.05.2020)
Рӯзи бисту чоруми май аз Рӯзи байналмилалии мамнӯъгоҳҳо ҷашн гирифта мешавад. Ҳамзамон дар ин рӯз дар Русия Рӯзи кормандони шуъбаи кадрҳо таҷлил мешавад

Рӯзи 24 май дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1844  телеграфи Морзе (содатарин асбоби  фиристодани сигналҳо) аввалин барқияро аз Вашингтон ба Балтимор равон кард.

Соли 1925 нахустин шумораи рӯзномаи "Комсомолская правда" нашр шудааст, ки он дар замони собиқ Иттиҳоди Шуравӣ миллионҳо нусха чоп  мешуд ва яке аз рӯзномаҳои бонуфузтарини собиқ СССР буд.

Рӯзи 24 май дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 1032 нахустин маротиба донишманд ва мутафаккири барҷастаи тоҷик Абӯалӣ ибни Сино аз гардиши  Зуҳра дар атрофи Офтоб хабар дод.

Соли 1993 Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  нахустин  бор бо сафари расмӣ ба шаҳри Москваи Федератсияи Русия рафтанд.

 

Президент Таджикистана Эмомали Рахмон прилетел в Москву
© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook.
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон прилетел в Москву

 

Соли 2001 дар Минск вохӯрии 10-уми Шӯрои роҳбарони  сохторҳои амниятӣ ва хадамоти махсуси давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид. Дар ҷаласаи мазкур масъалаҳои  роҳандозӣ кардани чорабиниҳои муштараки фаврӣ- ҷустуҷӯӣ нисбат ба ҷамъиятҳои муташаккилонаи фаромиллии ҷиноятӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

День 23 мая
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария
Соли 2009 дар шаҳри Душанбе бо иштироки  Эмомалӣ Раҳмон маросими пешвозгирии расмии Президенти вақти Хорватия Степан Месача баргузор гардид.

 

Соли 2010 дар шаҳри Душанбе конфронси илмӣ-байналмилалӣ барои ҷавонони тарҷумони асарҳои бадеии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.

Соли 2011 дар Тоҷикистон аввалин маротиба дар Осиёи Марказӣ Маркази пайвандсозии узвҳо ва бофтаҳои бадани одам ба фаъолият шурӯъ кард.

Ҷашнҳои рӯзи 22 май дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 2014 миёни Тоҷикистон ва Беларус 10 ҳуҷҷати байнидавлатӣ имзо шуд.

Соли 2014 дар Беларус бо қарори Шӯрои илмӣ Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо унвони "Профессори фахрии Донишгоҳи Давлатии Беларус" сарфароз гардонда шуданд.

Ҷашнҳои рӯзи 24 май

  • Рӯзи байналмилалии мамнӯъгоҳҳо.
  • Дар Россия — Рӯзи кормандони шуъбаи кадрҳо.
  • Дар Эритрея – Рӯзи истиқлолияти давлатӣ
226
Барчаспҳо:
ҷашн, ҷаҳон, Тоҷикистон
Военный билет. Архивное фото

Боздошти ронандаи Комиссариати ҳарбӣ барои фурӯши билети ҳарбӣ

50
(Таҷдидшуда 12:09 02.06.2020)
Ожонси мубориза бо фасод дар Тоҷикистон аз боздошти Зубайдулло Ҳабибуллоев хабар медиҳад, ки дар фурӯши билети ҳарбӣ муттаҳам мешавад

ДУШАНБЕ, 2 июн – Sputnik. Бино ба иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, Зубайдулло Ҳабибуллоев ронандаи Комиссариати ҳарбии ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд дар фурӯши билети ҳарбӣ муттаҳам мешавад.

Солдат пограничник ГКНБ погранслужба
© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook.

Ба иттилои манбаъ, номбурда санаи 14 апрели соли 2020 бо роҳи фиреб ва суиистифодаи боварӣ аз шаҳрванд Матазимов А.С. барои ба номи писараш-Матазимов Р.А. омода карда додани билети ҳарбии номуносиб ба хизмати ҳарбӣ, маблағи 10000 сомонӣ талаб кардааст.

Манбаъ мегӯяд, Ҳабибуллоев ин маблағро дар ду маврид гирифта тасарруф намудааст.

Гуфта мешавад, дар ин асос нисбати Ҳабибуллоев З.С. бо моддаи 247 қисми 3 банди “а”  Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтиши пешакӣ он идома дорад.

Қаблан ҳолатҳои фурӯши билети ҳарбӣ аз сӯи кормандони комиссариятҳои ҳарбӣ ошкор шуда буд, аммо ин нахустин ҳолат аст, ки аз ҷониби ронандаи комсарият сурат мегирад. 

 

50
Барчаспҳо:
боздошт, Оҷонсии мубориза зидди коррупсия, билети ҳарбӣ, Комиссариати ҳарбӣ, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Тоҷикистон
Охотничье ружье, архивное фото

Тирпарронӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ва маҷрӯҳ шудани як нафар

283
Ҷабридида фавран ба бемористон мунтақил шуд ва феълан дар ҷойи ҳодиса мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз ҳар ду ҷониб тафтишот мебаранд

ДУШАНБЕ, 2 июн – Sputnik. Дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон шаби гузашта тирпарронӣ сурат гирифт. Ба гуфтаи мақомоти қирғиз, афроди номаълум аз сӯи Тоҷикистон ба ҷониби як шаҳрванди Қирғизистон оташ кушодаанд. Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон то ба ҳол қазияро шарҳ надодаанд.

Гуфта мешавад, тирпарронӣ соати 01:30 дақиқа дар деҳаи Эки - Таши вилояти Бодканд рух додааст. 

Афроди номаълум аз ҷониби Тоҷикистон ба сӯйи шаҳрванди 38 - солаи Қирғизистон оташ кушоданд ва ӯро маҷрӯҳ намуданд.

Тирпаронӣ дар марз: КДАМ гуфт, марди қирғиз ҷавонзани тоҷикро паронд

Хадамоти марзбонии Қирғизистон мегӯяд, ронандае,ки самти Ош - Исфана ҳаракат дошт аз тири милтиқи шикорӣ ҷароҳати сабук бардошт ва дар беморхонаи Самарқандак бистарӣ карда шуд.

Дар ҳамин ҳол, шаби гузашта мулоқоти намояндагони пулиси ду кишвар баргузор шуд ва феълан низ гуфтушуниди ҳар ду ҷониб идома дорад. 

Манбаъ меафзояд, айни замон вазъият дар марз мӯътадил аст.

Қаблан, маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон хабар дод, ки соати 11:55-и  27 майи соли 2020 бархилофи созишномаҳои қаблан баимзорасида, шаҳрванди Қирғизистон Бахтибеков Соат, сокини деҳаи Куктоши ҷамоати деҳоти Оқсой ба сӯйи ҷавонзани 25-сола, шаҳрванди Тоҷикистон тир холӣ кард.

Манбаъ аз шаҳрванди тирхӯрдаи Тоҷикистон, Шаропова Шукрона Зуҳурбоевна (Муътабархонуми Зухриддин), соли таваллудаш 1995, истиқоматкунандаи маҳаллаи Қақири Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ ва коргари бригадаи №14-уми тухмипарварии ҳамин маҳалла ном бурд. Шаропова аз қисмати рости баданаш захмӣ шуда буд.

283
Барчаспҳо:
тирпарронӣ, марз, Қирғизистон, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
То кай?: танишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон