Женщина в защитной маске на улице города Душанбе

Карантини 194 шаҳрванди Тоҷикистон, ки аз Туркия баргаштанд

283
(Таҷдидшуда 15:10 24.05.2020)
Дар Тоҷикистон марҳила ба марҳила бо роҳҳои ҳавоӣ ва заминӣ ба Ватан баргардонидани шаҳрвандоне, ки ба иллати ҳамагирии COVID-19 дар хориҷа дармондаанд, амалӣ гардад.

ДУШАНБЕ, 24 мая — Sputnik. Наздики 200 шаҳрванди Тоҷикистон, ки аз Туркия ба Тоҷикистон баргаштанд ба карантин фаро гирифта шуданд, хабар медиҳад Вазорати тандурустии Тоҷикистон.

Вазорат макони карантин шудани онҳоро дақиқ нагуфтааст.

 194 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба сабаби қатъ шудани парвозҳои байналмилалӣ бар асари  ҳамагирии СOVID-2019 дар Туркия дармонда буданд, ба Душанбе  баргардонида шуданд. 

"Айни замон  ин нафарон  ба карантин фаро гирифта шудаанд", - менависад манбаъ.

Дар  Тоҷикистон  нақшаи тадриҷан ва марҳила ба марҳила бо роҳҳои ҳавоӣ ва заминӣ ба Ватан баргардонидани шаҳрвандоне, ки ба иллати ҳамагирии COVID-19 дар хориҷа дармондаанд, амалӣ мегардад.

"Ҳамзамон бояд таъкид кард, ки раванди бозгардонидани шаҳрвандон аз хориҷа ба Ватан ба фароҳам оварда шудани шароити зарурӣ, аз ҷумла омода будани ҷойҳои кофӣ барои карантин ё муроқибати тиббии онҳо дар Тоҷикистон вобаста хоҳад буд", - афзудааст вазорат.

Тоҷикистон 194 шаҳрванди дармонда дар Туркияро ба ватан овард

Ситоди ҷумҳуриявӣ шаҳрвандони гиромиро бовар мекунонад, ки сарфи назар аз мушкилоти зиёди бесобиқа, тамоми чораҳои зарурӣ  барои солиму эмин нигоҳ доштани шаҳрвандон дар дохил ва хориҷ ва ҳарчи зудтар раҳоӣ ёфтан аз ин бемории ҳамагир андешида хоҳанд шуд.

283
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (612)
Инструменты ювелира

Мақомоти Тоҷикистон гуфт, корхонаи “Тоҷик кристалл” чӣ қадар маҳсулот истеҳсол кард

7
(Таҷдидшуда 02:41 08.07.2020)
Ҳиркати “Тоҷик кристалл” яке аз аввалин корхонаҳои заргарии Тоҷикистон мебошад, ки баъд аз ба даст овардани истиқлол ташкил шудааст

ДУШАНБЕ, 8 июл — Sputnik.  Корхонаи “Тоҷик кристалл”  аз оғози фаъолият вобаста ба талаботи бозори дохила ва бо фармоишҳои мизоҷон истеҳсоли маснуоти заргариро вусъат дода то имрӯз зиёда аз 105,00 кг маснуоти заргарӣ аз металлҳои тилло ва нуқра истеҳсол намудааст, иттилоъ додааст дафтари матбуоти вазорати саноати кишвар.

Бино бар иттилои манбаъ, корхонаи мазкур аз соли 2002 то имрӯз ба истеҳсоли маснуоти заргарии миллӣ аз металлҳои тилло ва нуқра машғул буда, ҳамзамон ба фуруши асбобҳои заргарӣ ва сангҳои ороишӣ машғул шудааст.

Ин корхона аз моҳи январ то апрели соли равон ба маблағи 350 ҳазору 662 сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудааст, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 45044 сомонӣ зиёд мебошад.

Қайд карда шудааст, ки маснуоти заргарии истеҳсолкардаи ин корхона дар чандин намоишгоҳҳои дохили ҷумҳуриявӣ ва хориҷӣ ба намоиш гузошта сазовори мукофотҳо ва эътирофи тамошобинон ва мизоҷон гардидааст.

Ҳамзамон манбаъ қайд кардааст, ки корхонаи “Тоҷик кристалл”  бо дигар соҳибкорон ва корхонаҳои заргарӣ робитаҳои ҳамкорӣ дошта, аксарияти онҳоро бо асбобу лавозимотҳои  зарурӣ таъмин менамояд.

7
Барчаспҳо:
заргарӣ, истеҳсол, маҳсулот, корхона, Тоҷикистон
День 8 июля

Ҷашнҳои рӯзи 8 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

45
(Таҷдидшуда 21:55 07.07.2020)
Рӯзи ҳаштуми июл дар Тоҷикистон аз Рӯзи маъюбон ва пиронсолон ҷашн гирифта мешавад. Дар Русия бошад Рӯзи оила, боварӣ ва муҳаббат қайд гирифта мешавад

Рӯзи 8 июл дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1884 дар Лондон Ҷамъияти миллӣ оид ба пешгирии бераҳмӣ нисбат ба кӯдакон таъсис дода шуд.

Соли 1918 дар шаҳри Киеви Украина Сенати давлатии Украина ташкил карда шуд.

День 7 июля
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария
Соли 1948 бомбаандози реактивии "Ил-28" аввалин парвози худро анҷом дод.

Соли 1944 дар Иттиҳоди Шӯравӣ унвони фахрии "Қаҳрамонмодар» таъсис дода шуд.

Соли 1796 Департаменти давлатии ИМА аввалин маротиба ба шаҳрвандони ин кишвар шиноснома дод.

Ҷашнҳои рӯзи 5 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 1889 аввалин шумораи рӯзномаи "The Wall Street Journal", ки яке аз бонуфузтарин рӯзномаҳои ИМА мебошад, нашр шуд. Соли 2010 адади нашри он ба зиёда аз 2 миллиону 100 ҳазор нусха расид.

Рӯзи 8 июл дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Cоли 1932 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ноҳияи Данғара таъсис дода шуд.

Cоли 2004 дар шаҳри Душанбе раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Котиби вақти иҷроияи ИДМ Владимир Рушайло маҷмӯи васеи масъалаҳои дорои хусусияти  минтақавию байналмилалӣ, ҳамкории иқтисодии миёни мамлакатҳои узви ИДМ ва дигар мавзӯъҳои муҳими вобаста ба робитаҳои бисёрҷонибаи Тоҷикистонро баррасӣ карданд.

День 6 июль
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария
Cоли 2010  дар деҳаи Искодари ноҳияи Айнии вилояти Суғд хишти аввали зеристгоҳи хатти баландшиддати барқи Хуҷанд-Айнӣ гузошта шуд, ки арзиши лоиҳавии он зиёда аз 130 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Соли 2014 Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ва Роҳбари вақти Департаменти федералии молияи Швейтсария  Эвелин Видмер-Шлюмпф масоили ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Швейтсарияро баррасӣ намуданд.

Соли 2015 масъалаҳои вобаста ба рушди ҳамкории Тоҷикистону Русия дар самтҳои сиёсат, иқтисод, илму маориф ва фарҳанг баррасӣ шуданд.

Ҷашнҳои рӯзи 8 июл

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – Рӯзи маъюбон ва пиронсолон.

Дар Замбия — Рӯзи Ваҳдат.

Дар Русия — Рӯзи  оила, боварӣ ва муҳаббат.

Рӯзи 8 июл дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Соли 1903 – ҳунарманди халқии Тоҷикистон Николай Каюков.

Соли 1948 – рассом Раҳматулло Абдураҳмонов.

Соли 1950 – ходими давлатӣ Бобохон Маҳмадов.

Соли 1959 – ҳофиз, ҳунарманди хизматнишондодаи Тоҷикистон Усмоналӣ Раҳматов.

Соли 1964 – раққоса, ҳунарманди хизматнишондодаи Тоҷикистон Заррина Ёдгорова.

45
Барчаспҳо:
ҷашн, ҷаҳон, Тоҷикистон