Принц Карим Ага-хан IV, архивное фото

Исмоилиёни Тоҷикистон 25-умин солгарди Рӯзи дидорро ҷашн мегиранд - навори таърихӣ

1490
(Таҷдидшуда 11:31 24.05.2020)
Шоҳзода Карим ал-Ҳусайнӣ, ки дар замони шуравӣ бо пайравонаш аз Осиёи Марказӣ робитаи маҳдуд доштааст, нахустин бор аз Тоҷикистон соли 1995 дидан кард ва аз он сол инҷониб исмоъилиёни Тоҷикистон 24-уми майро ҳамчун Рӯзи Нур ё Дидор ҷашн мегиранд

ДУШАНБЕ, 24 май — Sputnik.Пайравони мазҳаби исмоъилия дар Тоҷикистон, ки шуморашон бештар аз 200 ҳазор кас арзёбӣ мегардад, имрӯз 25-умин солгарди нахустин дидор бо шоҳзода Карим Оқохонро ҷашн мегиранд.

Шоҳзода Карим ал-Ҳусайнӣ, ки дар замони шуравӣ бо пайравонаш аз Осиёи Марказӣ робитаи маҳдуд доштааст, нахустин бор аз Тоҷикистон соли 1995 дидан кард ва аз он сол инҷониб исмоъилиёни Тоҷикистон 24-уми майро ҳамчун Рӯзи Нур ё Дидор ҷашн мегиранд.

Аввалин дидори имом дар чор минтақаи Бадахшон - Рӯшон, Шуғнон, Ишкошим ва Мурғоб сурат гирифт. Пайравони зиёди Оқохони 4 ӯро ботантана пешвоз гирифтанд ва қариб тамоми мардуми минтақа дар мулоқоташ иштирок доштанд.

Дар ҷашни дидор маъмулан дар сатҳи маҳаллу хонаводаҳо барномаҳои гуногуни фарҳангӣ-маърифатӣ сурат мегиранд.

Навори дидори таърихии Оқохон бо муридонаш дар Тоҷикистон - Видео

Ҳамакнун дар саросари ҷаҳон камубеш 20 милюн кас аз мазҳаби исмоъилия пайравӣ мекунанд. Онҳо дар Ҳиндустон, Покистон, Афғонистон, Танзания, Кения, кишварҳои халиҷи Форс, Эрон, Лубнон, Сурия, Алҷазоир, ҳамчунин ИМА, Конодо, Бритониё ва Фаронса зиндагонӣ мекунанд.

Яке аз бузургтарин ҷамоъатҳои исмоъилии ҷаҳон (камубеш 150 ҳазор нафар) дар вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба сар мебарад.

Шоҳзода Карим Оқохон 13 декабри соли 1936 дар шаҳри Женеваи Швейсария дар хонаводаи шоҳзода Алӣ Салмонхон ва бону Тоҷуддавла Алихон ба дунё омадааст. Вай дастпарвари донишкадаи исломшиносии Донишгоҳи Ҳарвард буда, бунёдгузор ва сарвари Шабакаи тавсеъаи Оқохон (AKDN) аст. Ӯ пас аз падарбузургаш Султон Муҳаммадшоҳ дар рӯзи 11 июли соли 1957, дар 20-солагӣ пешвои руҳонии исмоъилиёни ҷаҳон шудааст.

1490
Барчаспҳо:
Рӯзи дидор ё нур, солгард, Маркази исмоилиён, Тоҷикистон
День 8 июля

Ҷашнҳои рӯзи 8 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

34
(Таҷдидшуда 21:55 07.07.2020)
Рӯзи ҳаштуми июл дар Тоҷикистон аз Рӯзи маъюбон ва пиронсолон ҷашн гирифта мешавад. Дар Русия бошад Рӯзи оила, боварӣ ва муҳаббат қайд гирифта мешавад

Рӯзи 8 июл дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1884 дар Лондон Ҷамъияти миллӣ оид ба пешгирии бераҳмӣ нисбат ба кӯдакон таъсис дода шуд.

Соли 1918 дар шаҳри Киеви Украина Сенати давлатии Украина ташкил карда шуд.

День 7 июля
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария
Соли 1948 бомбаандози реактивии "Ил-28" аввалин парвози худро анҷом дод.

Соли 1944 дар Иттиҳоди Шӯравӣ унвони фахрии "Қаҳрамонмодар» таъсис дода шуд.

Соли 1796 Департаменти давлатии ИМА аввалин маротиба ба шаҳрвандони ин кишвар шиноснома дод.

Ҷашнҳои рӯзи 5 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 1889 аввалин шумораи рӯзномаи "The Wall Street Journal", ки яке аз бонуфузтарин рӯзномаҳои ИМА мебошад, нашр шуд. Соли 2010 адади нашри он ба зиёда аз 2 миллиону 100 ҳазор нусха расид.

Рӯзи 8 июл дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Cоли 1932 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ноҳияи Данғара таъсис дода шуд.

Cоли 2004 дар шаҳри Душанбе раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Котиби вақти иҷроияи ИДМ Владимир Рушайло маҷмӯи васеи масъалаҳои дорои хусусияти  минтақавию байналмилалӣ, ҳамкории иқтисодии миёни мамлакатҳои узви ИДМ ва дигар мавзӯъҳои муҳими вобаста ба робитаҳои бисёрҷонибаи Тоҷикистонро баррасӣ карданд.

День 6 июль
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария
Cоли 2010  дар деҳаи Искодари ноҳияи Айнии вилояти Суғд хишти аввали зеристгоҳи хатти баландшиддати барқи Хуҷанд-Айнӣ гузошта шуд, ки арзиши лоиҳавии он зиёда аз 130 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Соли 2014 Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ва Роҳбари вақти Департаменти федералии молияи Швейтсария  Эвелин Видмер-Шлюмпф масоили ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Швейтсарияро баррасӣ намуданд.

Соли 2015 масъалаҳои вобаста ба рушди ҳамкории Тоҷикистону Русия дар самтҳои сиёсат, иқтисод, илму маориф ва фарҳанг баррасӣ шуданд.

Ҷашнҳои рӯзи 8 июл

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – Рӯзи маъюбон ва пиронсолон.

Дар Замбия — Рӯзи Ваҳдат.

Дар Русия — Рӯзи  оила, боварӣ ва муҳаббат.

Рӯзи 8 июл дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Соли 1903 – ҳунарманди халқии Тоҷикистон Николай Каюков.

Соли 1948 – рассом Раҳматулло Абдураҳмонов.

Соли 1950 – ходими давлатӣ Бобохон Маҳмадов.

Соли 1959 – ҳофиз, ҳунарманди хизматнишондодаи Тоҷикистон Усмоналӣ Раҳматов.

Соли 1964 – раққоса, ҳунарманди хизматнишондодаи Тоҷикистон Заррина Ёдгорова.

34
Барчаспҳо:
ҷашн, ҷаҳон, Тоҷикистон
Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон, ҳангоми хонасозӣ барои зарардидагон дар ноҳияи Хуросон

Дар Чорбоғи Хуросон барои осебдидагон чӣ корҳо анҷом дода шудаанд - акс

111
(Таҷдидшуда 20:40 07.07.2020)
Мақомоти вилояти Хатлон дар бораи ҷараёни сохтмони манзил барои осебдидагон аз офати табиӣ дар ноҳияи Хуросон гузориш дода, аксҳоро нашр намуданд

ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik. Котиботи ҳукумати Хатлон зикр кард, ки дар натиҷаи селбориши рӯзҳои 14-16 майи соли ҷорӣ дар ҷамоати деҳоти ба номи Садриддин Айнии ноҳияи Хуросон 67 манзили зист пурра ва қисман хароб шуда буд.

Манбаъ зикр кард, ки барои ҳамаи оилаҳои зарардида аз маҳалли бехавф 8-садякӣ қитъаи замин барои сохтмони манзилҳои нав ихтисос дода шуд. Ба ҳамаи хонаводаҳо дар баробари маводи фаровони ғизоӣ, инчунин масолеҳи сохтмонӣ кумак расонида шуд.

Котиботи ҳукумати Хатлон гузориш додааст, ки то имрӯз дар маҳаллаи Чорбоғ чӣ корҳо ба анҷом расиданд.

Таъкид шудааст, ки аз 67 хонаи бунёдшаванда дар 66 хона бардоштани девор ба охир расид. Дар 60 хона бардоштани бом ва болопӯш оғоз карда шуда, аз ин дар 18 хона бардоштани бом ва болопӯш ба ба итмом расид.

Дар 10 хона корҳои андовакунӣ оғоз шуда, аз ин дар 6 хона корҳои андовакунӣ ба охир расид. Дар 16 хона корҳои фаршу шифтсозӣ идома дошта, дар 2 хона ин корҳо ба анҷом расид.

Манбаъ афзуд, ки таъмини ҳамаи 67 хона бо дару тиреза аз ҷониби мақомоти давлатӣ пешбинӣ гардида, то имрӯз 24 хона бо дару тиреза таъмин ва ҳамаи он насб карда шудааст.

111
Барчаспҳо:
хона, Тоҷикистон

Мутахассисони Русия ба Қирғизистон барои мубориза бо коронавирус омаданд

0
(Таҷдидшуда 02:19 08.07.2020)
Нахуствазири Қирғизистон аз вуруди коршиносони Русия ба Бишкек, барои ироаи кумак дар заминаи мубориза бо густариши коронавирус хабар дод

ДУШАНБЕ, 8 июл — Sputnik.  Кубатбек Боронов, нахуствазири Қирғизистон аз вуруди коршиносони Русия барои ироаи кумак дар заминаи мубориза бо коронавирус хабар дод, иттилоъ додааст радиои Садои Хуросон.

Вай гуфт, коршиносони Русия ба раёсати Вячеслав Смоленский, муовини раиси ниҳоди нозири мавсум ба "Роспотребнадзор" барои кумак ба ҳамтоёни қирғиз вориди Бишкек шуданд.

Боронов афзуд, коршиносони рус ба ҳамтоёни қирғиз таҷҳизоти ташхиси коронавирус таҳвил ва иттилооте дар бораи равишҳои навини дармони бемории коронавирусро ироа медиҳанд.

Ёдрас мешавем, ки шаби шашум ба ҳафтуми июли соли равон дар Қирғизистон боз 7 маризи дигар аз коронавирус ҷон бохтанд, хабар медиҳад Sputnik Қирғизистон бо такя ба маълумоти Вазорати тандурустӣ.

Ба иттилои манбаъ, синну соли қурбониён аз 61 то 85 - сола буда, миёни онҳо ду корманди тиб, яке пизишки кӯдакон ва дигаре фелдшер қарор доштанд.

Бо илова шудани 7 ҳолати нав, теъдоди қурбониёни вируси COVID- 19 дар Қирғизистон ба 99 нафар баробар шуд.

Вазъият дар робита ба маризии коронавирус, аллахусус афзоиши ҳолатҳои фавт дар ин кишвар моҳи июл ваҳимтар гардид. Рӯзҳои 3 ва 5 - уми июл дар Қирғизистон давоми як шабонарӯз 10 нафар аз маризони коронавирус ба ҳалокат расиданд, ки ҳамчун фавти рекордӣ аз замони авҷ гирифтани ин беморӣ арзёбӣ мешавад.

0
Барчаспҳо:
Бишкек, вирус, коршиносон, Русия, Қирғизистон